ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Бегоҳии 9 декабр, дар хонаи сокини деҳаи Саттори ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Юсуфалӣ Сафаров сӯхтор ба амал омад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
ВУД сабаб, зарар ва гунаҳкори сӯхтор дар Панҷакентро гуфт
Гуфта мешавад, ки ба ҷои ҳодиса, афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Турсунзода сафарбар гардида, якҷо бо сокинони деҳа оташро хомӯш карданд.
КҲФ сабаби сӯхтор дар манзили сокини Турсунзодаро гуфт.
"Сабабаи сар задани сӯхтор ин риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи бухорӣ будааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва касе ҷароҳат ҳам набардоштааст.
Сӯхтор дар кӯдакистони қадимии шаҳри Бохтар
Дар айни замон ҳаҷми зарари расида аз ҷониби мақомотҳои дахлдор муайян карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки пештар дар манзили истиқоматии шаҳрванд Миспоҳов Исматулло, сокини 31-солаи шаҳри Панҷакент низ сӯхтор рух дода буд.
ВУД сабаби сар задани сӯхторро беназорат гузоштани гармкунаки барқии равғанӣ хонда, гунаҳкори ҳодисаро иҷорагири манзили истиқоматӣ Сайфиев Фазлиддин, сокини 34-солаи ҷамоати деҳоти Фароб ном бурд.
Зарари расондаи сӯхтор 20 ҳазору 270 сомонӣ арзёбӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми Сатторов Абдураҳим заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хусравро эълон кард.
Ба иттилои котиботи прокуратураи ин вилоят, номбурда аз моҳи майи соли 2015 дар мақоми мазкур ифозаи вазифа мекард.
Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора
Гуфта мешавад, дар давраи фаъолияти кориаш Сатторов талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикмстон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" - ро дағалона вайрон намуда, муроҷиати шаҳрвандонро нодида мегирифт.
Манбаъ аз ҷумла шаҳрвандонеро, ки ба заминсоз муроҷиат карданду мушкилоти онҳо бе ҳал монд, номбар кард.
"Шаҳрвандон Худойназаров, Хушвахтов, Беков, Норов, Бобомуротов, Дустмуродова, Бобомуродов ва ҳамчунин муроҷиати сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён бидуни таваҷҷӯҳи Сатторов монда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳифзшудаи онҳо зарари ҷиддӣ расонида шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Ба ҳамин минвол, додгоҳи вилояти Хатлон 18 сентябри соли 2020 нисбати Сатторов тибқи моддаи 163 қисми 1-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Бо қарори суд, Сатторов гунаҳгор дониста шуда, ӯро ба пардохти 5 800 сомонӣ ба фоидаи давлат муваззаф намуданд.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ба нақл аз КҲФ-и Тоҷикистон як сокини хиёбони Рӯдакии пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш баста ва ду кӯдаки ноболиғаш дар дохили хона мондааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дастаи махсуси зудамали наҷоти КҲФ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар, ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд.
“Лозим омад бо истифода аз нардбон ва дигар таҷҳизот аз тиреза вориди хона шаванд ва дарро аз дарун боз кунанд. Маълум шуд, ки ду кӯдак, ки яке духтарчаи 7-сола ва дигар писарчаи 8-сола дар дохили хона монда буданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
КҲФ-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки кӯдакон солим ба модарашон супурда шуданд ва ба ҳеч ёрии тиббиву равонӣ ниёз надоштанд.
Дар ҳамин ҳол КҲФ зикр кардааст, ки дар зарфи як ҳафтаи охир танҳо дар шаҳри Душанбе ин чорумин ҳолатест, ки модарон саросема аз манзил берун мешаванд ва тифлон дар дохил танҳо мемонанд.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.
Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.
Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.
Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.
Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард
Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.
"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.
Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.
Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.