Люди отдыхают в море

Ҷавоне дар рӯзи зодрӯзаш пас аз шӯхии аблаҳонаи дӯстонаш фавтид

2210
(Таҷдидшуда 14:06 20.12.2020)
Полис аз рӯи фарзияи тасодуфӣ рух додани ҳодиса қарор гирифт. Ҷавони соҳибҷашн бинобар зиёд рафтани хун дар беморхона ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Дар Бритониёи Кабир, як ҷавон дар сисолагии зодрӯзаш аз сабаби шӯхии аблаҳонаи дӯстонаш фавтид, менависад рӯзномаи маҳаллии Daily Star.

Ҷавон санаи зодрӯзашро дар киштӣ ҷашн гирифт. Қайд карда мешавад, ки дӯстони сархуш ӯро барои масхара ба об тела доданд.

Мард аз об шино кард, аммо вақте ки мехост ба заврақи ҳаракаткунанда барояд, ба муҳаррики он бархӯрд.

 Онҳо тавонистанд ӯро танҳо пас аз таваққуфи заврақ аз об берун кашанд.

Нашрия менависад, ки ҷабрдида бо захмҳои даҳшатноки пояш дар беморхона бистарӣ шудааст. Духтурон ӯро наҷот дода натавонистанд ва аз талафоти хун фавтид.

Полис ҳодисаи рухдодаро ҳолати тасодуфӣ баҳогузорӣ кардааст, менависад рӯзнома.

2210
Барчаспҳо:
зодрӯз, фавт, ҷавон, Британияи Кабир
Скорая помощь, архивное фото

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ: ронанда фавтиду мусофирон ҷароҳат бардоштанд

1146
(Таҷдидшуда 15:35 26.02.2021)
Ронандаи 27 - сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони ӯ ба бемористон интиқол ёфтанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ як нафар ҳалок ва дуи дигар сахт ҷароҳатдор шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, садама рӯзи 24, тахминан соати 20:30 дақиқа дар киломметри 269 -200 - и шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Бектошов Умари 27 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи худрави худ набаромадаст.

Зимнан, номбурда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", таҳти идораи Абдуғаниев Абдурауфи 29 - сола бархӯрдааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа, Бектошов ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс" ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садама дар Анзоб: мошин чаппа шуду як нафар ҳалок гашт

Инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи мазкур Бектошова Назираи 27 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд ва Раҳимов Машраби 24 - сола, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Манбаъ меафзояд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

1146
Барчаспҳо:
роҳ, мошин, садама
Река Душанбинка. Архивное фото

Ҷавондухтари 24 - сола дар Душанбе, ки қасди худкушӣ кард, наҷот ёфт

1371
(Таҷдидшуда 12:35 26.02.2021)
Ҷавондухтар ҳоло дар беморхона қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сокини 24 - солаи пойтахт аз худкушӣ наҷот ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда шоми рӯзи 25 феврал, тахминан соати 21:00 худро ба дарёи Душанбе андохт.

Гуфта мешавад, ӯ пас аз як муноқишаи оилавӣ ба мақсади худкушӣ аз хона баромада, ба назди дарёи Душанбеи кӯчаи Соҳилии пойтахт омад ва худро ғарқи оби дарё намудааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"- и ВУД, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии "Истиқлол" хизмат мебурданд бо шунидани сару садо зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

"Кормандони хадамоти мазкур, ҷавондухтарро аз марг наҷот дода, ӯро зуд ба бемористон бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин духтар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст.

1371
Барчаспҳо:
наҷот, духтар, худкушӣ, Душанбе
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото

Ашқободҷон ё Пойтахтҷон: Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад

171
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисҷумҳури Туркманистон феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои навзодҳо пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад.

Тавре "Парс тудей" менависад, раисиҷумҳури Туркманистон барои навзодоне, ки қарор аст 25 майи соли 2021 ва дар 140-умин соли таъсиси Ашқобод мутаваллид шаванд, феҳристе аз номҳоеро пешниҳод кардааст.

 Туркманистон рӯзи шанбе Комиссиюни вижаи давлатиро барои созмондиҳии ин маросим эҷод кард ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури ин кишвар низ феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои хонаводаҳое, ки фарзандонашон 25 май ва ҳамзамон бо солгарди таъсиси Ашқобод (Aşgabat) мутаваллид мешаванд, пешниҳод кардааст.

"Раисиҷумҳури Туркманистон гуфта, ки ин иқдоми намодин аст, ки исми писари нахусти хонаводаро, ки 25 майи соли 2021 мутаваллид мешавад "Пойтахт" ё "Ашқобод" ва исми духтари нахустро ҳам " Марҷон" ё "Мая" бигузоранд", - менависад манбаъ.

Раисиҷумҳури Туркманистон ҳамчунин дастур додааст то ҳадяҳое барои ин навзодон, ки дар 25 моҳи май мутаваллид мешаванд, таҳия шавад.

Петар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба симмати муовини сарвазир таъйин кард.

Сардор Бердимуҳаммадов ба вазифаи муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин гардид. Гузашта аз ин, узви Шӯрои амнияти миллӣ низ интихоб шуд.

"Дунёи маънавии туркманҳо": нашри китоби дигари Бердимуҳаммадов, раҳбари Туркманистон

Кишвардори Туркманистон гуфтаст, ки тасмим гирифт, ба кабинаи вазирон боз як вазифаи муовини раисро ворид кунад. Ба гуфтаи ӯ, муовини нави раиси ҳукумат, Палатаи олии назоратро низ сарварӣ карда, узви Шӯрои амният хоҳад буд.

Вазифаҳои муовини сарвазир, рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар системаи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва иқтисодро дарбар мегиранд.

Ҳамзамон, Сардор Бердимуҳаммадов аз вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон озод карда шуд.

171
Барчаспҳо:
номгузорӣ, навзод, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон