ДУШАНБЕ, 28 ноябр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷасала, ба аъзои ҳукумати кишвар ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳои ҳукумат барои таъмини кори муназзами муассисаҳои тандурустӣ ва маорифу фарҳанг, таъминоти босифат ва саривақтии аҳолӣ бо барқу гармӣ дастуру супоришҳо додааст.
Ҳамзамон раисҷумҳур барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, пеш аз ҳама дар муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар ҳолат хуби омодагӣ нигоҳ доштани роҳҳо ва тамоми иншооти энергетикӣ дастур додааст.
Президент ба ҷамъоварии беталафи ҳосили боқимонда, махсусан пахта ва дар маҷмуъ назорати қатъии фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат махсусан таъкид кардааст.
“Барқи тоҷик”: маҳдудият нест, санҷиши профилактикӣ аст
Ёдовар мешавем маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон чандест идома дорад.
Қарзи "Барқи тоҷик" ба 154 миллион доллар расид
Барфу сардиҳои ахир ин маҳдудиятро мушкили рақами аввали мардум гардонидааст, аммо масъулини ширкати "Барқи тоҷик" то кунун расман инро шарҳ надодаанд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона 15-20 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. ВУД бо нашри як иттилоия таъкид кардааст, ки дар мавсими зимистон шумораи бештари ҳодисаҳои сӯхтор дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, дар натиҷаи риоя нашудани одитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ сар мезананд.
Ин ниҳод изҳори нигаронӣ кардааст, ки шаҳрвандон ҳангоми истифодаи асбобу таҷҳизоти барқию газии маишӣ, печҳо ва тануру оташдонҳо, васлу насби ноқилҳои барқӣ қоидаҳоро сарфи назар мекунанд. Таъкид шудааст, ки аз меъёр барзиёд истифодабарии қувваи барқ, боиси сарборӣ ва расиши кӯтоҳи ноқилҳо мегардад.
Инчунин интихоби нодурусти ҷойҳои захираи хӯроки дурушти чорво, ҳезуму ангишт ва нигоҳдории маводу ашёҳои сӯзанда дар ҷойҳои аз ҷиҳати сӯхтор хавфдошта зикр шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод бо фармони вазири умури дохилӣ барои огоҳ кардани аҳолӣ бо меъёр ва талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият дода шуданд.