Сейсмический график, архивное фото

Тоҷикистонро заминларза такон дод

659
(Таҷдидшуда 14:34 02.12.2020)
Дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон заминларза ба амал омад: ин заминҷунбӣ дар кишварҳои ҳамсоя эҳсос нашуд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бомдоди имрӯз соати 05:36 бо вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон замин ларзид, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.

Қувваи заминларза 4,1 баллро ташкил дода, он дар умқи 122 километр ба вуқӯъ пайвастааст.

Маркази заминҷунбӣ ин бор ноҳияи Дарвоз буд.

Дар бораи талафоти ҷонию молӣ дар паи заминларза хабар дода нашудааст.

Ин бор заминҷунбии Тоҷикистон дар кишварҳои ҳамсоя эҳсос нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран рӯзи 26 ноябр, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар як рӯз ду маротиба бо фосилаи чанд соат замин ҷунбида буд.

Заминҷунбии аввал  соати 13:01 сурат гирифт, ки қувваи зилзила дар маркази он 4,5 баллро ташкил медод, аммо дуввумин заминларза соати 20:27 ба вақти маҳалӣ сурат гирифт, ки қувваи он ба 4,6 балл расид.

Макони ҳар ду заминҷунбӣ наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон буд.

659
Барчаспҳо:
шиддати сахти такони замин, такони замин, такон, Тоҷикистон, заминларза
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (27)
Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе

Чаппа шудани мошин дар роҳи Хоруғ - Душанбе: ронанда бо ду мусофир ҷон дод

9136
(Таҷдидшуда 16:03 23.01.2021)
Ронандаи 46 - сола аз шаҳри Хоруғ бо 5 мусофир дар самти Душанбе ҳаракат мекард, ки дар нимароҳ ба садамаи мудҳиш рӯбарӯ шуд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рух додани садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар километри 277 - уми роҳи мошингарди Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 22 январ рух додааст.

"Ронандаи 46 - солаи автомашинаи "Landcruser", аз шаҳри Хоруғ бо панҷ мусофир самти пойтахт ҳаракат мекард, ки дар нимароҳ ба садама дучор шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, аз сабаби барфрезӣ ва шамоли сахт ронанда аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба ҷарии 40 метр сарозер шуд.

Дар натиҷа худи ронанда бо ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.

Тӯйхона мотамхона шуд: мошини домод замони барои арӯс рафтан дучори садама шуд

Гуфта мешавад, мусофирони дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон интиқол доданд. Маълумоти бештар дар мавриди фавтидагону ҷароҳатбардоштагон рӯйи даст нест.

Кумитаи ҳолатҳои фақулода ҳамчунин гуфт, рӯзи гузашта аз сабаби боришоти зиёди барф роҳи Шуғнон - Ишкошими ВМКБ муваққатан масдуд буд.

9136
Барчаспҳо:
садама, Хоруғ, Душанбе, роҳ, мошин
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото

ДОИШ масъулияти ду ҳамлаи мудҳиши Бағдодро бар ӯҳда гирифт

167
(Таҷдидшуда 12:44 23.01.2021)
Ду маргталабе, ки худро назди бозоре дар Бағдод мунфаҷир намуданд, 32 нафарро куштанду 110 каси дигарро захмӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ахиран гурӯҳи террористии ДОИШ ба таври расмӣ масъулияти ду инфиҷори интиҳорӣ дар Бағдодро бар ӯҳда гирифт, хабар медиҳад сомонаи "Аъмоқ", ки вобаста ба ин гурӯҳ аст.

Манбаъ меафзояд, рӯзи панҷшанбе дар Бағдод яке аз аносири ин гурӯҳ ба номи Абуюсуф ал-Ансорӣ камарбанди инфиҷории худро дар майдони Ал-Тайрони Бағдод мунфаҷир кард ва камарбанди дуввумро низ Муҳаммадориф ал-Муҳоҷир, узви дигари ин гурӯҳи террористӣ ба ҳамин равиш мунфаҷир кардааст.

Ба гуфтаи масъулони ироқӣ ин ду инфиҷор, ки дар бозори пуриздиҳоми майдони Ал-Тайрони Бағдод ба вуқуъ пайваст, 32 куштаву 110 захмӣ барҷой гузоштааст.

Пайёми Оиша аз Бағдод: падару модарамро гум кардам

Ба дунболи ин ду инфиҷори террористӣ, Мустафо Ал-Козимӣ, нахуствазири Ироқ дастури оғози таҳқиқоти фавриро барои равшан шудани иллати он ва пайгарди мағзҳои террористӣ, ки убури террористҳо ва фаъолияти онҳоро осон карданд, содир кард.

Ин ду инфиҷор бо маҳкумияти шадиди кишварҳову созмонҳои мухталиф, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон рӯ ба рӯ шуд.

167
Барчаспҳо:
ҳамла, масъулият, ДОИШ, Бағдод
Ново-Ангренской ТЭС,  Узбекистан

Худкушии сардори коргоҳ баъди садамаи нерӯгоҳи ҳароратие дар Ӯзбекистон

0
Сардори коргоҳе, ки дар садамаи ТЭС-и Ново-Ангрени Узбакистон ширкат дошт, пас аз бозпурсии мақомот худкушӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Раҳбари коргоҳи нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен худкушӣ кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Узбекистон бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати энергетика.

Бв иттилои манбаъ, мард дар хонаи худ худкушӣ кардааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки сардори коргоҳ ба тафтишот ҷалб шуда, барои бозпурсӣ даъват шудааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 20 январ се корманд дар бинои панҷуми нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен бар асари хуруҷи омехтаи ғубори ангишт ҷони худро аз даст доданд. Се коргари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вазорати энергетика мегӯяд, ки қабл аз иҷрои кор ба гурӯҳи пудратчиён дастур дода шуд ва ба ин объект иҷозати зарурӣ гирифтанд.

Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи ҳолати фавқулода инфрасохтор ва таҷҳизоти технологии нерӯгоҳ осеб надидаанд.

Фоҷиа: худкушии модари ҷавоне, ки ба кори саҳро машғул буду тифлаш аз тасф ҷон дод

Тафтиши ҳодиса идома дорад. Ба оилаҳои халокшудагон аз давлат ба маблаги 105 миллион сум товон дода мешавад.

0
Барчаспҳо:
худкушӣ, садама, Ӯзбекистон