Аптека в Согдийской области Таджикистана

Ғорати 11 дорухона аз сӯи се ноболиғ дар Суғд: қаблан то чорборӣ суд шудаанд-видео

200
(Таҷдидшуда 13:45 22.12.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се ноболиғ хабар медиҳад, ки дар ғорати дорухонаҳо муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Бино ба иттилои Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Суғд, боздоштшудаҳои яке 15-сола ва дуи дигар 17-сола истиқоматкунандагони маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд буда, бо усули шикастани қулфи дари даромад ё тирезаҳо дуздиҳоро анҷом медодаанд.

Ба иттилои манбаъ, наврасон пештар аз ду то чор маротиба барои дуздӣ суд шудааанд. Манбаъ мегӯяд, гумонбаршудаҳо нишондод медиҳанд, ки дуздиҳоро бо маслиҳати пешакӣ шабона барои ба даст овардани пул содир шуда, асосан хазина ва ҷойҳои пулнигоҳдории дорухона таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб ва пули нақд тасарруф шудааст.

“Наврасони дар дуздиҳо гумонбар ҳамчун душвортарбия дар қайди милитсия меистанд. Ду навраси 17-сола 4 маротиба барои дуздӣ суд шуда бошанд, шарики 15-солаи онҳо ду маротиба бо ҷурми дуздӣ доғи судӣ гирифтааст”,-афзудааст, манбаъ.

Ин ниҳод гуфтааст, дуздиҳо аввалҳои моҳи декабр содиршуда, тафтишоти пешакӣ 7 ҳолати дуздии маблағи пулӣ аз хазинаи дорухонаҳои ҳудуди шаҳри Хучанд ва 4 ҳамингуна ҳолат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба онҳо нисбат медиҳад.

Камтарин зарари ғорати дорухонаҳои 400 сомонӣ ва аз ҳама бештар 1 700 сомонӣ гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, шумораи дорухонаҳои зарардида, ки айни ҳол 11 адад мебошад, ниҳоӣ нест ва пулиси шаҳри Хуҷанд дуздиҳои бо ҳамин шева содиршуда ва изи содиршавиашон ба услуби иттифоқи сегона ҳаммонандро бо методҳои оперативию криминалистӣ мавриди тафтиш ва коркардҳои иловагии оперативӣ қарор додааст.

200
Барчаспҳо:
ноболиғ, ғорат, Суғд, Тоҷикистон
Четки, архивное фото

Дар Тоҷикобод муллоеро боздошт карданд: таштоби навиштаашро хонда наметавонад

308
(Таҷдидшуда 16:27 21.01.2021)
Мулло ҳарчанд на ҳарфи навиштаи худро хонда метавонисту на маънояшро дарк кардан, аммо бо ин роҳ даромади муфт ба даст меовард

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар ноҳияи Тоҷикобод нимаи моҳи январ муллое бо номи Идиев Шариф аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд, хабар медиҳад нашрияи "Пайк".

Ба иттилои манбаъ, мулло 59 сол дошта, бо истифода аз тасбеҳу таштоб "кор" - и корафтодагонро ба таври худ ҳал мекард.

Боздошти “Мулло Шералӣ”, ки беморонро бо ҳашарот табобат мекардааст

Манбаъ меафзояд, ҳангоми бозпурсӣ, Идиев иқрор шудааст, қоғазпораҳое, ки дар он худ ба худ хаттотӣ мекунад ва бо ҳуруфи арабӣ дуоҳоро менависад, навиштаашро ҳатто худаш хонда наметавонад. Илова бар ин, ба маънои таштоби навиштаи худ ҳам сарфаҳм намеравад.

"Бо вуҷуди ин, номбурда бо ҳамин роҳ даромади муфт ба даст оварда, пули корафтодагонро муфт азхуд мекард", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамин тариқ, нисбат ба Идиев бо моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст.

308
Барчаспҳо:
боздошт, мулло, Тоҷикобод
Наручники висят на дверной ручки, архивное фото

Боздошти ду мард: дилхоҳ ҳуҷҷатҳои ронандагиро қалбакӣ тайёр мекарданд

228
Вазорати умури дохилааи Тоҷикистон мегӯяд, даст доштани онҳо дар ҳафт ҳолат тасдиқ шуд ва акнун нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷибоев Ибодуллои 60 - сола ва Неъматуллоев Зарифҷони 45 - соларо кормандони милитсия дастгир намуданд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду боздоштшуда сокинони вилояти Хатлон буда, дар сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешаванд.

Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом

Манбаъ меафзояд, номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғул будаанд.

"Аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА "Амонатбонк" оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки даст доштани онҳо дар 7 ҳолат ошкор шудааст. 

Феълан, нисбат ба номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

228
Барчаспҳо:
ҳуҷҷат, сохтакорӣ, боздошт
Школьный класс новой средней школы № 102 в Шохмансурском районе

Ҷопон барои сохтмони ду мактаб дар Тоҷикистон пул ҷудо кард

0
(Таҷдидшуда 17:09 21.01.2021)
Сафири Ҷопон дар Душанбе эълом кард, бо кумаки молии давлати Токио ду мактаб бо ҳазинаи ду миллион сомонӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Tакаюки Миясита дар маросими имзои ин созишнома гуфтааст, ки токунӯн бо кумаки ройгони Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон 50 мактаб сохта шудау ва ин барнома идома хоҳад дошт, иттилоъ додааст сафорати Ҷопон дар Душанбе.

“Ду мактаби ҷадид дар ноҳияҳои Турсунзода ва Файзобод ҳар як бо ҳазинаи 1 миллион сомонии ройгони ҳукумати Ҷопон сохта ва таҷҳиз хоҳад шуд. Мо талош мекунем, ки ин ду мактаб бо таҷҳизоти пешрафтаи омӯзишӣ таъмин шаванд то донишомӯзони тоҷик битавонанд дар шароити матлуб улуми рӯзро фарогиранд”, - гуфт Tакаюки Миясита.

Ҳамзамон сафири Ҷопон таъкид доштааст, ки кишвараш дар чорчӯби ин барнома бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамкории наздик дорад.

Гуфта мешавад аз соли 1996 ҳукумати Ҷопон барои иҷроӣ кардани 421 тарҳи иҷтимоӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон 34 доллар кумаки ройгон ихтисос додааст.

0
Барчаспҳо:
пул, сохтмон, мактаб, Ҷопон, Тоҷикистон