Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото

Ҳушдори КҲФ аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳӣ

270
(Таҷдидшуда 11:14 03.12.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва ронандаҳо аз фаромадани тарма дар баъзе аз шоҳроҳҳои кишвар ҳушдор додааст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ин ниҳод  бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор дода гуфтааст, дар қитъаҳои шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Кӯлоб-Дарвоз , Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, дараҷаи баланди хавфи тармафароӣ боқӣ мондааст.

Дар робита ба ин, кумитаи бори дигар аҳолиро даъват менамояд, ки аз сафар, ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ кунанд ва ҳушёр бошанд.

"Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё дар қитъаҳои зери тарма қарордошта, бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд. Дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёт бошед. Ҳаёти худро зери хатар нагузоред!",-афзудааст манбаъ.

КҲФ Тоҷикистон гуфт, дар нуҳ моҳ аз офатҳои табиӣ чанд нафар ҳалок шуд

Ин ниҳод сар аз оғози сардиҳо ва барфборӣ низ ба сокинон ҳушдор дода буд, ки дар фасли сармо ҳамеша аз эҳтиёт кор гиранд, ва аз ронандагон низ хоста буд, то худравҳояшонро пурра барои зимистон омода карда, баъдан ба сафар бароянд.

270
Пиджак на кресле

Ҷазои мақомдор дар Қубодиён: ба мушкили сокинон расидагӣ накард

276
(Таҷдидшуда 12:21 22.01.2021)
Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хусрав дар ноҳияи Қубодиён парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми Сатторов Абдураҳим заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хусравро эълон кард.

Ба иттилои котиботи прокуратураи ин вилоят, номбурда аз моҳи майи соли 2015 дар мақоми мазкур ифозаи вазифа мекард.

Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора

Гуфта мешавад, дар давраи фаъолияти кориаш Сатторов талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикмстон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" - ро дағалона вайрон намуда, муроҷиати шаҳрвандонро нодида мегирифт.

Манбаъ аз ҷумла шаҳрвандонеро, ки ба заминсоз муроҷиат карданду мушкилоти онҳо бе ҳал монд, номбар кард. 

"Шаҳрвандон Худойназаров, Хушвахтов, Беков, Норов, Бобомуротов, Дустмуродова, Бобомуродов ва ҳамчунин муроҷиати сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён бидуни таваҷҷӯҳи Сатторов монда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳифзшудаи онҳо зарари ҷиддӣ расонида шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Ба ҳамин минвол, додгоҳи вилояти Хатлон 18 сентябри соли 2020 нисбати Сатторов тибқи моддаи 163 қисми 1-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Бо қарори суд, Сатторов гунаҳгор дониста шуда, ӯро ба пардохти 5 800 сомонӣ ба фоидаи давлат муваззаф намуданд.

276
Барчаспҳо:
мардум, мушкил, ҷарима, Қубодиён
Сотрудники КЧС спасли двух подростков

Наҷоти ду ноболиғ дар пойтахти Тоҷикистон

511
(Таҷдидшуда 19:31 21.01.2021)
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шащри Душанбе ду кӯдаки ноболиғе, ки дар дохили хона банд монданд, наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ба нақл аз КҲФ-и Тоҷикистон як сокини хиёбони Рӯдакии пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш баста ва ду кӯдаки ноболиғаш дар дохили хона мондааст.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дастаи махсуси зудамали наҷоти КҲФ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар, ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд.

“Лозим омад бо истифода аз нардбон ва дигар таҷҳизот аз тиреза вориди хона шаванд ва дарро аз дарун боз кунанд. Маълум шуд, ки ду кӯдак, ки яке духтарчаи 7-сола ва дигар писарчаи 8-сола дар дохили хона монда буданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

КҲФ-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки кӯдакон солим ба модарашон супурда шуданд ва ба ҳеч ёрии тиббиву равонӣ ниёз надоштанд.

Дар ҳамин ҳол КҲФ зикр кардааст, ки дар зарфи як ҳафтаи охир танҳо дар шаҳри Душанбе ин чорумин ҳолатест, ки модарон саросема аз манзил берун мешаванд ва тифлон дар дохил танҳо мемонанд. 

511
Барчаспҳо:
Душанбе, пойтахт, ноболиғ, наҷот, КҲФ Тоҷикистон, КҲФ, Тоҷикистон
Барф дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Барфрезии шадид: аз хурсандии бархе то афзоиши кори кӯчарӯбон ва таъхири парвоз-акс

0
Барфрезии шадиди имрӯз Тоҷикистонро сафедпӯш карда, кори кӯчарӯбҳоро, ки ҳамарӯза субҳи барвақт ба поксозии ҷодаҳо машғуланд ба маротиб зиёд намуд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Барфрезӣ инчунин шабакаҳои иҷтимоиро низ сафедпӯш кард, чун корбарони зиёд фаъолона аксҳоро дар саҳифаҳояшон нашр кардаанд.

Абдураҳмон Раҳмонов, рӯзноманигор ва аксбардори тоҷик дар саҳифааш аксҳои гирифтаашро зери унвони “Ҳавои арктикӣ ба Душанбе ҳам расид”-ро нашр кардааст.

Аксҳои нашркардаи Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати Хуҷанд, бозгӯи онанд, ки барфрезии шадид шимоли Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Ҳавошиносон мегӯянд, чунин вазъ чанд рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд.

Дар ҳамин ҳол ба далели барфрезии шадид бархе аз парвозҳо ба таъхир афтодаанд. Аз ҷумла парвоз аз Душанбе ба Истанбул бо таъхири чандсоатӣ сурат гирифтааст.  

Дар баробари ин кори кӯчарӯбон низ ки ҳамарӯза субҳи барвақт ба поксозии Душанбе машғуланду миёни сокинон барои субҳхезию кордӯстияшон “фариштаҳои субҳгоҳӣ” ном гирифтаанд, ба маротиб зиёд шудааст.

0
Барчаспҳо:
парвоз, таъхир, Тоҷикистон