Даҳшат: сокини Ёвон модари се фарзандашро корд зада кушт

© акс аз дафтари матбуоти ВУД ТоҷикистонЗадержанный сотрудниками правоохранительных органов Урозбек Каракулов
Задержанный сотрудниками правоохранительных органов Урозбек Каракулов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбати падари хонавода, ки ҳамсари 32 - солаи худро ба қатл расонд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия дар ноҳияи Ёвон сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамсари ҷавонаш даст доштааст.

Пистолет - Sputnik Тоҷикистон
Ба гулӯяш тир холӣ кард, гарданашро бо корд бурид: ошкоршавии 3 куштор дар Тоҷикистон

Котиботи ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодисаи даҳшатбор рӯзи 27 ноябр дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон рух додааст.

Куштор дар заминаи рашки беасос ва муноқишаи оилавӣ сар задааст.

"Қарақулов Урозбек дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсари 32- солаи худ Бобоҷонова Бибихоларо ба қатл расондааст", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

Гуфта мешавад, Бибихола модари се фарзанд буда, ҳамсараш бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат мерасад.

Зимнан, кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон дар кутоҳтарин муддат гумонбари асосии ҷинояти мазкурро муайян ва боздошт намуданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати Қарақулов Урозбек дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон парвандаи чиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0