Дорога в Таджикистане вдоль реки, архивное фото

Дар Дарвоз мошин ба ҷарӣ сарозер шуд: ронанда ҷон бохту се мусофир ҷароҳатдор шуданд

237
(Таҷдидшуда 16:49 16.11.2020)
Ронандаи 48-сола аз ӯҳдаи идора кардани автомашинаи тамғаи "УАЗ" набаромада, ба ҷарии 20 - метр сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Дарвоз садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар пай талафоти ҷонӣ дошт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 14 ноябр, тақрибан соати 20:00 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод.

Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "УАЗ", Зикруллоев Иноятуллои 48 - сола, сокини ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди деҳаҳои Гушун-Дударги Қалъаихум дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, тахминан 20-метр ба ҷарӣ чаппа шудааст.

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

Дар натиҷа, ронандаи автомошинаи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, мусофирони дохили автомошина: Ҷӯраева Шаъмигули 42 - сола, Зикруллоев Эшонҷони 4 - сола, Давлатзода Сарвинози 20 - сола, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

237
Барчаспҳо:
садама, Дарвоз
Сангрезӣ дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Айнӣ ба болои як деҳа сангпора сарозер шуд

259
(Таҷдидшуда 18:46 26.11.2020)
Дар деҳаи Шурмашки ноҳияи Айнӣ аз баландии 250 метр ба болои деҳа сангпора сарозер шуд, ки як сокини маҳаллиро бе хонаву дар гузошт

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 ноябр тақрибан соати 12:45 дақиқа рух дод.

Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодисаи нохуш, манзили як сокини маҳаллӣ, Бердиев Самариддин сахт зарар дидааст. 

Гуфта мешавад, бо дастрас кардани хабари мазкур наҷотбахшон зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

Тарма ва сангрезӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар робита ба хароб гардидани манзили истиқоматии Самариддин ва дар ҷойи хавфнок ҷойгир буданаш, оилаи зарардидаро ба бинои мактаби деҳа интиқол доданд.

Феълан, комиссия санад ва маълумотнома тартиб дода, барои чораҷӯи ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пешниҳод намуд.

259
Барчаспҳо:
сангрезӣ, Айнӣ
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото

Боздошти ҷавон бо иттиҳоми роҳзанӣ дар Душанбе: “шабона ба занҳо ҳамла мекардааст” - видео

112
(Таҷдидшуда 16:57 26.11.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 29-сола хабар дод, ки дар ҳамла ва ғорати занон ба ҳангоми шаб муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини идораи милиса дар ноҳияи Сино, бо иттиҳоми роҳзанӣ Азимҷон Салихов, сокини 29-солаи шаҳри Ҳисорро боздошт кардаанд.

Манбаъ афзуд, айбдоршаванда бо олоти оҳанин мусаллаҳ шуда, дар вақти торикӣ ба занонро мавриди ҳамлаю ғорат қарор медодааст.

Аз ҷумла Салиховро дар он айбдор мекунанд, бо оҳан дар маҳаллаи Зарафшон бо оҳан ба сари Маҳмдшарифова Фазила зада, ҳангоми беҳушии ҷабрдида телефону маблағаш бо арзиши умумии 4,5 ҳазор сомониро гирифтаст.

Инчунин 13 ноябр дар кӯчаи Айнӣ сокини 21-солаи шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Аз ҷабрдида, ки феълан дар беморхона бистарӣ мебошад, телефони арзишаш 1,5 ҳазор сомонӣ ситонда шудааст.

ВУД таъкид намуд, ки феълан алайҳи Салихов бо иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Назари худи айбдоршаванда ва ҷониби ҳимояаш феълан дар бораи ин қазия маълум нест.

112
Барчаспҳо:
боздошт, роҳзанӣ, Тоҷикистон
Заседание Координационного совета руководителей компетентных органов государств – членов ОДКБ

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

0
(Таҷдидшуда 19:04 26.11.2020)
Дар ҷаласаи Шӯрои махсуси Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бахши сиёсати умури муҳоҷират натиҷаҳои вазъ дар замони пандемияро ҷамъбаст карданд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар Маркази вокунишҳои буҳронии СААД таҳти раёсати ноиби аввали вазири умури дохилии Русия, генерал-полковник Александр Горовой ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кишварҳои узви СААД баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои масъули мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ иштирок карданд.

Валерий Семериков, ноиби дабири кулли СААД, зикр намуд, ки паҳншавии коронавирус одоти зиндагӣ тақрибан дар тамоми ҷаҳонро тағйир дод.

 Ӯ зарур хонд, ки бояд пайомадҳои пандемия хеле дақиқ таҳлил карда шаванд ва бояд роҳҳои ҳалле дар умури муҳоҷират пешниҳод гарданд, дар сурате агар чунин вазъият боз такрор шавад.

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки вазъи муҳоҷират сарфи назар аз мушкилоти пайдошуда дар маҷмӯъ муътадил ва назоратшаванда мебшад.

Инчунин хабар дода шуд, ки соли 2021 амалиёти махсуси минтақавии СААД таҳти унвони “Нелегал” гузаронда хоҳад шуд. Ҷаласаи оянда дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, чун роҳбарӣ дар СААД ба ин кишвар мегузарад.

0
Барчаспҳо:
Русия, муҳоҷират, амният