Боевик Хамза Вазиристани, один из организаторов терактов в Афганистане

Ҷазои фаврӣ: ташкилкунандаи ҳамлаи хунини Ғазнии Афғонистон дар амалиёти ҳавоӣ кушта шуд

246
(Таҷдидшуда 14:20 02.12.2020)
Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ ба яке аз минтақаҳои шаҳри Ғазнии Афғонистон, ҳафт ҷангӣ нобуд ва миқдори зиёди силоҳҳо аз байн бурда шуданд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, созмондиҳандаи ҳамлаи террористӣ дар Ғазнӣ, ки дар пайи он 31 нафар кушта шуд, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ ба шаҳр дар минтақаи Ҷиро нобуд карда шуд.

Тибқи иттилои вазорат, ба ҷуз Ҳамза Вазиристонӣ, ҳафт ҷангҷӯи дигар кушта ва миқдори зиёди силоҳу муҳимоти ҷангӣ нобуд карда шуданд.

Ҳамлаи террористӣ дар Ғазнӣ рӯзи 29 ноябр дар наздикии пойгоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон рух дод.

Пас аз тирпарронӣ, як маводи тарканда, ки дар мошини дар наздикии он қароргирифта гузошта шуда буд, таркид.

Тибқи маълумоти беморхонаи маҳаллӣ, 31 нафар фавтида ва 24 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи ноябр, ҳангоми ҳамлаи миномётӣ ба яке аз ноҳияҳои Ғазнӣ, беш аз ҳашт ғайринизомӣ кушта шуданд.

Деги ҷӯшони Афғонистон: аз ихроҷи нирӯҳои Амрико кӣ бурд мекунад

Тибқи иттилои Ваҳидуллоҳ Ҷумъа, раҳбари пулиси ин қаламрав, дар минтақаи истиқоматии Нуробод се гулӯлаи миномёт таркид, ки бар асари он  ҳафт ғайринизомӣ маҷрӯҳ шуданд.

246
Барчаспҳо:
қатл, таркиш, ҳамла, Ғазнӣ, Афғонистон
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати марди солхӯрдае зери чархи “Лексус-450”-и Исфандиёр

22
(Таҷдидшуда 11:09 16.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он марди солхӯрдае ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи гузашта, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа дар роҳи самти Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-450”, Маҳмудзода Исфандиёр Сафарали 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст.

Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард

Дар натиҷа, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки як

Ортиқбоева Савриниссо Мухторовнаи 70-сола, сокини ноҳияи Масчо зери чархи  "Мерседес-Спринтер"-и Юсупов Шаҳзод Мавлонович, сокини ҳамин ноҳия ҳалок шуд.

22
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

Дамои ҳаво: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

48
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 18+20 дараҷа мерасад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  22-27 ва рӯзона 15-20 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда,  туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона  6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2  дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона   18+20 дараҷа гарм  мешавад.

48