ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ин зан ба ШВКД дар ноҳияи Данғара ариза додааст, ки шаби 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълуми ниқобпӯш бо мақсади дуздӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, ҳангоми бо ӯ рӯ ба рӯ шудан бо воситаи корд 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаби 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 23:00, зани номбурда бо модараш муноқиша карда, баъдан бо мақсади худкушӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш задааст.
Даҳшат: сокини Ёвон модари се фарзандашро корд зада кушт
“Номбурда барои пинҳон кардани кирдори содиркардааш ба кормандони милитсия аризаи бардурӯғ пешниҳод намудааст, ки зарари ҷисмонии гирифтааш аз тарафи шахси номаълуми ниқобпӯш расонда шудааст”,-афзудааст, манбаъ.
Ҳасибфурӯш роҳгузарро корд заду додарзода амакро: парванда алайҳи ду тан дар Хуҷанду Норак
ВУД мегӯяд, далели шайъӣ 1 адад корди ошхонагӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рух додани садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар километри 277 - уми роҳи мошингарди Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 22 январ рух додааст.
"Ронандаи 46 - солаи автомашинаи "Landcruser", аз шаҳри Хоруғ бо панҷ мусофир самти пойтахт ҳаракат мекард, ки дар нимароҳ ба садама дучор шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, аз сабаби барфрезӣ ва шамоли сахт ронанда аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба ҷарии 40 метр сарозер шуд.
Дар натиҷа худи ронанда бо ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Тӯйхона мотамхона шуд: мошини домод замони барои арӯс рафтан дучори садама шуд
Гуфта мешавад, мусофирони дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон интиқол доданд. Маълумоти бештар дар мавриди фавтидагону ҷароҳатбардоштагон рӯйи даст нест.
Кумитаи ҳолатҳои фақулода ҳамчунин гуфт, рӯзи гузашта аз сабаби боришоти зиёди барф роҳи Шуғнон - Ишкошими ВМКБ муваққатан масдуд буд.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ахиран гурӯҳи террористии ДОИШ ба таври расмӣ масъулияти ду инфиҷори интиҳорӣ дар Бағдодро бар ӯҳда гирифт, хабар медиҳад сомонаи "Аъмоқ", ки вобаста ба ин гурӯҳ аст.
Манбаъ меафзояд, рӯзи панҷшанбе дар Бағдод яке аз аносири ин гурӯҳ ба номи Абуюсуф ал-Ансорӣ камарбанди инфиҷории худро дар майдони Ал-Тайрони Бағдод мунфаҷир кард ва камарбанди дуввумро низ Муҳаммадориф ал-Муҳоҷир, узви дигари ин гурӯҳи террористӣ ба ҳамин равиш мунфаҷир кардааст.
Ба гуфтаи масъулони ироқӣ ин ду инфиҷор, ки дар бозори пуриздиҳоми майдони Ал-Тайрони Бағдод ба вуқуъ пайваст, 32 куштаву 110 захмӣ барҷой гузоштааст.
Пайёми Оиша аз Бағдод: падару модарамро гум кардам
Ба дунболи ин ду инфиҷори террористӣ, Мустафо Ал-Козимӣ, нахуствазири Ироқ дастури оғози таҳқиқоти фавриро барои равшан шудани иллати он ва пайгарди мағзҳои террористӣ, ки убури террористҳо ва фаъолияти онҳоро осон карданд, содир кард.
Ин ду инфиҷор бо маҳкумияти шадиди кишварҳову созмонҳои мухталиф, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон рӯ ба рӯ шуд.
Мусобиқаи UFC 257 дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд. Муҳорибаи асосӣ вохӯрии Коннор Магрегори ирландӣ ва Дастин Пореи амрикоӣ буд.
Дар даври аввал Поре Макгрегорро дар қафас ҷасф кар. Ҳарду ҷанговар дар ин мавқеъ чанд муддат истоданд ва пас ҷой иваз карданд - Коннор Дастинро дар чунин вазъ нигоҳ дошт.
Мубориза дар ибтидо суст буд - Макгрегор ва Поре бо мушт дар рӯй ва тани ҳамидигар заданд, аммо тағйироте набуд.
Даври дуюм хеле ҷолибтар шуд. Макгрегор аллакай ба истифодаи пойҳо ва дастонаш шурӯъ кардааст. Поре ҳатто якчанд зарбаи дақиқи ирландиро аз даст дода, бо ҳамлаҳои номуваффақ посух дод.
Бо вуҷуди ин, вақте даври дуюм қариб хотима меёфт, Поре ҳамлаҳои пай дар пай анҷом дод ва ба тааҷҷуби ҳама, Макгрегорро нокауд кард.