ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Ғаюров Таҳмурас Файзидинович дар вазифаи сардори қисми навбатдории ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, даст ба чунин кор задааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда, моҳи июли соли 2018 аз шаҳрванд Собирова Х.Б. барои аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани писари охирин, маблағи 3 ҳазор доллари ИМА талаб намудааст.
Манбаъ мегӯяд, номбурда аз маблағи талабнамудааш 15.000 сомониашро гирифтааст.
Боздошти мансабдори ҳукумати Бохтар: 80 ҳазор сомонии Собировро гирифту Ҳаҷ нафиристод
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ғаюров Т.Ф. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бар асоси гузориши ВУД, маъмурини Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар пайи як амалиёт Маъбурҷон Таҳоров, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд.
Дар пайи кофтукоб дар боми хонаи падари дастгиршуда, дар деҳаи Шукурови шаҳри Турсунзода як автомати Калашников бо 29 дона тир ва норинҷак пайдо карда шуд. Таҳоров дар гузориш изҳор медорад, ки ин аслиҳаро солҳои 1997 ё 1998 ба ивази 300 доллар бо ҳадафи ҳимоя харид.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ин силоҳро он замон барои ҳимояи худу фарзандонаш гирифта буд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан алайҳи Таҳоров парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин ниҳод зикр намуд, афроде, ки ихтиёран ба мақомоти умури дохилӣ силоҳи оташфишон месупоранд аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.
ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 24-уми январ, тахминан соати 16:30, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ронандаи худрави "Тайота-Кемри", Раҳмонзода Фирдавс, сокини 36 - солаи Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" бархӯрдааст.
ВУД қайд мекунад, ки худрави дуюм таҳти идораи Даминов Убайдулло, сокини 31 -солаи ҷамоати деҳоти Арали ноҳияи Восеъ будааст.
"Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри", Бобоёрова Ҷамолбӣ, сокини 61 - солаи шаҳри Душанбе, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Чаппа шудани мошин дар роҳи Хоруғ - Душанбе: ронанда бо ду мусофир ҷон дод
Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Даминов ва мусофирони ӯ Мирзоев Комилҷон, сокини 51 - солаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ва ноболиғ Раҳмонзода Саидбилол, сокини 8 - солаи Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини хадамоти ҳавоии кишвар дастур додааст, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.
“Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром, директорони генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон дастур доданд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд”,-афзудааст, котиботи президент.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта зимни ироаи паёми солона Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.
Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.
Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.
Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард
Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия, ки хатсайри маъмул ба шумор меравад, масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад. Аммо то кунун чизе дар ин самт рушан нашудааст.