Мужчина закрывает портфель, архивное фото

Тағйирот дар "команда"-и Рустами Эмомалӣ: Қурбонзода Амирхон кист?

3432
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мансаби муовини Рустами Эмомалӣ таъйиноту барканорӣ сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, собиқ муовини шаҳрдори пойтахт Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз мақомаш барканор шудааст.

“Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе озод ва Қурбонзода Амирхон Файзулло муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин гардид”,-aфзудааст, дафтари матбуотии раисиҷумҳур.

Зувайдзода Маҳмадсаид пас аз барканорӣ раҳбари нави Кумитаи меъмор ва сохтмон таъйин шуд.

Қурбонзода Амирхон Файзулло 3 августи соли 1964 таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон мебошад.

Қурбонзода дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, солҳои охир ба ҳайси сардори идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Тағйирот дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: барканории Аҳмадзодаву мақоми нави Зувайдзода

Аз моҳи апрели соли 2018 то моҳи июли 2019 дар вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон кор карда пас аз роҳбари ноҳиис Истаравшан таъйин гардид.

3432
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

 Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд павроз анҷом медиҳад

123
(Таҷдидшуда 18:20 01.12.2020)
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тасмим дорад, моҳи декабри соли ҷорӣ  дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе иҷрои 10 парвози махсусро ба нақша гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ширкат, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури марз бояд бо худ нусхаи аслии маълумотномаи тиббии гирифтор набудан ба COVID-19-ро (PCR-тест) бо забонҳои русӣ, белорусӣ ва ё англисӣ дошта бошанд.

Манбаъ мегӯяд, мусофироне, ки тариқи Минск парвозҳои транзитӣ анҷом медиҳанд, бояд бо худ чиптаи нуқтаи ниҳоии сафар ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест)-ро дошта бошанд.

Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Мувофиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мусофирони ба Тоҷикистон воридшаванда бояд бо худ маълумотномаи мубтало набудан ба COVID-19 - натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Гуфта мешавад, хоҳишмандони сафар барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоянд.

"Сомон Эйр" сабаби гаронии нархи чипта барои парвозҳои чартериро шарҳ дод

Ин ширкат санаҳои 10 парвозашро ҳоло нашр накардааст.

Ёдовар мешавем, ширкат дар ин масир моҳи гузашта 4 парвози чартерӣ анҷом дода буд.

123
Барчаспҳо:
ширкат, мусофирон, парвоз, "СомонЭйр", Минск, Душанбе
Шералӣ Кенҷаев, ҷавоне, ки барои бадрафторӣ нисбат ба шоира Адибаи Азиз боздошт шуд

Ҷазои Шералӣ барои паст задани шаъну шарафи шоира Адибаи Азиз-видео

1030
(Таҷдидшуда 12:15 01.12.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе Шералӣ Кенҷаеви 30-сола сокини пойтахтро барои дағалгуфторӣ ва суханҳои қабеҳ ба шоира Адибаи Азиз боздошт ва ҳабс кардааст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Шералӣ Кенҷаев дар пайи шикояти Адибаи Азиз боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шоира ба РВКД шикоят бурдас ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел” санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Анзоби ноҳияи И. Сомонӣ карор доштанаш дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Дар пайи ин шикоят маъмурини пулис , Шералӣ Кенҷаевро боздошт кардаанд, ки қаблан бо моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

“Зимни пурсиш дастгиршуда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат санаи мазкур нисбати ба муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ дашном додаву шаъну шарафашро паст задааст”,-афзудааст манбаъ.

Худи шоира Адибаи Азиз дар саҳфаи фейсбукаш бо истиқболи аз кори фаврии пулис ва ташаккур аз вазири корҳои дохилӣ бо нашри акси ронанда ба занҳо ҳушдор додааст, ки огоҳ бошанд.

Дар пеши зану фарзандаш ҳақорат кард! Боздошту ҳабс ва парвандаи ҷиноятӣ барои таҳқир

"Лутфан касоне, ки ин нафарро мешиносанд, ба вижа духтарон, агар аз тарафи ӯ мавриди таҳдид, фишор, хушунати лафзӣ ё ҷинсӣ ва дигар амалҳои зӯроварӣ қарор доштед, шикоят баред! Мутмаинам аз дасти ӯ духтарони зиёде озори рӯҳӣ ва осеби ҷинсӣ дидаанд. Ва низ мутмаинтарам, ки қаблан мушкил бо қонун бисёр дошт ва ҳанӯзам дорад! Мо набояд бо ахлоқи зишти чунин афрод созиш кунем, хомӯш бишинем. Иштибоҳи маҳз мешавад, агар аз онҳое, ки оромии ҷомеаро дар фазои осоиштаи давлати демократӣ-дунявӣ халалдор месозанд, гузашт намоем. Бидуни шак, бемуҷозот мондани ин авбош боиси садамаҳои равонии чандин занони дигари раҳгузар хоҳад шуд!"

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Шералӣ Кенҷаев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори додгоҳ ба ӯ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.

1030
Кормандони тиб дар беморхона, акс аз бойгонӣ

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

0
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашудааст. Охирон ҳолати фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба иттилои расмӣ 18 ноябр сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии сироятёфтагон ба коронавирус аз 30 апрел то 1 декабр ба 12 ҳазору 231 нафар расид.

Манбаъ таъкид кард, ки давоми шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 640 баробар гардид.

Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд – акс

Зикр шудааст, ки ҳамчунин дар муддати аз 30 апрел то 1 декабр бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд. Бар асоси иттилоияи расмӣ, тайи қариб ду ҳафтаи охир ягон ҳолати нави фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати тандурустӣ таъкид намуд, ки 95,1%-и гирифторони коронавирус дар кишвар то ҳол аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, беморӣ, Тоҷикистон