Косим Рахбар. Архивное фото

Қосим Роҳбар ба бозори “Ҳоҷишариф”-и Бохтар рафту тоҷиронро ба инсоф даъват кард

1107
(Таҷдидшуда 12:46 23.12.2020)
Раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон бо масъулини шаҳри Бохтар зимни боздид аз бозорҳо дастур додаанд, ки нарху наво дар бозорҳо ҷидди назорат карда шавад

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳалли зимни сафари корӣ  ба шаҳри Бохтар, ба ғайр аз суҳбату вохӯриҳо бо масъулин ва сокинон   дар самти сарфакорона истифода бурдани  неруи барқ, бо раиси ин шаҳр Сиҷоуддин Саломзода  аз бозори “Ҳоҷишариф” дидан намуддаанд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раиси шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, номбурдагон бо нархҳои махсулотҳои ғизоӣ  дар ин бозор шинос шуда,  ба масъулин оид   ба танзим даровардани нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал дастуру ҳидоятҳои президентро расониданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди номбурдагондар бозори мазкур 1 килограмм маҳсулоти ниёзи аввал чунин нархгузорӣ шуда буд:  картошка 3,30 сомонӣ, пиёз 1,50 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонию  50 дирам,  шир 3,5 – 4,5 сомонӣ, тухм 1 сомонӣ,  карам 2 сомонӣ,  гӯшти гов 50 сомонӣ,  гӯшти гӯсфанд 54 сомонӣ,  равғани “Олейна”  19 сомоню 50 дирам,  3 кг равғани пахта 65 сомонӣ, орди навъи  якум 240 сомонӣ, орди  навъи дуюм 230 сомонӣ.

Гуфта мешавад, зимни боздид маълум шуд, баъзе аз савдогарони ин бозор ба сарфаи неруи барқ аҳамияти ҷиддӣ надода,  дар равшании ҳаво, безарурат чароғи дӯконҳои худро фурӯзон нигоҳ дошта, барои таъмини гармӣ аз таҷҳизоти худсохт, ки оташангез мебошанд, истифода мебаранд”.

Соли 2021 вазнин меояд: дастури Раҳмон барои гурусна намондани мардуми Тоҷикистон

“Аз ин рӯ, аз ҷониби меҳмонон баҳри самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дастуру супориш дода шуд”,- мегӯяд, манбаъ.  

Инчунин ба савдогарон дастур дода шудааст, ки ба мардум маҳсулоти хушсифатро пешкаш намуда, зимни нархгузорӣ боинсоф бошанд.

Чаро нархҳо боло рафтанд? – шарҳи муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо

Масъулин ҳам барои танзиму назорати ҷиддии нарху наво дар бозор супориши қатъӣ гирифтанд, афзудааст манбаъ. 

1107
Место взрыва на нефтяном предприятии в Татарстане

Таркиши мудҳиш дар Татаристон ду кушта ва як захмӣ бар ҷой гузошт

31
(Таҷдидшуда 16:22 22.01.2021)
Дар як корхонаи истеҳсоли нафти Тотористон таркиш ба амал омад. Феълан аз чанд кушта хабар дода мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар як корхонаи нафти воқеъ дар деҳаи Болшое Нуркеевои Тотористон, таркиш рух дод. Дар ин бора ТАСС ва "Интерфакс" бо такя ба манобеъи худ хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки то ҳол дар паи ин таркиш ду нафар ҷон бохта як нафари дигар захмӣ шудааст.

Тибқи иттилои манобеъ, як контейнер бо ҳавои фишурдашуда таркидааст. Ҳодиса ҳангоми санҷиши ҳавоии партоби об рух додааст.

Ногуфта намонад, ки Болшое Нуркеево дар ноҳияи Сармановски Тотористон ҷойгир аст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ҷарбдида дар ҳолати вазнин ба беморхона фиристода шудааст.

Хадамоти матбуоти прокуратураи Тотористон марги ду нафарро тасдиқ кард.

Таркиши шадид дар бозори Бағдод: ду маргталаб 28 нафарро куштанду 75 касро захмӣ карданд

Ҳамзамон, шӯъба қайд кард, ки дар ҷои ҳодиса таркиш ба амал наомадааст.

"Ин ҷо контейнер кафида буд, таркиш ба амал наомадааст", - гуфт намояндаи прокуратура.

Манбаъ афзуда, ки ин ҳодиса дар корхонаи ҶДММ "Ширкатҳои хурди нафтии Тотористон" соати 09:50 ба вақти Маскав ҳангоми озмоиши ҳавоии агрегати партоби об дар минтақаи кушод рух додааст.

31
Барчаспҳо:
захмӣ, кушта, таркиш, Татаристон
Пиджак на кресле

Ҷазои мақомдор дар Қубодиён: ба мушкили сокинон расидагӣ накард

478
(Таҷдидшуда 12:21 22.01.2021)
Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хусрав дар ноҳияи Қубодиён парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми Сатторов Абдураҳим заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хусравро эълон кард.

Ба иттилои котиботи прокуратураи ин вилоят, номбурда аз моҳи майи соли 2015 дар мақоми мазкур ифозаи вазифа мекард.

Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора

Гуфта мешавад, дар давраи фаъолияти кориаш Сатторов талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикмстон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" - ро дағалона вайрон намуда, муроҷиати шаҳрвандонро нодида мегирифт.

Манбаъ аз ҷумла шаҳрвандонеро, ки ба заминсоз муроҷиат карданду мушкилоти онҳо бе ҳал монд, номбар кард. 

"Шаҳрвандон Худойназаров, Хушвахтов, Беков, Норов, Бобомуротов, Дустмуродова, Бобомуродов ва ҳамчунин муроҷиати сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён бидуни таваҷҷӯҳи Сатторов монда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳифзшудаи онҳо зарари ҷиддӣ расонида шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Ба ҳамин минвол, додгоҳи вилояти Хатлон 18 сентябри соли 2020 нисбати Сатторов тибқи моддаи 163 қисми 1-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Бо қарори суд, Сатторов гунаҳгор дониста шуда, ӯро ба пардохти 5 800 сомонӣ ба фоидаи давлат муваззаф намуданд.

478
Барчаспҳо:
мардум, мушкил, ҷарима, Қубодиён