Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд

Генерал Навҷувонов писар ва ду ҷиянашро ба аскарӣ фиристод. Дигарон чӣ?

3900
(Таҷдидшуда 16:50 16.11.2020)
Генерал-майор Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд писар ва ду ҷиян: бародарзода ва хоҳарзодаашро ба хизмат дар сафи Артиши кишвар фиристод

ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik.  Навҷувонов, баландтарин мақомдори ВКД дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, ки дар пайи иҷрои дастури раисиҷумҳур ба иқдоме даст задааст, ки то ҳанӯз  дар миёни мансабдорони баландмақом камназир аст.

Камолиддин Ҳазратзода, як масъули Комиссариати ҳарбии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, генерал Навҷувонов ба ҳисоби писараш,  се тан аз пайвандонашро, барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар намуд.

“Навҷувонов писар ва ду ҷиянашонро ба бинои Комиссариат оварда гуфтанд, ки инҳо омодаанд, ки барои ҳифзи  Ватан ба хизмат раванд. Ҳатто таъкид карданд, ба кадом қисми ҳарбии кишвар лозим бошад, фиристонед”, гуфт Ҳазратзода.

Бино ба иттилоъи манбаъ,  Шервон Навҷувонов писари 25 солаи генерал Навҷувонов буда, хатмкардани Донишгоҳи байналимилалии тиҷорати кишвари Чин аст. Амакбаччаву холабачаҳои Шервон, Беҳзод Хиёловичи 22 сола ва  Муйис Илназарови 22  сола ҳарду ҳам хатмкардаи донишгоҳи олӣ ҳастанд. Ин се узви хонаводаи Навҷувоновҳо, дар поёни моҳи октябр ба  қисми низомии 6592 барои адои хизмати сарбозӣ фиристода шудаанд.

Манобеъ аз Комиссариати ҳарбии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ, шуморе аз афроди мансабдор аз ҳисоби кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукумат дар шаҳру навоҳии вилоят, барои ба хизмат рафтани фарзандонашон ташаббус нишон додаанд, аммо аз шарҳи бештари иттилоъ дар бораи ному насаби мансабдорон  худдорӣ варзиданд.

Соли гузашта дар маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ  Сарафроз Музайянов, писари полковник Ҳилол Музайянзод, комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом низ ихтиёрӣ ба хизмати сарбозӣ рафта буд.  Номбурда хатмкардаи Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон аст.

Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра баҳору тирамоҳ баргузор мешавад, аммо хабарҳо дар расонаҳо дар бораи “облава” ё “сарбозшикор” нашр мешаванд.

Масъулин сарпечии ҷавонон аз хизмати сарбозиро як далели раднопазири мушкили иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ  таъкид мекунанд, вале шуморе аз ҷавонон мегӯянд, сарбозӣ танҳо хоси ҷавонони оддӣ шудаасту чаро писарони афроди мансабдор аз хизмат парҳез мекунанд? Чунин ихтилофи назарҳо ҳамасола дар ҷараёни маъракаи даъвати ҷавонон ба қисмҳои низомӣ садо медиҳад.

Таъкиди Президент дар бораи мансабдорон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дар ҷаласаи бахшида ба 27 - солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд.

Президент зикр кард, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳо, аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парлумон то раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" бошанд.

“Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Иҷрои нақшаи даъват пеш аз муҳлат

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои саддарсадии нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба қисмҳои ҳарбӣ хабар дод.

Фаридун Маҳмадализода, котиби матбуотии Вазорати мудофияи кишвар рӯзи 12 ноябр гуфт, ки  “нақшаи даъвати сарбозон ба Артиш алакай пеш аз муҳлат 100% иҷро шуд”.

Мавсим даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон аз 1 октябр оғоз ёфта то санаи 30 ноябр муқаррар шудааст.

Фармони раисиҷумҳур моҳи сентябри соли 2020 дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ имзо расида буд.

Абдулло Навҷувонов кист?

Генерал – майор Абдулло Навҷувонов 10 июли соли 1965 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Баъд аз хатми донишгоҳи риштаи ҳуқуқшиносӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, фаъолияти меҳнатиашро дар сафи мақомоти милитсия аз соли 1991 оғоз намудааст. То ин дам дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷумла муовини сардори шуъбаи РКД и ВМКБ, сардори ШКД, сардори ШКҶ РКД и ВМКБ фаъолият бурдааст.

Як муддат дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор карда, баъдан сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои дохилии кишвар фаъолият намудааст.

Писарони 32 мансабдори бадахшониро ба артиш бурданд

Генерал-майор Абдулло Навҷуовнов бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ аз 24 январи соли ҷорӣ сардори РВКД дар вилояти Суғд таъйин шудааст.

Ӯ дорои Ордени “Спитамен” дараҷаи 2 ва медали “Хизмати шоиса” мебошад.

 

 

3900
Барчаспҳо:
хешованд, писар, аскарӣ, генерал, Абдулло Навҷувонов, Тоҷикистон
Сейсмография, архивное фото

Бидуни талафоти ҷонию вайронӣ: КҲФ заминларзаи дар Бадахшон рухдодаро шарҳ дод

93
(Таҷдидшуда 15:51 02.12.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, заминларзаи субҳи имрӯз дар қаламрави кишвар рухдода талафоти ҷонӣ надошт

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, заминларза соати 05:36 дақиқаи имрӯз, 2-юми декабри соли равон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази зилзила дар 148 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 10 километр дуртар аз ноҳияи Дарвоз будааст.

Ин манбаъ гуфт, ки қувваи заминларза дар маркази он 3 бал буд.

Манбаъ мегӯяд, аз талафоти ҷониву вайрониҳо гузориш нарасидааст

Ёдрас мешавем, ки ахиран рӯзи 26 ноябр, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар як рӯз ду маротиба бо фосилаи чанд соат замин ҷунбида буд.

Душанберо заминларза такон дод

Заминҷунбии аввал  соати 13:01 сурат гирифт, ки қувваи зилзила дар маркази он 4,5 баллро ташкил медод, аммо дуввумин заминларза соати 20:27 ба вақти маҳаллӣ сурат гирифт, ки қувваи он ба 4,6 балл расид.

Макони ҳарду заминҷунбӣ наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон буд.

93
Барчаспҳо:
вайрониҳо, талафоти ҷонӣ ба қайд нарасид, заминларза, ВМКБ, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Ҳалокати Абдулло ва Меҳриниссо дар пайи ду садамаи нақлиётӣ

217
(Таҷдидшуда 14:45 02.12.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 1 декабри соли равон дар пайи ду садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ ду пиёдагард ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар як садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди деҳаи Мирзоободи ноҳияи Вахш сурат гирифтааст, пиёдагард Қосимов Абдуллои 13-сола ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, санаи 1-уми декабри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чинбей”, Наботов Бобо, сокини деҳаи Якатути ноҳияи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Мирзоободи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи автомашина набаромада, ноболиғ Қосимов Абдулло, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №17-и ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.

Гуфта шудааст, ки дар натиҷа ноболиғ Қосимов Абдулло ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садамаи дуюми маргбор дар пойтахти кишвар сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, санаи 1-уми декабр, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Қозиев Неъматулло, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт аз самти кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯчаи Абай, дар рӯ ба рӯи Маркази миллии ташхисӣ аз уҳдаи идораи воситаи автомашина набаромада, пиёдагард Умарова Меҳриниссо, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Қайд шудааст, ки дар натиҷа, Умарова Меҳриниссо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи “Истиқлол” дастрас намудан,  дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВУД Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

217
Барчаспҳо:
ҳалокат, пиёдагард, садама, Тоҷикистон
Дорога с машинами в Душанбе

Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад

0
(Таҷдидшуда 16:51 02.12.2020)
Ҳамчунин имрӯз дар Душанбе тарҳи қонунҳо оид ба ислоҳи қонунҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад.

"Аз 31 декабри соли равон мутобиқи сархати сеюми моддаи 252-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" ин матлаб зимни баргузории  ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуд, баён гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур дар баробари дигар лоиҳаҳои қонунҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасии вакилон қарор гирифтааст.

Дар ҷаласа муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Ашуров  зикр намудаанд, ки лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

Манбаъ афзуда, ки ин тарҳ бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард таҳия гардидааст.

Дар ҷаласа вакилон ҳамчунин тарҳи қонунҳо "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ",  "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" ва "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" - ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

0
Барчаспҳо:
роҳи мошингард, бекор кардан, андоз, Тоҷикистон