Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода

Идомаи баррасии парвандаи пурсарусадои собиқ шаҳрдори Кӯлоб: додситонӣ 14-сол талаб кард

418
(Таҷдидшуда 11:59 14.11.2020)
Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ раҳбари шаҳри Кӯлоб, Баҳром Иноятзода идома дорад

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Прокуратураи давлатии минтақаи Кӯлоб талаб дорад, ки ба раиси собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзода 14 соли зиндон дода шавад, хабар медиҳад “Авеста”.

Ба иттилои манбаъ, ҷаласаи додгоҳӣ оид ба парвандаи ҷиноятии зидди Баҳром Иноятзода як рӯз пеш, 12 ноябр баргузор шуд.

Собиқ роҳбари Кӯлоб ба сӯиистифода аз мансаб, фасод, тасарруфи амволи давлатӣ, қаллобӣ, тақсими ғайриқонунии замин, қонунигардонии даромади ҷиноӣ айбдор мешавад.

Инчунин, додситонӣ дархост кардааст, ки ба ронандаи собиқи Иноятзода Хурсандалӣ Хуррамов 12 сол ва ба ёрдамчии мири собиқ Фирӯз Қурбонов, ки ҳамчун шарик дар парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд, 5 сол дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки собиқ раиси Кӯлоб Баҳром Иноятзода моҳи июни соли равон боздошт шуда буд.

Ӯ пас аз изҳороти эътирофиии ронанда ва муовинаш ба ҳабс гирифта шуд.

Додситони кулл: раиси пешини шаҳри Кӯлоб барои ҷиноятҳои марбут ба замин боздошт шуд

Онҳо ба мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки бо супориши шахси мансабдор ҷиноят содир кардаанд.

418
Барчаспҳо:
додситонӣ, додгоҳ, парванда, шаҳрдор, Кӯлоб, Тоҷикистон
Кандидат в президенты США Джо Байден

Пойи Байден аз ду ҷо шикаст: бо ӯ чӣ шуд?

38
(Таҷдидшуда 11:57 30.11.2020)
Ҷо Байден номзад ба президентии Амрико аснои бозӣ кардан бо саг, лағжида афтидаст, ки дар натиҷа пояш аз ду ҷо шикаст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҷо Байден бо сагаш бозӣ карда лағжидаст, ки дар натиҷа пойи ӯ аз ду ҷо шикаст хӯрдаст, хабар медиҳад РИА новости бо такя ба расонаҳои амрикоӣ.

"Ташхиси компютерӣ нишон додааст, ки пойи Ҷо Байден дар ду ҷой шикасти сабук хӯрдаст, - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳоло барои барқарор шудани устухони пояш, Байден бояд муддати чанд вақт пойафзоли махсус пӯшад.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур ҳанӯз рӯзи шанбе иттифоқ афтод. Он замон, пизишк пас аз муоинаи пойи Байден ягон зарбаи ҷиддӣ, аз ҷумла шикастро пайдо накард.

Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд

Вале баъдан ҳангоми гузаштан аз ташхиси комилтар, муайян шуд, ки пойи Ҷо Байден аз ду ҷо шикаст хӯрдааст.

Ёдовар мешавем, маъракаи интихоботӣ дар Амрико ҳарчанд 3 ноябр баргузор шуд, вале то ҳол натиҷаи ниҳоии интихобот эълон нашудааст. Ба ҳар сурат, расонаҳои амрикоӣ аз пирӯз шудани Ҷо Байден хабар медиҳанд.

38

Даҳшат: сокини Ёвон модари се фарзандашро корд зада кушт

230
(Таҷдидшуда 11:17 30.11.2020)
Прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбати падари хонавода, ки ҳамсари 32 - солаи худро ба қатл расонд, парвандаи ҷиноятӣ боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия дар ноҳияи Ёвон сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамсари ҷавонаш даст доштааст.

Котиботи ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодисаи даҳшатбор рӯзи 27 ноябр дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон рух додааст.

Куштор дар заминаи рашки беасос ва муноқишаи оилавӣ сар задааст.

"Қарақулов Урозбек дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсари 32 - солаи худ Бобоҷонова Бибихоларо ба қатл расондааст", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

Гуфта мешавад, Бибихола модари се фарзанд буда, ҳамсараш бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат мерасад.

Зимнан, кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон дар кутоҳтарин муддат гумонбари асосии ҷинояти мазкурро муайян ва боздошт намуданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати Қарақулов Урозбек дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон парвандаи чиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

230
Барчаспҳо:
куштор, Ёвон