Самолет, на фоне заката

Рӯзе 5-6 парвоз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

888
(Таҷдидшуда 12:25 03.12.2020)
Агентиии авиатсияи граждании  Тоҷикистон ҷадвали нави парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба шаҳри Душанберо нашр кард

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, давоми моҳи декабр аз Русия ба Тоҷикистон 140 парвози чартерӣ сурат хоҳад гирифт.

Ба иттилои манбаъ, дар асоси розигии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии КОВИД-19, парвозҳоро ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Красноярск, Краснодар, Қазон, Сургут ва Иркутск амалӣ мешавад.

“Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории  сироятии  COVID-19 тибқи талабот кулли мусофирони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  сафардошта бояд, ки талаботҳои синитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб  ва  дастпӯши  муҳофизатӣ  дошта  бошанд”,-афзудааст манбаъ.

Вазири меҳнат бо сафир иҷозаи сафари тоҷикистониён барои кор ба Русияро баррасӣ кард

Ёдовар мешавем, аз санаи 16 ноябр шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, барои бозгашт аз Русия ба ватан мустақиман, бе сабти ном чипта  харидорӣ  намуда, озими кишвар  шаванд.

Ҷадвали парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

 

1 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе.

2 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Екатеринбург - Душанбе;

Новосибирск - Душанбе;

 Сургут - Душанбе.

3 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе.

4 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе;

Казан - Душанбе.

5 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

 Красноярск - Душанбе.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

6 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Краснодар - Душанбе; 

Екатеринбург - Душанбе.

7 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе;

Казань - Душанбе.

8 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе;

Краснодар - Душанбе.

9 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Екатеринбург - Душанбе;

Новосибирск - Душанбе;

Сургут - Душанбе.

10 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе.

11 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе;

Казан - Душанбе.

12 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

 Красноярск - Душанбе.

13 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Краснодар - Душанбе;

Екатеринбург - Душанбе.

14 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Казань - Душанбе;

Иркутск - Душанбе.

Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд парвоз анҷом медиҳад

15 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе.

16 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Екатеринбург - Душанбе;

Новосибирск - Душанбе;

Сургут - Душанбе.

17 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе.

18 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе;

Казань - Душанбе.

19 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Новосибирск - Душанбе.

20 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Краснодар - Душанбе;

Екатеринбург - Душанбе;

21 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Казан - Душанбе;

Иркутск - Душанбе.

22 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе;

Краснодар - Душанбе.

23 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Екатеринбург - Душанбе;

Новосибирск - Душанбе;

Сургут - Душанбе.

24 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе

Тоҷикистону Русия барқарорсозии парвозҳои мунтазамро баррасӣ карданд

25 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе;

Казан - Душанбе.

26 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Красноярск - Душанбе.

27 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Краснодар - Душанбе;

Екатеринбург - Душанбе.

28 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Казан - Душанбе;

Иркутск - Душанбе.

29 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Санкт-Петербург - Душанбе.

30 декабр

Москва - Душанбе (се парвоз);

Екатеринбург - Душанбе;

Новосибирск - Душанбе;

Сургут - Душанбе.

31 декабр

Москва - Душанбе (ду парвоз).

 

 

888
Барчаспҳо:
парвозҳо, Сомон Эйр, Тоҷикистон
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати марди солхӯрдае зери чархи “Лексус-450”-и Исфандиёр

7
(Таҷдидшуда 11:09 16.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он марди солхӯрдае ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи гузашта, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа дар роҳи самти Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-450”, Маҳмудзода Исфандиёр Сафарали 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст.

Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард

Дар натиҷа, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки як

Ортиқбоева Савриниссо Мухторовнаи 70-сола, сокини ноҳияи Масчо зери чархи  "Мерседес-Спринтер"-и Юсупов Шаҳзод Мавлонович, сокини ҳамин ноҳия ҳалок шуд.

7
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

Дамои ҳаво: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

43
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 18+20 дараҷа мерасад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  22-27 ва рӯзона 15-20 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда,  туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона  6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2  дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона   18+20 дараҷа гарм  мешавад.

43