ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Коргардон Александр Лебедев ва дӯсти марҳум ба РИА Новости гуфтааст, ки "ӯ муддати тӯлонӣ бемор буд".
Курляндский дар пойтахти Русия таваллуд шуда, Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Маскав ба номи Куйбишевро хатм кардааст ва пас аз чанд сол ба сохтани филмҳои тасвирӣ шавқ пайдо кардааст.
Ӯ дар нашри аввалин мавсими филми тасвирии "Ну, погоди!" ширкат варзида, ҳамзамон
саҳнаҳаои филмҳои "Гошаи бошукӯҳ" ("Великолепный Гоша"), "Бозгашти тӯтии гунаҳкор" ("Возвращение блудного попугая") ва дигар филмҳои тасвириро навиштааст.
Курляндский ҳикояҳои ҳаҷвӣ менавишт ва баъзеи онҳо ба маҷаллаи Ералаш дохил карда шудаанд.
Солҳои 1970 ва 1977 ҷоизаи "Золотой теленок"-ро гирифта, соли 1988 барандаи Мукофоти давлатии СССР шудааст.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар вилояти Суғд хабар расидааст, ки дар ангушти тифли чорсола гайка рус шудаасту табибон ҳам илоҷи беосеб берун кардани онро намеёбанд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин занги телефонӣ субҳи имрӯз, соати 11:00 аз беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов расидааст.
Бо дарёфти хабар имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд фавран ба беморхона сафарбар шудаанд.
"Амалиёти имдод дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб ва осебшиносӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот бо риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва санитарӣ гузаронида шуд. Гайка аз ангушти ӯ берун оварда шуд. Вазъи саломатии кӯдак дар ҳолати хуб қарор дорад", - омадааст дар хабарнома.
Маълум шуд, ки тифл ҳамагӣ чор сол доштаву аз беназоратии волидайн даст ба гайкаву дигар таҷҳизот задааст ва билохира гайка дар ангушташ дар мондааст.
Наҷоти ду ноболиғ дар пойтахти Тоҷикистон
Кормандони Раёсат бо падари тифл ҳамсуҳбат шуданд ва гуфтанд, ки фарзандашонро набояд беназорат гузоранд, чун метавонад муҷиби нохушиҳои дигар шавад.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар як корхонаи нафт, воқеъ дар деҳаи Болшое Нуркеевои Тотористон, таркиш рух дод. Дар ин бора ТАСС ва "Интерфакс" бо такя ба манобеъи худ хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки то ҳол дар паи ин таркиш ду нафар ҷон бохта як нафари дигар захмӣ шудааст.
Тибқи иттилои манобеъ, як контейнер бо ҳавои фишурдашуда таркидааст. Ҳодиса ҳангоми санҷиши ҳавоии партоби об рух додааст.
Ногуфта намонад, ки Болшое Нуркеево дар ноҳияи Сармановски Тотористон ҷойгир аст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ҷарбдида дар ҳолати вазнин ба беморхона фиристода шудааст.
Хадамоти матбуоти прокуратураи Тотористон марги ду нафарро тасдиқ кард.
Таркиши шадид дар бозори Бағдод: ду маргталаб 28 нафарро куштанду 75 касро захмӣ карданд
Ҳамзамон, шӯъба қайд кард, ки дар ҷои ҳодиса таркиш ба амал наомадааст.
"Ин ҷо контейнер кафида буд, таркиш ба амал наомадааст", - гуфт намояндаи прокуратура.
Манбаъ афзуда, ки ин ҳодиса дар корхонаи ҶДММ "Ширкатҳои хурди нафтии Тотористон" соати 09:50 ба вақти Маскав ҳангоми озмоиши ҳавоии агрегати партоби об дар минтақаи кушод рух додааст.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз кишварҳое, ки ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд ба онҳо мол содир кардааст, ном бурд.
Тибқи иттилои хабаргузории “Авесто”, шарикони асосии содиротии Тоҷикистон давлатҳои Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон шудаанд.
Дар маҷмӯъ тайи соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми содирот 1 миллиарду 406 миллион доллар ва воридот 3 миллиарду 150,9 миллион долларро ташкил додааст.
Дар зимн қариб ними содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария рост меояд, ки ҳудуди 49 дарсад аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил додааст.
Таъкид шудааст, ки аз январ то декабри соли 2020 маблағи содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария 688,7 миллион долларро ташкил додааст. Воридот аз ин кишвар муодили 6,7 миллион долллар будааст.
Содирот ба Туркия ҳудуди 14,4 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил дода, ҳаҷми умумии гардиши савдо 322,6 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин ба содирот 203 миллион доллар ва ба воридот 119,6 миллион доллар рост меояд.
Истеҳсоли пиёз дар Тоҷикистон якчанд маротиба зиёд шуду картошка бетағйир
Ба феҳрасти молҳои асосии содиротии Тоҷикистон, алюминийи аввалия, пахта, меваҳои хушк ва металҳои қиматбаҳо шомил шудаанд.
Дар бахши воридот Тоҷикистон моли бештарро аз Русия гирифтааст, ки 29,6 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Аз Қазоқистон – 24 фоиз, аз Чин – 13,9 фоизи молҳо ворид шудаанд.