Место гибели иранского физика-ядерщика Мохсена Фахризаде

"Падари барномаи ҳастаии Эрон" кушта шуд: кӣ аз марги Муҳсин Фахризода манфиатдор аст

479
(Таҷдидшуда 14:27 28.11.2020)
Тибқи ҳисобҳои коршиносон, қатли яке аз олимони саршиноси Эрон бо куштори генерал Сулаймонӣ дар аввали соли 2020 муқоиса кардан мумкин аст

ДУШАНБЕ, 28 ноябр - Sputnik. Хабаргузории эронии “Тасним” дар бораи марги физики ҳастаӣ Муҳсин Фахризода хабар дод. Ин маълумотро баъдан шахсиятҳои расмӣ низ тасдиқ карданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамлагарон дар аввал мошини олимро тарконданд ва вақте ки ин натиҷа надод, мошинро парронидаанд. Худи Фахризода бо чархбол ба бемористон интиқол ёфтаву  дар он ҷо ҷон додааст.

Фармондеҳи артиши Эрон Абдулраҳим Мусавӣ дар як изҳорот ба матбуот қатли олимро "кори Иёлоти Муттаҳида" номид. Сиёсатмадори дигари давлатӣ, вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф Исроилро ба ҳамла ба физики ҳастаӣ айбдор кард.

Муҳсин Фахризода соли 1958 таваллуд шудааст. Пеш аз он ки бо ҳукумат кор кунад, ӯ дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ хидмат кардааст, пас аз артиш ба ҳайси муаллими физика дар Донишгоҳи Имом Ҳусейн дар Теҳрон кор кардааст.

Иранский физик-ядерщик Мохсен Фахризаде Махабади (справа)
© AP
Иранский физик-ядерщик Мохсен Фахризаде Махабади (справа)

Тибқи иттилои СММ, Фахризода корманди калони илмии Вазорати дифоъ ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва раҳбари собиқи Маркази таҳқиқоти физика буд.
Бар пояи иттилои хадамоти ҷосусии Амрико, ин донишманд дар феҳристи масъулони барномаи ҳастаии Эрон сабт шудааст ва инчунин дар барномаи силоҳи ҳастаии Эрон кор кардааст.

Лавров: Амрико бо куштори Сулаймонӣ аз тамоми чаҳорчӯбаҳо берун ҷаст

Сиёсатшинос Станислав Тарасов дар муколама бо радиои Sputnik қайд кард, ки қатли Фахризодаро аз ҷиҳати аҳамият бо куштори генерал Қосим Сулаймонӣ муқоиса кардан мумкин аст.

479
Скорая помощь в Душанбе

Таркиши чойхона дар хиёбони Рӯдакӣ: 12 нафар ба бемористон интиқол ёфт

2752
(Таҷдидшуда 16:53 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз таркиши мудҳиш дар чойхонаи "Самарқанд" воқеъ дар шаҳри Панҷакент хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Дар чойхонаи "Самарқанд"- и шаҳри Панҷакент таркиш рух додааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 январ, тахминан соати 12:20 дақиқа сар задааст.

Таркиш дар НФС дар ноҳияи Ёвон 8 захмӣ бар ҷой гузошт- навор аз ҷои ҳодиса

Гуфта мешавад, чойхонаи мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ - 157 воқеъ буда, Тиллоев Ёлқини 42 - сола онро ба иҷора гирифта будааст.

Манбаъ меафзояд, бар асари риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар чойхона балони газ таркидаст, ки дар натиҷа чандин нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан 12 нафар бар асари рух додани ин ҳодисаи нохуш ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ҳоло мақомоти дахлдор аз рӯи ҳодисаи баамаломада тафтишот мебарад.

2752
Барчаспҳо:
чойхона, таркиш, Панҷакент
Горы в Таджикистане. Архивное фото

Се сокини Леваканд 5 рӯз боз бедараканд: барои овардани бузҳо ба кӯҳ баромаданд

327
(Таҷдидшуда 15:51 25.01.2021)
Падару писар ва ҳамсояи 22 - солаи онҳо, ки ҳамагӣ сокинони деҳаи Зағертии шаҳри Леваканд мебошанд, муддати панҷ рӯз бедарак ҳастанд

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Се сокини деҳаи Зағертии шаҳри Леваканд муддати панҷ рӯз мешавад беному нишонанд. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik  тоҷикистон таъйид намуданд, ки онҳо бегоҳи рӯзи панҷшанбе барои ҷустуҷӯи чорвои худ ба кӯҳ баромаданд ва бо гузашти панҷ рӯз аз онҳо дараке нест.

Сокинони ин деҳа мегӯянд, тамоси охирон соати шаши шоми 21 январ буд ва бо ҳамин онҳо то ҳол бедарак ҳастанд.

Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз Солиев Муҳамадбаёни 46 - сола, писараш Солиев Муҳамаддини 15 - сола ва Саидов Рустами 22 - сола истиқоматкунандагони шаҳри Левакант ҷамоати деҳоти Ваҳдат деҳаи Зағертутӣ ном мебарад.

Манбаъ меафзояд, бинобар барфи баланд дар кӯҳҳои атрофи Зағертӣ амалиёти ҷустуҷӯи бедаракшудагон ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Бедаракшавии се сокин дар Леванд дар ҳолест, ки қаблан КҲФ аз ноустувор шудани вазъи ҳаво хабар дод ва барфрезии шадидро пешгӯӣ намуд.

Бедарак шудаанд: милиса барои пайдо кардани 3 нафар аз мардум кумак хост-видео

Зимнан, аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват намуд, ки бидуни зарурат ба ҷойе сафар накунанд ва ҳамчунин аз рафтан ба минтақаҳои кӯҳӣ низ худдорӣ кунанд.

327
Барчаспҳо:
кӯҳ, бедарак, Леваканд
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон аз пандемияву буҳрон гуфт: ҷаҳон чунинро тайи сад сол ёд надош

0
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар гуфт, пандемияи коронавирус буҳронеро ба миён овар, ки беш аз сад сол ҷомеаи ҷаҳонӣ ёд надошт

 

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури кишвар ин нуктаро зимни паёми солонааш ба парлумон изҳор дошта гуфт, пандемия буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоиро ба миён овард, ки вазъи бекорӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт.

Ба гуфти президент, дар ҳоли ҳозир давлате нест, ки буҳрони мазкур таъсир накарда бошад.

Ӯ гуфт, тибқи гуфтаи таҳлилгарони байналмила чунин буҳронро тайи 100 соли ахир ҷаҳон ёд надошт.

Раисиҷумҳур гуфт, пандемия ва буҳрони рухдода боиси таназзули иҷтисоди ҷаҳон шуд.

Тоҷикистон низ дар ин росто дар канор намонд, аммо бо сабаби андешидани чораҳои зарурию саривақтӣ рушди иқтисод муътадил нигоҳ дошт, гуфт президент.

Буҳрон дар пеш аст: Пас аз коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

Номбурда гуфит, соли гузашта 300 коргоҳу корхона сохта шуда, сатҳи рушди иқтисодӣ 4,5 афзоиш ёфт.

Раисиҷумҳур гуфт, соли гузашта бино бар бӣаста будани марзҳо ба ҷои 400 -450 ҳазори  ҳамасола танҳо 111 ҳазор муҳоҷир ба хориҷа рафтанд.

0