Солдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабаде, архивное фото

Ҳадафмандона: Азиз Юлдош, писари Тоҳир Юлдош кушта шуд

1448
(Таҷдидшуда 16:47 12.11.2020)
 Вазорати дифоъи Афғонистон аз кушта шудани Азиз Юлдош, писари Тоҳир Юлдош, асосгузори Ҳаракати исломии Ӯзбекистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 – и "Шоҳин", нерӯҳои хоси вазорати дифоъи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Азиз Юлдош шаби гузашта дар як амалиёти ҳадафмандона дар соҳаи Кӯтали Бабри деҳаи Ҳоҷӣ Саидгули вулусволии Ғурмочи вилояти Форёб аз сӯи қитъаоти хоси неруҳои амниятӣ кушта шуд.

“Бино ба иттилое, ки аз манобеъи кашфӣ дастрасамон шуд, Ҳикмат ном, ки писари Азиз Юлдош будааст, низ захмӣ шуда, аз маҳалли амалиёт фирор кардааст”, - гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилое, ки қаблан расонаҳо пахш карда буданд, Азиз ё Азизулло ва Ҳикмат ҳарду писари Тоҳир Юлдош, асосгузори Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) мебошанд.

Падарашон соли 2009 дар Вазиристони Шимолии Покистон аз сӯи паҳподҳои бесарнишини амрикоӣ ба ҳалокат расида буд.

Азиз ва Ҳикмат бо иттифоқи Умар Намангонӣ, писари Ҷумъа Намангонӣ, асосгузори дигари ҲИӮ, пас аз оғоз шудани қиссаи гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон, дар шимоли ин кишвар аз худ дарак доданд.

Соли 2015, пас аз он ки ҲИӮ бо ДОИШ байъат кард, хабаре расонаӣ шуд, ки писарони асосгузорони ин созмон дар вулусволии Сайёди вилояти Сарипул марказ гирифта, барои ДОИШ дар ин вилоят ва ҳам вилоятҳои Самангону Форёб аз миёни ӯзбекҳои муқими Афғонистон сарбозгирӣ мекунанд. Ҳукумати Афғонистон алайҳи онҳо амалиёти густарда ба роҳ андохт ва аз соли 2018 онҳо бедарак шуданд.

Мунир Раҳимӣ, сухангӯи пулиси вилояти Самангон, моҳи ноябри соли 2019 ба Спутник Тоҷикистон гуфта буд, ки Азиз Юлдош ҳоло дар вилояти Кундуз паноҳ бурдааст ва сарнавишти Умар Намангонӣ маълум нест.

Сухангӯи корпуси 209 – и "Шоҳин" мегӯяд, пас аз хатми қиссаи ДОИШ ва комилан саркӯб шудани ин гурӯҳи террористӣ дар шимол Азиз Юлдош бо Толибон байъат карда, таҳти фармондеҳии онҳо алайҳи мардум ва ҳукумати Афғонистон меҷангид.

“Азиз Юлдош дар ноамнӣ, фаъолиятҳои террористӣ ва куштори ҳамватанони мо дар вилоятҳои шимолӣ, бахусус дар Форёб нақши барҷаста дошт. Аз ин хотир, барои тасбити дақиқи ҷойи ӯ кори зиёд сурат гирифт ва ниҳояш ба сазои аъмолаш расонида шуд”, - гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.

Тибқи иттилои вазорати дифоъи Афғонистон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 гуруҳи террористӣ, аз қабили ДОИШ, Толибон, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, "Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Созмони ҷиҳоди исломӣ”, Таҳрики исломии Туркистони Шарқӣ ва ғайра дар шимоли Афғонистон ҳузур ёфтаанд, ки аксари онҳо атбои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Чин ва Покистон ҳастанд.

1448
Согдийская клиническая больница

Коронавирус кам шуд: калонтарин бемористони Суғд баъди 7 моҳ ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

914
(Таҷдидшуда 16:22 03.12.2020)
Баъд аз ҳафт моҳи давраи қарантин ва инак кам шудани ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории каронавирус ё “вируси тоҷдор” Бемористони клиникавии Суғд ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад

ДУШАНЕБ, 3 дек – Sputnik. Баҳодур Мӯъминов, сартабиби Бемористони клиникавии Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавридҳои сироятёбӣ ба COVID-19, кам шудааст ва хушбахтона зарурати бозгашт ба реҷаи маъмулӣ ба вуҷуд омадааст.

Бино ба гуфти сартабиб қарор аст, сар аз ҳафтаи оянд, 7 декабр қисмате аз бахшҳои ин бемористон ба реҷаи маъмулӣ баргардонида шавад.

“Дар марҳилаи аввал, мо қисмати Б ро, ки асосан аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ иборат аст ба реҷаи муқаррарӣ мегузаронем. Ҳоло барои ин корҳои безараргардонӣ гузаронида шудааст. Аз ҳар як шахси масъули он, ташхис гирифта шудааст”, изҳор намуд сартабиб.

Бино ба гуфти Мӯъминов, барои баромадан аз реҷаи қарантинии қисме аз шуъбаҳои Бемористони клиникавии Суғд, вазири тандурустӣ ва раиси вилояти Суғд рухсат додаанд.

Бемористони клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов дар умум аз 26 шуъба ва 680 койка иборат буда, аз калонтарин бемористонҳо дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз замони сабти нахустин мавриди бемории “вируси карона” ин бемористон ба қарантин (красная зонна) гирифта шуд ва сироятшудагони COVID-19 ба ҳисоби Бемористони сироятии Суғд, асосан барои табобат ба ин ҷо интиқол дода мешуданд.

Баҳодур Мӯъминов дар шарҳи омори гирифторони бемории каронавирус худдорӣ варзиду танҳо ҳамин қадар гуфт, ки “кам шуд”.

Афзоиши фавт дар Суғд: аз ҳама бештар дар Хуҷанд

Омори расмии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ ҳокӣ аз он аст, ки шумори гирифторони COVID-19 дар кишвар кам шудааст.

Бегоҳии дирӯз 2 декабр, ин вазорат аз 38 ҳолати нави дарёфти сироятшавӣ ба COVID-19 хабар дод, ки дар умум шумори сабти беморон ба 12 ҳазору 269 нафар рақам зада мешавад.

Киҳо такроран мубталои коронавирус мешаванд? ҷавоби пизишк

Аз ин теъдод то имрӯз 11 ҳазору 677 нафар ё 95, 2% шифо ёфтаанд. Ба иттилоъи вазорати тандурустӣ то имрӯз бар асари хуруҷи ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

914
Барчаспҳо:
омор, табобат, Беморхонаи марказии вилоят, вируси корона, Тоҷикистон, Суғд
Вор, архивное фото

Роҳзании маргбор дар хонаи Камолов: ҳамлагарон дар оила хабаркаш доштаанд-видео

466
(Таҷдидшуда 13:58 03.12.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як роҳзании маргбор дар ноҳияи Ҷайҳун хабар додааст, ки дар натиҷа ниқобпӯшон аз Душанбе модари ҷавонро кушта, аз хона беш аз 33 ҳазор доллар гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, ду нафар ниқобпӯш шабона дар ҳоле, ки Камолова Шарофат, соли таваллудаш 1980 ва писари ноболиғаш  дар ҷамоати Қумсангир дар хонаашон танҳо будаанд, ҳамла кардаанд.

Ниқобпӯшон дар пайи латукӯби модару фарзанди ноболиғаш аз дохили ҳуҷраи хоб 33 ҳазору 400 долларро гирифта, соҳибхоназанро бо роҳи буғӣ кардан куштаанд.

Манбаъ таъкид кард, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Мустафоев Умед, соли таваллудаш 1985 ва Бекматов Беҳрӯз соли таваллудаш 1989, сокинони шаҳри Душанбе боздошт гардидаанд.

Маълум шудааст, ки ҳамлагарон дар хонаводаи ҷабрдида хабаркаши худро доштаанд, ки ба онҳо дар бораи пулдории амакаш хабар додааст.

Ба иттилои ВУД, ин нафар Ҳадятуллоҳи Маҳмадназар Камолзода, соли таваллудаш 1991 мебошад, ки ба ҳамлагарон хабар додааст, ки амакаш Маҳмадраҳим Камолов дар хонааш қарор дорад. Манбаъ таъкид кардаст, ки муттаҳамон ҳамларо қаблан тарҳрезӣ карда будаанд, барои огоҳӣ аз нақшаи хона Ҳадятуллоҳи Маҳмадназар онҳоро ба Ҷайҳун низ бурдааст.

“Камолов Маҳмадраҳим ба хонаи мо омаданд. Бегоҳ пурсидамаш, ки дар хона кист? Гуфт бобоят, Камолова ва писараш. Ба Умед хабар додам, ӯ гуфт, мо ҳамроҳи Беҳрӯз меравем”, - изҳор дошт Ҳадятуллоҳ дар гузориши ВУД.

Зикр шудааст, ки дар пайи ҳамла ниқобпӯшон барои худ мошинҳои гаронарзиш харидаанд, ки якҷо бо пули нақд ҳамчун далели шайъӣ мусодира шудааст.

Манбаъ афзуд, ки феълан алайҳи муттаҳамон барои роҳзанӣ ва куштор парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.

Назари бевоситаи ҷониби муттаҳам ва ҳимоятгарашон дар бораи ин қазия маълум нест.

466
Барчаспҳо:
ВУД ҶТ, гузориш, Тоҷикистон
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Шӯрои уламо фатвои мурдаҳои бе намози ҷаноза гӯронидаро дод

2054
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қабр гузоштани майит бидуни хондани намози ҷаноза мусалмонон чи кор карда метавонанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Шӯрои уламои Маркази  исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбараш гуфтааст, ки дар ҳолати гӯронидани мурдае бидуни хондани намози ҷаноза чи кор метавон кард.

Усмон ном корбаре аз уламои Маркази исломии Тоҷикистон пурсидааст: агар нафаре аз касалии гузаранду фавтад, бе хондани намози ҷаноза гӯрониданаш ҷоиз аст.

"Шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ӯро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?", - навиштааст вай.

Дар посух Шуро роҳи адои ин намозро дар ҳолати зикргардида нишон додаанд.

Ба гуфтаи улумои дин, он намозро метавон пас аз гӯронидан дар сари қабр адо кард.

"Намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ў хонда мешавад", - омадааст дар посухи онҳо.

Пештар сокинони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доштанд, нафарони дар пайи сироят аз коронавирус фавтидаро бе хондани намози ҷаноза ба қабр мегузоранд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст.

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

"Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст", - омадааст дар дастурамали кумита.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

 

2054