Узбекская валюта - сум

Фасодзадатарин ниҳод дар Ӯзбекистон эълон шуд

708
(Таҷдидшуда 15:35 20.12.2020)
Танзила Норбоева , раҳбари Сенати Олии Маҷлиси Узбекистон зимни суханронӣ оид ба мушкилоти марбут ба ислоҳот ва буҷаи давлатӣ фасодзадатарин соҳаҳо дар ин кишварро ълон кард

ДУШАНБЕ, 20  дек- Sputnik. Бино ба гузориши  Sputnik  Ӯзбекистон, Норбоева гуфтааст, моҳи октябри соли равон дар якҷоягӣ бо Палатаи ҳисоб ҳолати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои аз даромади иловагии буҷетҳои маҳаллии вилояти Тошканд ҷудошударо омӯхтаанд.

Ба гуфти ӯ, хатогиҳо ва камбудиҳо дар ҳаҷми 146,5 миллиард сӯм муайян карда шуданд. Барои корҳои ба анҷом нарасида, хароҷот ба 1,6 миллиард сӯм баробар шудааст.

Ӯ аз маълумоти Прокуратураи генералӣ мисол овардааст, ки тибқи он аз моҳи январ то сентябри соли равон 764 ҳолати вайронкунии қонун, аз ҷумла 468 ҷиноят вобаста ба азхудкунии маблағҳои буҷа ошкор карда шудааст.

Зарар такрибан 220 миллиард сумро ташкил дод.

Норбоева қайд кард, ки фасодкории аз ҳама зиёд дар соҳаи маориф ошкор карда шудааст.

"Одамоне, ки умуман дар система кор намекунанд, солҳо маош мегиранд", - шарҳ дод раиси сенат.

Чунин манзара дар вазоратҳо ва ҳокимиятҳо низ ба назар мерасад.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Ҳамин тариқ, дар Вазорати фарҳанг дар соли ҷорӣ 12 миллиард маблағҳои буҷетро ғорат карданд: молҳое, ки мақомот барои онҳо пул ҷудо кардаанд, оварда нашуданд, корҳо иҷро нашуданд ва хидматҳо низ пешниҳод намешуданд.

"Вақте ки мо мегӯем:" Ба иншооти мероси моддӣ ва фарҳангӣ нигаред, марказҳои фарҳангӣ ба харобазор табдил ёфтанд ", мегӯянд онҳо пул надоранд. Аммо дар асл, чунин аст! Албатта, масъулият ногузир аст ва наметавон онро пешгирӣ кард. Масъала дар он сабабҳост, ки ин шартро ба вуҷуд меоранд: ошкорбаёнӣ, масъулият, назорати заиф вуҷуд дорад! "- илова кард Норбоева.

Ба гуфтаи вай, ин масъалаҳо бояд фавран ҳалли худро пайдо кунанд, "вагарна, бо чунин вазъияти номатлуб муддати дароз мубориза бурдан ғайриимкон хоҳад буд".

Ёдовар мешавем, Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон низ дар нишастҳои қаблияш Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро низ аз фасодзадатарин соҳа дар кишвар унвон карда буд.

708
Барчаспҳо:
Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф, фасод, Ӯзбекистон
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Дар Бадахшони Афғонистон 15 нафар зери тарма ҷон доданд

57
Тарма дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромадаст, ки зери назорати толибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар Афғонистон 15 нафар бар асари фаромадани баҳман ва ё тарма ҷон аз даст доданд.

Ба иттилои мақомоти Афғонистон, тарма рӯзи 4 март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромад, ки он зери назорати толибон қарор дорад.

Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар доданд, ки нахуст ҷасади 12 нафар аз зери тарма берун оварда шуд.

Сипас теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ ба 15 нафар расид. Ҳамзамон панҷ нафари дигар бар асари фаромадани баҳман маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар масири Хоруғ - Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат баста шуд ва сипас бо талоши поксозони роҳ ин мушкилӣ бартарафгардид.

57
Барчаспҳо:
тарма, Афғонистон
Крокодил, архивное фото

Дар Индонезия тимсоҳ кӯдакро фурӯ бурд: шикамашро чок карда, ӯро бароварданд

1654
(Таҷдидшуда 19:16 06.03.2021)
Ҳарчанд падари кӯдак зуб бохабар шуд ва хост фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро ба даруни об андохта нопадид шуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар рӯдхонаи Темпакули Индонезия як фоҷиаи мудҳиш рух дод. Ба ҳангоми моҳидории падару писар, пимсоҳ ба кӯдак ҳамла намуда, ӯро комилан фурӯ бурд, менависад The ​​Sun.

Ба иттилои манбаъ, хазандаи шаш метра ҳангоми аз соҳил дур шудани падар ба фарзанди 8 - солаи ӯ ҳамла кард.

Вақте ки мард баргашт, ӯ кӯшиш кард, ки даррандаро набард кунаду фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро дар об нопадид  кард.

Манбаъ меафзояд, сокинони маҳаллӣ танҳо рӯзи дигар тимсоҳро дастгир намуданд. Онҳо шиками хазандаро чок карда, аз меъдаи ӯ кӯдакро берун оварданд.

Ҳарчанд ба кӯдак осебе нарасидааст, аммо ӯ мурда буд.

Ҳамин гуна ҳолат дар Филиппин соли 2019 рух дод. Хазанда ба наврас дар ҳоле ҳамла кард, ки ӯ ва бародари хурдиаш дар дарёи маҳаллӣ шиноварӣ мекарданд.

Даҳшат: тимсоҳи азимҷусса сагро дар пеши соҳибаш фурӯ бурд - видео

Он замон тимсоҳ аз дасти чапи кӯдак газида, ӯро ба қаъри дарё кашиданӣ буд, аммо падараш тавонист фарзанди худро наҷот диҳад.

Мард барои наҷоти фарзанд, тимсоҳро аз чанд ҷо газид, ки дар натиҷа ӯ кӯдакро раҳо кард ва худ зери об рафт.

1654
Барчаспҳо:
кӯдак, тимсоҳ, Индонезия