Руки в наручниках, архивное фото

Ҷавони 19-сола барои пинҳон намудани дуздии 10 сомонӣ ва гӯшии бесим мошинро оташ зад

539
(Таҷдидшуда 16:40 17.11.2020)
Идораи корҳои дохилии Суғд аз боздошти як ноболиғи 19 – солаи сокини шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки дар пайи содир намудани дуздӣ, микроавтобусро оташ задааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин ҳодиса нимашаби санаи 16 ба 17 ноябр дар маҳаллаи 8-уми Хуҷанд рух додааст.

“Сокини 19 - солаи шаҳри Хуҷанд, ки ба хотири ҳифзи эътибораш танҳо аз ӯ М. А. ном бурда мешавад, соати 01: 25 ба маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд омада, бо мақсади дӯздӣ ба автомашинаи Mercedess-Sprinter, ки ба сокини 39-солаи ин маҳалла тааллуқдошта  дохил шуда, 10 сомонӣ пул ва як адад гӯшии бесим, ки арзишаш 60 сомонӣ аст, тасарруф намуда, барои пинҳон намудани иззи ҷиноят мошинро оташ задаааст”, - шарҳ дод Шарифӣ.

Бо содир намудани ин кирдораш ҷавони номбурда ба соҳиби автомашина 120 ҳазор сомонӣ зарар расонидидааст. Бино ба гуфтаи котиби матбуоти РВКД, дар пайи сӯзонидани нақлиёт, соҳиби он ба идораи пулис дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст.

“Дар пайи коркардҳои фаврӣ-ҷӯстуҷӯӣ нафари гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят навраси 19-сола, сокини шаҳри Хуҷанд дастгир шудааст. Номбурда соли 2019 борои содир намудани ҷинояти дуздӣ як дафъа суд шудааст”, - иттилоъ медиҳад манбаъ.

Зимнан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, эҳтимол дорад моддаи 255 (қасдан несту нобуд кардани молу амвол) ба парвандаи ҷавони 19-сола ҳамроҳ карда шавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хуҷанд ин ҳодисаро таҳқиқ доранд.

539
Барчаспҳо:
оташ, Хуҷанд, ноболиғ, Суғд, Тоҷикистон
Шералӣ Кенҷаев, ҷавоне, ки барои бадрафторӣ нисбат ба шоира Адибаи Азиз боздошт шуд

Ҷазои Шералӣ барои паст задани шаъну шарафи шоира Адибаи Азиз-видео

730
(Таҷдидшуда 12:15 01.12.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе Шералӣ Кенҷаеви 30-сола сокини пойтахтро барои дағалгуфторӣ ва суханҳои қабеҳ ба шоира Адибаи Азиз боздошт ва ҳабс кардааст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Шералӣ Кенҷаев дар пайи шикояти Адибаи Азиз боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шоира ба РВКД шикоят бурдас ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел” санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Анзоби ноҳияи И. Сомонӣ карор доштанаш дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Дар пайи ин шикоят маъмурини пулис , Шералӣ Кенҷаевро боздошт кардаанд, ки қаблан бо моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

“Зимни пурсиш дастгиршуда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат санаи мазкур нисбати ба муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ дашном додаву шаъну шарафашро паст задааст”,-афзудааст манбаъ.

Худи шоира Адибаи Азиз дар саҳфаи фейсбукаш бо истиқболи аз кори фаврии пулис ва ташаккур аз вазири корҳои дохилӣ бо нашри акси ронанда ба занҳо ҳушдор додааст, ки огоҳ бошанд.

Дар пеши зану фарзандаш ҳақорат кард! Боздошту ҳабс ва парвандаи ҷиноятӣ барои таҳқир

"Лутфан касоне, ки ин нафарро мешиносанд, ба вижа духтарон, агар аз тарафи ӯ мавриди таҳдид, фишор, хушунати лафзӣ ё ҷинсӣ ва дигар амалҳои зӯроварӣ қарор доштед, шикоят баред! Мутмаинам аз дасти ӯ духтарони зиёде озори рӯҳӣ ва осеби ҷинсӣ дидаанд. Ва низ мутмаинтарам, ки қаблан мушкил бо қонун бисёр дошт ва ҳанӯзам дорад! Мо набояд бо ахлоқи зишти чунин афрод созиш кунем, хомӯш бишинем. Иштибоҳи маҳз мешавад, агар аз онҳое, ки оромии ҷомеаро дар фазои осоиштаи давлати демократӣ-дунявӣ халалдор месозанд, гузашт намоем. Бидуни шак, бемуҷозот мондани ин авбош боиси садамаҳои равонии чандин занони дигари раҳгузар хоҳад шуд!"

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Шералӣ Кенҷаев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори додгоҳ ба ӯ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.

730
Нож в руке, архивное фото

Ду корд ба гардани занаш зад: боздошти марди 40-сола бо иттиҳоми сӯиқасди одамкушӣ

419
(Таҷдидшуда 12:12 01.12.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 40-сола, ки дар сӯиқасд одамкушӣ гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда сокини деҳаи Лоҳутии шаҳри Конибодом мебошад.

Манбаъ мегӯяд, номбурда, 30-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 09:30-дақиқа, аз ҳиссиёти оштинопазирӣ бо ҳамсараш зани 36-сола, дар ҳавлии истиқоматиашон ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 2 маротиба ба гардани ҳамсараш задааст.

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст",-афзудааст, манбаъ.

ВУД мегӯяд, нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо модддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ин ниҳод рӯзи гузашта аз қатли як зан, модари се фарзанд аз ҷониби ҳамсараш дар заминаи рашки беасос ва муноқишаи оилавӣ хабар дода буд.

Даҳшат: сокини Ёвон модари се фарзандашро корд зада кушт

Маъмурин пулис бо ин иттиҳои ҳамсари зан марди 32-сола сокини ноҳияи Ёвонро боздошт кардаанд.

 

419
Барчаспҳо:
зан, ҳамсар, боздошт, ВКД ҶТ, сӯиқасд, Конибодом, Тоҷикистон
Фрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан

Дари масоҷид дар Туркманистон ҳамоно баста мемонад

0
(Таҷдидшуда 15:11 01.12.2020)
Ба хотири пешгирӣ аз густариши ҳамагирии коронавирус дар Туркманистон дари масоҷид то 1 январи соли 2021 баст боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Туркманистон, ки то ҳол расман вируси корона ба қайд гирифта нушадааст, дари масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо "то охири сол" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ "баста хоҳад буд", - менависад торномаи "Туркменпортал" бо истинод ба муфтиёти кишвар.

"Маҳдудиятҳо барои масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ карда шудаанд, то 1 январи соли 2021 тамдид карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар масҷидҳо ҳар рӯз панҷ маротиба азон садо дода, мусалмононро барои адои намоз даъват мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки "ин чораҳо тибқи қарори Комиссияи Фавқулодаи Туркманистон оид ба мубориза бо бемориҳо аз 26 августи соли 2020 андешида шудаанд".

Масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон ҳанӯз рӯзи 13 июл баста шуданд.

Тибқи гузориши ҳукумат, дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар кишвар пӯшидани ниқоб ҷорӣ шуда ва як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои муассисаҳои динӣ ҷорӣ карда шудаанд.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, бастан, баста, масҷид, масҷид, Туркманистон