Насилие над женщинами, архивное фото

Парвандаи сокини 23 - солаи Гулистон барои кӯфтани ҳамсари 25 - солааш

485
(Таҷдидшуда 14:53 16.11.2020)
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини шаҳри Гулистон хабар медиҳанд, ки дар латукӯби ҳамсари худ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, ҷавони 23 - сола ҳамсари 25 - солаи худро кӯфта ба саломатии ӯ зарри ҷиддӣ расонд.

Манбаъ меафзояд, номбурда рӯзи 6 ноябр, тахминан соати 11:30 дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари ҷавонаш зани 25 - сола, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.

Қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи духтаре, ки ду ҷавонро барои бадгӯӣ дар Намангон латукӯб кард

Сипас ҷавон ҳамсари худро аз зери каш бардошта ба рӯи замин задааст, ки дар натиҷа охирон бо қисмати гардан ба замин афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.

Феълан нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

485
Барчаспҳо:
Гулистон, ҳамсар, латукӯб, парванда
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

185
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Шарм-аш-Шайх масъалаи марказии мулоқоти намояндагони ду кишвар буд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Қоҳираи Миср сафири Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо вазири туризм ва осори бостонии ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ баррасӣ шуданд.

"Бо дарназардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорат ҳамзамон мегӯяд, зимни мулоқот зикр гардид, ки хатсайри ҳавоии Душанбе - Шармушшайх ва давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар Миср барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва осорхонадории Тоҷикистон бояд аз нав ба роҳ монда шаванд.

Дар поёни нишаст, Косимӣ ва Ал-Инонӣ омодагии худро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ таъкид карданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва корҳои осорхонаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳо 1 апрели соли 1993 барқарор карда шуд. Миср 1 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Дар давраи ҳамкориҳои байни кишварҳо нӯҳ санад ба имзо расидааст.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Душанбеу Қоҳира дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва илму техника ҳамкорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар соҳаи маориф табодули донишҷӯён сурат мегирад.

185
Барчаспҳо:
парвозҳо, ҳамкорӣ, Миср, Тоҷикистон
Ҷузвдон. Акс аз бойгонӣ

Ном ба ном: таъйину барканории ректорони чор донишгоҳу донишкадаҳои кишвар

1302
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон бо судури қарор ректорони чор донишгоҳу донишкадаи кишварро озод ва таъйин намудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, бо қарори ҳукумати кишвар Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ дар ин мақом Фозилзода Мухтор Муродалиро иваз кардааст, ки сабаби барканорияш ба кори дигар гузаштан гуфта мешавад.

Ҳамзамон бо қарори ҳукумат Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин карда шуд.

Номбурда дар ин вазифа Ҷонмамадов Шермамад Бекмамадовичро бо сабаби ба нафақа баромадан иваз кардааст.

Исозода Диловаршоҳ Тариқ ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таъин карда шуда, Назарзода Хайрулло Холназар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мансаб озод карда шудааст.

Раҷабзода Маҳмадулло бошад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барканор карда шудааст.

Раҳмон бо 13 фармон тағйироти кадрӣ баргузор кард: кӣ вазифа гирифту кӣ ронда шуд?

Бо қарори ҳукумат ба мансаби ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Гулназарзода Ҷило таъйин шудааст.

1302
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, донишгоҳҳо, барканорӣ, тағйироти кадрӣ

Пандаҳо ба ҷои меҳмонон: чӣ гуна пандаҳои Чин ба Олмон "расиданд" - гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 17:46 25.11.2020)
  • Инсталлясия таҳти унвони Panda mie ҳудуди калони тарабхонаи Pino -ро ғасб кардааст. Ба ҷойи мардум ин ҷо пандаҳо меҳмон шудаанд.
  • Ҳайвонот бо дӯстону рафиқонашон як шабнишинии хубе барпо карданд. Бархе аз онҳо аллакай ба интихоби ғизо пардохтанд.
  • Пандаҳо ҳайвоноти ваҳшӣ ҳастанд, аммо 99% ғизои онҳоро растаниҳо ташкил медиҳанд. Онҳо беш аз ҳама бамбукро истеъмол мекунанд. Як панди азим метавонад дар як рӯз тақрибан 30 кило ин гиёҳро бихӯрад.
  • Пандаҳои азим яке аз нодиртарин ҳайвонот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Онҳо танҳо дар Чин зиндагӣ мекунанд. Макони асосии зисти онҳо музофоти Сичуан мебошад.
  • Пандаҳо асосан об менӯшанд. Аммо ба муносибати боздид аз тарабхона, онҳо тасмим гирифтанд, ки ғизои худро бо пиво гуногун кунанд. Дар асл, ба ҳайвоноти воқеӣ чунин нӯшокӣ додан мумкин нест.
  • Пандаҳо махсусан шом ва шаб фаъоланд. Ҳайвонҳо бениҳоят тоза ва ороманд. Баъзан онҳо садоҳо мебароранд.
  • Панда дар як рӯз тақрибан дувоздаҳ соатро барои хӯрок сарф мекунад ва тақрибан 20 фоизи хӯроки ҳабсшударо азхуд мекунад.
  • Панда дар як рӯз тақрибан дувоздаҳ соатро барои хӯрок сарф мекунад ва тақрибан 20 фоизи хӯроки ҳабсшударо азхуд мекунад.
Панда дар як рӯз тақрибан дувоздаҳ соатро барои хӯрок сарф мекунад ва тақрибан 20 фоизи хӯрокро азхуд мекунад

Дар тарабхонаи Pino's - и Франкфурт дар доираи инсталлясия пандаҳои бозичагӣ гузошта шудаанд.

Инсталлясия таҳти унвони Panda mie ҳудуди калони тарабхонаи Pino -ро ғасб кардааст. Ба ҷойи мардум ин ҷо пандаҳо меҳмон шудаанд.

Пандаҳо ҳайвоноти ваҳшӣ ҳастанд, аммо 99% ғизои онҳоро растаниҳо ташкил медиҳанд. Онҳо беш аз ҳама бамбукро истеъмол мекунанд. Як пандаи азим метавонад дар як рӯз тақрибан 30 кило гиёҳро бихӯрад.

Пандаҳои азим яке аз нодиртарин ҳайвонот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Онҳо танҳо дар Чин зиндагӣ мекунанд. Макони асосии зисти онҳо музофоти Сичуан мебошад.

Пандаҳо асосан об менӯшанд. Аммо ба муносибати боздид аз тарабхона, онҳо тасмим гирифтанд, ки ғизои худро бо оби ҷав иваз кунанд. Дар асл, ба ҳайвоноти воқеӣ чунин нӯшокӣ додан мумкин нест.

Пандаҳо махсусан шом ва шаб фаъоланд. Ҳайвонҳо бениҳоят тоза ва ороманд. Баъзан онҳо садоҳо мебароранд.

Пандаҳо дар теппаҳо ғелиданро дӯст медоранд. Онҳо ин одатро ҳангоми гурехтан аз даррандаҳо пайдо карданд. Хирсҳо низ метавонанд, масалан, аз паланг зуд гурезанд. Ин душмани асосии онҳо дар олами ҳайвонот аст.

 

0
  • Инсталлясия таҳти унвони Panda mie ҳудуди калони тарабхонаи Pino -ро ғасб кардааст. Ба ҷойи мардум ин ҷо пандаҳо меҳмон шудаанд.
    © REUTERS / Kai Pfaffenbach

    Инсталлясия таҳти унвони Panda mie ҳудуди калони тарабхонаи Pino -ро ғасб кардааст. Ба ҷойи мардум ин ҷо пандаҳо меҳмон шудаанд.

  • Ҳайвонот бо дӯстону рафиқонашон як шабнишинии хубе барпо карданд. Бархе аз онҳо аллакай ба интихоби ғизо пардохтанд.
    © REUTERS / Kai Pfaffenbach

    Ҳайвонот бо дӯстону рафиқонашон як шабнишинии хубе барпо карданд. Бархе аз онҳо аллакай ба интихоби ғизо пардохтанд.

  • Пандаҳо ҳайвоноти ваҳшӣ ҳастанд, аммо 99% ғизои онҳоро растаниҳо ташкил медиҳанд. Онҳо беш аз ҳама бамбукро истеъмол мекунанд. Як панди азим метавонад дар як рӯз тақрибан 30 кило ин гиёҳро бихӯрад.
    © REUTERS / Kai Pfaffenbach

    Пандаҳо ҳайвоноти ваҳшӣ ҳастанд, аммо 99% ғизои онҳоро растаниҳо ташкил медиҳанд. Онҳо беш аз ҳама бамбукро истеъмол мекунанд. Як пандаи бузург метавонад дар як рӯз тақрибан 30 кило гиёҳро бихӯрад.

  • Пандаҳои азим яке аз нодиртарин ҳайвонот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Онҳо танҳо дар Чин зиндагӣ мекунанд. Макони асосии зисти онҳо музофоти Сичуан мебошад.
    © REUTERS / Kai Pfaffenbach

    Пандаҳои азим яке аз нодиртарин ҳайвонот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Онҳо танҳо дар Чин зиндагӣ мекунанд. Макони асосии зисти онҳо музофоти Сичуан мебошад.

  • Пандаҳо асосан об менӯшанд. Аммо ба муносибати боздид аз тарабхона, онҳо тасмим гирифтанд, ки ғизои худро бо пиво гуногун кунанд. Дар асл, ба ҳайвоноти воқеӣ чунин нӯшокӣ додан мумкин нест.
    © REUTERS / Kai Pfaffenbach

    Пандаҳо асосан об менӯшанд. Аммо ба муносибати боздид аз тарабхона, онҳо тасмим гирифтанд, ки ғизои худро бо пиво иваз кунанд. Дар асл, ба ҳайвоноти воқеӣ чунин нӯшокӣ додан мумкин нест.

  • Пандаҳо махсусан шом ва шаб фаъоланд. Ҳайвонҳо бениҳоят тоза ва ороманд. Баъзан онҳо садоҳо мебароранд.
    © REUTERS / Kai Pfaffenbach

    Пандаҳо махсусан шом ва шаб фаъоланд. Ҳайвонҳо бениҳоят тоза ва ороманд. Баъзан онҳо садоҳо мебароранд.

  • Панда дар як рӯз тақрибан дувоздаҳ соатро барои хӯрок сарф мекунад ва тақрибан 20 фоизи хӯроки ҳабсшударо азхуд мекунад.
    © REUTERS / Kai Pfaffenbach

    Пандаҳо дар теппаҳо ғелониданро дӯст медоранд. Онҳо ин одатро ҳангоми гурехтан аз даррандаҳо пайдо карданд. Хирсҳо низ метавонанд, масалан, аз паланг зуд гурезанд. Ин душмани асосии онҳо дар олами ҳайвонот аст.

  • Панда дар як рӯз тақрибан дувоздаҳ соатро барои хӯрок сарф мекунад ва тақрибан 20 фоизи хӯроки ҳабсшударо азхуд мекунад.
    © REUTERS / Kai Pfaffenbach

    Панда дар як рӯз тақрибан дувоздаҳ соатро барои хӯрок сарф мекунад ва тақрибан 20 фоизи хӯроки ҳабсшударо азхуд мекунад.

Барчаспҳо:
тарабхонаи беҳтарин, Олмон