ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтраи матбуотии ин ниҳод, садама санаи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:30-дақиқа дар роҳи автомобилгарди "Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён" рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зефира", Мирзоев Шарифҷони 21-сола сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён", дар ҳудуди деҳаи П.Поён қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карда, ба автомашинаи тамғаи "Дэу-Нексия", таҳти идораи ронанда, Қаноатов Абдурафии 43-сола сокини деҳаи Фатҳободи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандагони ҳарду автомашинаҳо Мирзоев Ш.С., Қаноатов А.А. ва мусофирони автомашинаи тамғаи "Опер-Зефира" шаҳрвандон: Шодиев Аҳмадҷон Камоловичи 35-сола, Шодиева Гулҳаваси 30-сола, Шодизода Шукрона Аҳмадҷони 2-сола, Шодизода Умарҷон Аҳмадҷони навзод (соли таваллудаш 2020) ва Шодиева Меҳрафрӯз Аҳмадҷоновнаи 11-сола, хонандаи синфи 4-уми МТМУ №44-и ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, ки бино ба манобеи Sputnik Тоҷикистон аъзои як хонаводаанд.
Ҳалокати донишҷӯю табиб: ду садамаи маргбор дар Душанбею Шуғнон
Баъди 1 соат падари хонадон Шодиев Аҳмадҷон Камоловичи бо ду фарзанди хурдсолаш Шодизода Шукрона ва Шодизода Умарҷон дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Садамаи мудҳиш: ду нафар ҷо ба ҷо, як нафар дар шифохона фавтиданд
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар ноҳияи Тоҷикобод нимаи моҳи январ муллое бо номи Идиев Шариф аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд, хабар медиҳад нашрияи "Пайк".
Ба иттилои манбаъ, мулло 59 сол дошта, бо истифода аз тасбеҳу таштоб "кор" - и корафтодагонро ба таври худ ҳал мекард.
Боздошти “Мулло Шералӣ”, ки беморонро бо ҳашарот табобат мекардааст
Манбаъ меафзояд, ҳангоми бозпурсӣ, Идиев иқрор шудааст, қоғазпораҳое, ки дар он худ ба худ хаттотӣ мекунад ва бо ҳуруфи арабӣ дуоҳоро менависад, навиштаашро ҳатто худаш хонда наметавонад. Илова бар ин, ба маънои таштоби навиштаи худ ҳам сарфаҳм намеравад.
"Бо вуҷуди ин, номбурда бо ҳамин роҳ даромади муфт ба даст оварда, пули корафтодагонро муфт азхуд мекард", - таъкид мешавад дар хабар.
Ҳамин тариқ, нисбат ба Идиев бо моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷибоев Ибодуллои 60 - сола ва Неъматуллоев Зарифҷони 45 - соларо кормандони милитсия дастгир намуданд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду боздоштшуда сокинони вилояти Хатлон буда, дар сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешаванд.
Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом
Манбаъ меафзояд, номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғул будаанд.
"Аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА "Амонатбонк" оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд
ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки даст доштани онҳо дар 7 ҳолат ошкор шудааст.
Феълан, нисбат ба номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.