ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ Холов Шерафган Шералиевич дар вазифаи ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон кор карда дарст ба чунин кор задааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо мақсади бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, моҳи январи соли 2020 аз шаҳрванд Сафаров Ф.С. барои нисбати писараш-Сафаров А.Ф. дар доираи парвандаи ҷиноятии дар РВКД-и мазкур мавриди тафтиши пешакӣ қарордошта, татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат, маблағи 8000 доллари ИМА талаб намуда, онро тавассути шаҳрванд Баротов М.Т. гирифтааст.
“Минбаъд Холов Шерафган Шералиевич амалҳои ҷиноятии худро давом дода, моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд Сафаров Ф.С. барои дар доираи парвандаи ҷиноятии дар суди вилояти Хатлон қарордошта, таъин намудани ҷазои ҷарима нисбати писараш-Сафаров А.Ф. боз маблағи 2000 доллари ИМА талаб намуда, онро гирифта тасарруф кард”,-афзудааст, манбаъ.
Боздошти полковники Оҷонсии зидди фасод аз сӯи КДАМ барои гирифтани пора
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Холов Ш.Ш. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. ВУД бо нашри як иттилоия таъкид кардааст, ки дар мавсими зимистон шумораи бештари ҳодисаҳои сӯхтор дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, дар натиҷаи риоя нашудани одитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ сар мезананд.
Ин ниҳод изҳори нигаронӣ кардааст, ки шаҳрвандон ҳангоми истифодаи асбобу таҷҳизоти барқию газии маишӣ, печҳо ва тануру оташдонҳо, васлу насби ноқилҳои барқӣ қоидаҳоро сарфи назар мекунанд. Таъкид шудааст, ки аз меъёр барзиёд истифодабарии қувваи барқ, боиси сарборӣ ва расиши кӯтоҳи ноқилҳо мегардад.
Инчунин интихоби нодурусти ҷойҳои захираи хӯроки дурушти чорво, ҳезуму ангишт ва нигоҳдории маводу ашёҳои сӯзанда дар ҷойҳои аз ҷиҳати сӯхтор хавфдошта зикр шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод бо фармони вазири умури дохилӣ барои огоҳ кардани аҳолӣ бо меъёр ва талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият дода шуданд.
ДУШАНБЕ, 15 январ - Sputnik. Шабакаи RT бо яке аз боздоштшудаҳо дар Латвия, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ Владимир Линдерман сӯҳбат кард.
Рӯзноманигори русзабон гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ бо либоси сантехникҳо ба наздаш омадаанд.
"Тақрибан 12 "сантехник" ба манзил ворид шуданд: муфаттишон, оперативӣ, мушоияти ҷангӣ",- гуфт Линдерман.
Журналист қайд кард, ки боздоштҳо шояд характери тасодуфӣ дошта бошанд: шояд касе бештар ба чашмони нерӯҳои амниятӣ намудор шуд.
Қаршибоев амалкарди Латвияро нисбати Sputnik ва Baltnews танқид кард
"Чизи асосӣ он аст, ки онҳо барои чунин кофтуков ва тарсондан чӣ ҳадафе доштанд. Ин МИА"Россия Сегодня"-ро аз хабарнигорон маҳрум кардан аст, то мардум аз ҳамкорӣ бо нашрияҳои Русия тарсанд ва таъсири ВАО-и Русия коҳиш ёбад",-гуфт Линдерман.
Рӯзноманигор нақл кард, ки ин сеюмин ҷустуҷӯест, ки дар манзили ӯ ҷараён дорад.
"Ҳамаро зиндонӣ намекунед": эътирози русҳои Латвия алайҳи боздошти хабарнигорон - видео
"Барои Латвия матне, ки даҳҳо ҳазор нафар дар миқёси миллӣ хонанда мегирад, мутаносибан ба шумораи аҳолӣ мебошад. Яъне, ин як нашрияест, ки метавонад ба вазъи сиёсӣ таъсир расонад, ки, албатта, ин ҳамлаи хадамоти махсусро суръат бахшид", - илова кардааст муаллиф.
Рӯзноманигор қайд кард, ки кори ӯ мавриди таҳрим қарор намегирад ва ҳамчун як чораи мубориза ӯ аз ҳамкасбони худ даъват кард, ки боз ҳам бештар мавод нависанд.
Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.
Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.
Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.
Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд. Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.
Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст.
Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.
Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард
Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.