Наркотики, архивное фото

Директори Агентӣ гуфт, дар Тоҷикистон чанд нафар нашъаманд аст

486
(Таҷдидшуда 20:04 21.12.2020)
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз мусодираи 2 тоннаю 236 кило маводи мухаддир давоми 11 моҳи соли равон иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, сатҳи нашъамандӣ ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ба 5 ҳазору 130 нафар расидааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 245 нафар ё 4,6 фоиз коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, дар панҷ соли охир сатҳи нашъамандӣ 27,4 фоиз кам шудааст, ки сабаби он корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила баланд гардидани маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибатҳои зарари нашъамандӣ, инчунин тартиби дуруст ба роҳ мондани  бақайдгирии беморони нашъаманд дар марказҳои наркологӣ мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, аксарияти маводи мухаддир, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегардад, дар хати сарҳад  ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудаанд.

“Мо ба воридшавии маводи нашъадор ба дохили Тоҷикистон ва минбаъд аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо садди устувор гузоштем”,- гуфтааст Воҳидзода.

Шифо ёфтанд? шумораи мӯътодони нашъа дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Номбурда гуфтааст, ҳамасола мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон аз 500 то 1000 ҷиноятои мухаддиротиро муайян ва ошкор менамоянд. Танҳо дар 11 моҳи соли равон 615 ҷиноятҳои вобаста ба маводи муходдир ошкор ва ба қайд гирифта шуданд. 

Маводи мухаддир давоми 11 моҳи соли равон мусодирашуда ба 2 тоннаю 236 кг расидааст.

"Дар Тоҷикистон ҳаҷми мусодираи маводи мухаддири афғонӣ аз ҳаҷми умумие, ки дар ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия мусодира гардидааст, зиёдтар мебошад",-гуфтааст, ӯ.

Директори Агентӣ гуфтааст, ки давоми солҳои 2017-2020 аз ҷониби мақомоти  ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 35 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ ошкор ва фаъолияташон қатъ карда шуда, 84 нафар саркардагон ва аъзои фаъоли онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

486
Барчаспҳо:
нашъаманд, Агентии назорати маводи нашаъаовари Тоҷикистон, Тоҷикистон
Место взрыва на нефтяном предприятии в Татарстане

Таркиши мудҳиш дар Татаристон ду кушта ва як захмӣ бар ҷой гузошт

22
(Таҷдидшуда 16:22 22.01.2021)
Дар як корхонаи истеҳсоли нафти Тотористон таркиш ба амал омад. Феълан аз чанд кушта хабар дода мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар як корхонаи нафти воқеъ дар деҳаи Болшое Нуркеевои Тотористон, таркиш рух дод. Дар ин бора ТАСС ва "Интерфакс" бо такя ба манобеъи худ хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки то ҳол дар паи ин таркиш ду нафар ҷон бохта як нафари дигар захмӣ шудааст.

Тибқи иттилои манобеъ, як контейнер бо ҳавои фишурдашуда таркидааст. Ҳодиса ҳангоми санҷиши ҳавоии партоби об рух додааст.

Ногуфта намонад, ки Болшое Нуркеево дар ноҳияи Сармановски Тотористон ҷойгир аст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ҷарбдида дар ҳолати вазнин ба беморхона фиристода шудааст.

Хадамоти матбуоти прокуратураи Тотористон марги ду нафарро тасдиқ кард.

Таркиши шадид дар бозори Бағдод: ду маргталаб 28 нафарро куштанду 75 касро захмӣ карданд

Ҳамзамон, шӯъба қайд кард, ки дар ҷои ҳодиса таркиш ба амал наомадааст.

"Ин ҷо контейнер кафида буд, таркиш ба амал наомадааст", - гуфт намояндаи прокуратура.

Манбаъ афзуда, ки ин ҳодиса дар корхонаи ҶДММ "Ширкатҳои хурди нафтии Тотористон" соати 09:50 ба вақти Маскав ҳангоми озмоиши ҳавоии агрегати партоби об дар минтақаи кушод рух додааст.

22
Барчаспҳо:
захмӣ, кушта, таркиш, Татаристон
Пиджак на кресле

Ҷазои мақомдор дар Қубодиён: ба мушкили сокинон расидагӣ накард

458
(Таҷдидшуда 12:21 22.01.2021)
Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хусрав дар ноҳияи Қубодиён парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми Сатторов Абдураҳим заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хусравро эълон кард.

Ба иттилои котиботи прокуратураи ин вилоят, номбурда аз моҳи майи соли 2015 дар мақоми мазкур ифозаи вазифа мекард.

Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора

Гуфта мешавад, дар давраи фаъолияти кориаш Сатторов талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикмстон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" - ро дағалона вайрон намуда, муроҷиати шаҳрвандонро нодида мегирифт.

Манбаъ аз ҷумла шаҳрвандонеро, ки ба заминсоз муроҷиат карданду мушкилоти онҳо бе ҳал монд, номбар кард. 

"Шаҳрвандон Худойназаров, Хушвахтов, Беков, Норов, Бобомуротов, Дустмуродова, Бобомуродов ва ҳамчунин муроҷиати сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён бидуни таваҷҷӯҳи Сатторов монда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳифзшудаи онҳо зарари ҷиддӣ расонида шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Ба ҳамин минвол, додгоҳи вилояти Хатлон 18 сентябри соли 2020 нисбати Сатторов тибқи моддаи 163 қисми 1-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Бо қарори суд, Сатторов гунаҳгор дониста шуда, ӯро ба пардохти 5 800 сомонӣ ба фоидаи давлат муваззаф намуданд.

458
Барчаспҳо:
мардум, мушкил, ҷарима, Қубодиён