Девушка в наручниках, фото из архива

Вазорат духтареро, ки гуфта мешуд модарашро корд задааст, боздошт кард-видео

1576
(Таҷдидшуда 11:36 03.12.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе аз боздошти як ҷавондутар хабар медиҳад, ки модарашро кор зада, захмӣ кардаст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ин ниҳод ҳодисаи кордзании зани 50-соларо аз сӯи духтараш дар пайи муроҷиати видеоии ӯ ошкор кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ, бар асари як нофаҳмии оилавӣ, Азизова Моҳираи 50 - сола, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшонро духтари 32-солааш Азизова Хосият дар манзили истиқоматиашон бо корди хоҷагидорӣ зарба зада ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ҳодиса Азизова Моҳира ба беморхона дастрас ва бистарӣ карда шуда, баҳри табобат чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Ёдовар мешавем, навори муроҷиати ин зан оид ба захмӣ шуданаш аз сӯи духтараш чандест дар интернет чарх мезанад ва мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифтааст.

Дар навор ҷабрдида мегӯяд ду духтаронаш нақшаи куштори ӯро доштанду хонаашро гирифтанӣ буданд.

Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео

Вобаста ба ҳолати мазкур РВКД ба таври расмӣ гуфтааст, ки нисбати шаҳрванд Азизова Хосият бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт ҷараён дорад.

1576
Барчаспҳо:
навор, боздошт, ВУД ҶТ
Наручники висят на дверной ручки, архивное фото

Боздошти ду мард: дилхоҳ ҳуҷҷатҳои ронандагиро қалбакӣ тайёр мекарданд

131
Вазорати умури дохилааи Тоҷикистон мегӯяд, даст доштани онҳо дар ҳафт ҳолат тасдиқ шуд ва акнун нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷибоев Ибодуллои 60 - сола ва Неъматуллоев Зарифҷони 45 - соларо кормандони милитсия дастгир намуданд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду боздоштшуда сокинони вилояти Хатлон буда, дар сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешаванд.

Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом

Манбаъ меафзояд, номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғул будаанд.

"Аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА "Амонатбонк" оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки даст доштани онҳо дар 7 ҳолат ошкор шудааст. 

Феълан, нисбат ба номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

131
Барчаспҳо:
ҳуҷҷат, сохтакорӣ, боздошт
Дым поднимается от здания, после взрыва в центре Мадрида

Таркиши мудҳиш дар маркази Мадрид-навори шоҳидон

342
(Таҷдидшуда 20:58 20.01.2021)
Таркиши мудҳише маркази шаҳри Мадридро такон дод ва як кӯчаро тақрибан хароб намуд. Сабаби таркиш мавриди таҳқиқ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бар асоси иттилои расида, таркиш дар бинои навбунёде дар кӯчаи Толедо рух додааст ва дар натиҷа биноро тақрибан тахриб намуд.

Сабабҳои таркиш феълан маълум нест. Дар ҷои ҳодиса айни ҳол мақомот кор карда истодаанд. Яке аз сабабҳои эҳтимолӣ хориҷ шудани газ арзёбӣ мешавад.

Бархе манобеи дигар мегӯянд, таркиш дар меҳмонхона рух додааст, бархеи дигар изҳор медоранд, ки дар хонаи пиронсолон.

Дар ин таркиш, ки баъди зуҳри имрӯз рух додааст, чанд нафар ҳалок шуда, бархеи дигар маҷруҳ гардидаанд. Аммо дақиқан теъдоди қурбониён то ҳол ироа нашудааст.

342
Мужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото

Дар соле, ки марзҳо баста буданд: Русия шумораи муҳоҷирони воридшударо дақиқ кард

0
(Таҷдидшуда 14:21 21.01.2021)
Шаҳрвадони хориҷӣ дар соли 2020 назар ба соли 2019 ба ҳудуди Русия 70 дар сад камтар ворид гардидаанд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бо далели пандемияи коронавирус дар Русия шумораи муҳоҷирон якбора коҳиш ёфт, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба ВКД Русия.

Ҳамин тавр, ба Русия дар соли 2020 аз моҳи январ то ноябр 5,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ворид гардиданд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2019 ба 70,2 дар сад камтар аст.

Бино бар омор, теъдоди бештари муҳоҷирон ба Русия аз кишварҳои Осиёи марказӣ - 80 дар сад ворид шуданд. 7,3 дар сади меҳмонон дар Русия аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо буданд.

"Таъкид карда мешавад, ки ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ 24 дар садро ташкил дод. Аз ин ҷараёни муҳоҷират 12,4 дар садаш ба шаҳрвандони дигар кишварҳо рост меояд", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Бино бар иттилои ВКД, дар соли 2020 қариб нисф - 44 дар сади тамоми шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо ҳадафҳои шахсӣ ворид шудаву барои кор танҳо 24 дар садомадаанд.

Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

Ёдрас мешавем, дар пайи пандемияи коронавирус аз 27 марти соли 2020 Русия марзҳояшро баста буд ва тамоми парвозҳои байналмилалӣ, ба истиснои парвозҳои махсус, санитарӣ, почта ва ғайра, лағв гардиданд.
Аз моҳи августи соли 2020 парвозҳо барқарор мешаванд.

Пештар Авиатсияи граждании Тоҷикистон эълом кард, ки бо Русия барои барқарор кардани парвозҳо гуфтушунидҳоро идома медиҳад. Аммо, феълан танҳо парвозҳои махсус анҷом дода мешаванд.

0