Арест, архивное фото

Боздошти марде, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ мехост ба ҷавонзан ҳамла кунад-видео

551
(Таҷдидшуда 12:27 23.12.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе мардеро боздошт кард, ки қаблан навори ҳамлаи ӯ ба як зан дар интернет расонаӣ шуда буд

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Тибқ иттилои ин ниҳод, санаи 19 декабри ҷавонзани 30 солаи сокини пойтахт ҳангоми убури гузаргоҳи зеризаминии роҳи сеқабата (эстакада)-и маҳаллаи Қарияи боло як нафар марди ношиноси тахминан 35-40 сола ба ӯ ҳамла намуда, мехост нисбаташ ҳаракату кирдорҳои ғайриқонунӣ анҷом диҳад, ки баъди садо баланд намудани ҷавонзан марди ҳамлагар аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.

Ҳамзамон зан пас аз ҳодиса ҳодиса ба мақомоти милитсия ҳозир гардида, бо навиштани ариза талаб намуд, ки нисбати амалҳои ғайриоқнунии марди ношинос, ки мехост ба у ҳамла намояд, чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Ин ниҳод мегӯяд, бо гузашти 1 руз аз шикояти ҷавонзан шахсияти марди ҳамлагар муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда Кенҷаев Бахтиёр Баҳруллоевичи 36-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор буда, қаблан 3 маротиба суд шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, муайян карда шуд, ки номбурда дар гузаргоҳи зеризаминӣ мехост аз дасти ҷавонзани роҳгузар бо роҳи зуроварӣ ҷуздонашро кашида гирад, аммо бо сабаби доду фарёд бардоштани ҷавонзан боздоштшуда аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.

Илова бар ин боздоштшуда ҳамзамон санаи 13 декабр дар маҳаллаи 82-и пойтахт аз дасти ҷавондухтари ноболиғ як адад телефони мобилии тамғаи “РЕДМӢ”, арзишаш 1500 сомониро ба таври ошкоро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, ки дар натиҷа он низ ошкор гашт, афзудааст, манбаъ

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба  дастгиршуда Кенҷаев Бахтиёр парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор ва тафтишот идома дорад.

551
Барчаспҳо:
ҷиноят, мард, ҷавонзан, боздошт, РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе
Машина пожарной службы

ВКД сабаби зиёд шудани сӯхтор дар Тоҷикистонро гуфт

76
(Таҷдидшуда 17:15 15.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба далели сардӣ ҳолатҳои сар задани сӯхтор низ дар кишвар афзоиш меёбад

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. ВУД бо нашри як иттилоия таъкид кардааст, ки дар мавсими зимистон шумораи бештари ҳодисаҳои сӯхтор дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, дар натиҷаи риоя нашудани одитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ сар мезананд.

Ин ниҳод изҳори нигаронӣ кардааст, ки шаҳрвандон ҳангоми истифодаи асбобу таҷҳизоти барқию газии маишӣ, печҳо ва тануру оташдонҳо, васлу насби ноқилҳои барқӣ қоидаҳоро сарфи назар мекунанд. Таъкид шудааст, ки аз меъёр барзиёд истифодабарии қувваи барқ, боиси сарборӣ ва расиши кӯтоҳи ноқилҳо мегардад.

Инчунин интихоби нодурусти ҷойҳои захираи хӯроки дурушти чорво, ҳезуму ангишт ва нигоҳдории маводу ашёҳои сӯзанда дар ҷойҳои аз ҷиҳати сӯхтор хавфдошта зикр шудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод бо фармони вазири умури дохилӣ барои огоҳ кардани аҳолӣ бо меъёр ва талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият дода шуданд.

76
Барчаспҳо:
Вазорати умури дохила, сӯхтор, Тоҷикистон
Русскоязычный журналист Владимир Линдерман

Линдерман: мақомоти Латвия мехоҳанд рӯзноманигорони ин кишварро тарсонанд

29
(Таҷдидшуда 16:44 15.01.2021)
Ба гуфтаи Линдерман, ҳадафи амалиёт бо ҳабси муаллифони русзабон тарсонидани рӯзноманигорон дар Латвия мебошад, то онҳо аз ҳамкорӣ бо ВАО-и Русия даст кашанд

ДУШАНБЕ, 15 январ - Sputnik. Шабакаи RT бо яке аз боздоштшудаҳо дар Латвия, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ Владимир Линдерман сӯҳбат кард.

Рӯзноманигори русзабон гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ бо либоси сантехникҳо ба наздаш омадаанд.

"Тақрибан 12 "сантехник" ба манзил ворид шуданд: муфаттишон, оперативӣ, мушоияти ҷангӣ",- гуфт Линдерман.

Журналист қайд кард, ки боздоштҳо шояд характери тасодуфӣ дошта бошанд: шояд касе бештар ба чашмони нерӯҳои амниятӣ намудор шуд.

Қаршибоев амалкарди Латвияро нисбати Sputnik ва Baltnews танқид кард

"Чизи асосӣ он аст, ки онҳо барои чунин кофтуков ва тарсондан чӣ ҳадафе доштанд. Ин МИА"Россия Сегодня"-ро аз хабарнигорон маҳрум кардан аст, то мардум аз ҳамкорӣ бо нашрияҳои Русия тарсанд ва таъсири ВАО-и Русия коҳиш ёбад",-гуфт Линдерман.

Рӯзноманигор нақл кард, ки ин сеюмин ҷустуҷӯест, ки дар манзили ӯ ҷараён дорад.

"Ҳамаро зиндонӣ намекунед": эътирози русҳои Латвия алайҳи боздошти хабарнигорон - видео

"Барои Латвия матне, ки даҳҳо ҳазор нафар дар миқёси миллӣ хонанда мегирад, мутаносибан ба шумораи аҳолӣ мебошад. Яъне, ин як нашрияест, ки метавонад ба вазъи сиёсӣ таъсир расонад, ки, албатта, ин ҳамлаи хадамоти махсусро суръат бахшид", - илова кардааст муаллиф.

Рӯзноманигор қайд кард, ки кори ӯ мавриди таҳрим қарор намегирад ва ҳамчун як чораи мубориза ӯ аз ҳамкасбони худ даъват кард, ки  боз ҳам бештар мавод нависанд.

29
Барчаспҳо:
хабарнигорон, кофтукови манзили зист, маҳдудият, расонаҳо, Латвия

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

0
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия