Қатли як журналисти дигар дар Афғонистон: ӯро бо ронандааш паронданд

128
(Таҷдидшуда 18:17 10.12.2020)
Давоми ҳамагӣ як моҳи ахир дар Афғонистон дасти кам 3 рӯзноманигор ҳадафи тири ҷангиён қарор гирифтанд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Субҳи имрӯз, 10 декабр дар Ҷалолобод боз як рӯзноманигор ба таври бераҳмона кушта шуд, хабар медиҳад Tolo News. 

Ба иттилои манбаъ, Малолай Майванд сухангӯи шабакаи хусусии радио ва телевизиони ин вилоят дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар Ҷалолобод кушта шуд.

Сухангӯи волии Нангарҳор Оятулло Хугиёнӣ дар робита ба куштори Майванд мегӯяд, ӯро ҳамроҳи ронандааш ба аснои сӯи дафтари корияш ҳаракат кардан, ҳадафи тир қарор доданд.

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

Ба гуфта ӯ ҳодисаи нохуш субҳи рӯзи 10 декабр, тақрибан соати 7:10 дақиқа дар минтақаи "Гулоии Арабон" - и ноҳияи сеюми Ҷалолобод рух додааст.

Феълан, ҳеҷ гурӯҳе масъулияти қатли бераҳмонаи Майванд ва ронандаашро ба ӯҳда нагирифтааст.

Бояд қайд намуд, ки дар як моҳи ахир Афғонистон сеюмин рӯзноманигорашро ба хок месупорад.

128
Барчаспҳо:
рӯзноманигор, қатл, Афғонистон
Река Душанбинка. Архивное фото

Ҷавондухтари 24 - сола дар Душанбе, ки қасди худкушӣ кард, наҷот ёфт

212
(Таҷдидшуда 10:35 26.02.2021)
Ҷавондухтар ҳоло дар беморхона қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сокини 24 - солаи пойтахт аз худкушӣ наҷот ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда шоми рӯзи 25 феврал, тахминан соати 21:00 худро ба дарёи Душанбе андохт.

Гуфта мешавад, ӯ пас аз як муноқишаи оилавӣ ба мақсади худкушӣ аз хона баромада, ба назди дарёи Душанбеи кӯчаи Соҳилии пойтахт омад ва худро ғарқи оби дарё намудааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"- и ВУД, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии "Истиқлол" хизмат мебурданд бо шунидани сару садо зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

"Кормандони хадамоти мазкур, ҷавондухтарро аз марг наҷот дода, ӯро зуб ба бемористон бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин духтар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст.

212
Барчаспҳо:
наҷот, духтар, худкушӣ, Душанбе
Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Сӯхтор дар Толятти: муҳоҷири тоҷик ду фарзандашро наҷот доду кӯдаки ду - солааш ҷон бохт

450
(Таҷдидшуда 14:11 25.02.2021)
Сӯхтор дар як анборе сар зад, ки муҳоҷири тоҷик ҳамроҳ бо зану се фарзанди худ ба сар мебурд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Толятти Русия дар як анбор сӯхтор сар задаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Котиботи шӯъбаи назорати вилояти Самара хабар медиҳад, ки дар сӯхтор кӯдаки 2 - сола аз Тоҷикистон ҷон бохтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар анбори мазкур як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи нохуш рӯзи 24 феврал сар задаст ва сабаби он "нодуруст истифода шудани дастгоҳи гармидиҳӣ" арзёбӣ мешавад.

Манбаъ меафзояд, муҳоҷири тоҷик ду фарзанди худро аз алангаи оташ берун овард, вале фарзанди 2 - солаи ӯ ҷон аз даст дод.

Гуфта мешавад, волидони кӯдаки марҳум ҳоло дар беморхона қарор доранд.

Зимнан, қайд мешавад, ки пас аз сӯхтор прокуратура санҷиш ташкил карда, дар ҷараёни он маълум гардид, ки анбор барои фаъолияти тиҷоратӣ бо иштироки муҳоҷирон истифода шудааст. Ҳоло қонунӣ будани кори шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш карда мешавад.

Зодагони Тоҷикистон дар Петербург мардумро аз коми оташ наҷот доданд - навор

Мақомот аллакай аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

450
Барчаспҳо:
тоҷик, муҳоҷир, сӯхтор, Толятти

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

0
(Таҷдидшуда 12:00 26.02.2021)
Президенти ИМА Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 феврал - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи вазорати дифоъи ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиаӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

 

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф ҳафт бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

0
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия