Ҳалокати ду марди солхӯрда дар пайи афтидани “Нексӣ” аз болои пул

© Sputnik / Павел Петров / Гузариш ба медиабонкАвтомобиль упал в реку
Автомобиль упал в реку - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ноҳияи Вахш хабар дод, ки субҳи барвақти 18 декабр рух додааст

ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 18-уми декабр, тахминан соати 04:30 мошини “Нексӣ” ба далели туман аз болои пул ба канал чаппа шудааст, ки дар натиҷа ронанда ва мусофираш ба ҳалокат расидаанд.

Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурқурбонӣ: “Тойота” таҳти идораи ронандаи 19-сола ба дарахтон бархӯрд

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Некси-Даэву”, Ҷабборов Абдулмаҷид Тоштемурович, соли таваллудаш 1956, сокини ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди роҳи мошингарди деҳаи Мардасойи ҳамин ноҳия бинобар сабаби туман ва кам будани масофаи дидашавии роҳ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз болои пул ба дохили канал афтида, чаппа шудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, худи ронанда Ҷабборов ва мусофири мошин Бобоҷонов Абдурасул Раҳмонович, соли таваллудаш 1955, сокини ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0