ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Ширкати “Суғдиёнгаз” баъди ба охир расонидани ҳудуди 60 километр қубурҳои газгузар, ки то ин замон фарсуда шуда буданд, имрӯз гази табииро ба Хуҷанд расониданд.
Абдулҳаким Суфиев, директори ин ширкат дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар марҳилаи аввал гази таббиӣ барои фаъолсозии корхонаҳои саноатӣ пешниҳод мешавад.
Ӯ гуфт, дар шароити кнунӣ истифодаи газӣ таббӣ назар ба ангишт ва қувваи барқ каммасрафтар аст.
“Гази табиӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ бисёр муфид аст. Ҳоло бо нархи то 2 сомонӣ барои як куб газ ба корхонаҳо пешниҳод карда мешавад, ин нисбати барқу ангишт аз 40 то 60 % маҳсуб мешавад”, гуфт Сӯфиев.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳудуди 150 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст бархеи онҳо барои гузаштан ба ин манбаъи алтернативии сӯзишворӣ кӯшиш доранд.
Бино ба гуфти масъулин қарор аст, баъди таъмин намудани корхонаҳо дар навбати дуюм воситаҳои нақлиёт ва аҳолии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳяҳои Б. Ғафуров ва Истиқлол бо гази табиӣ таъмин хоҳанд шуд. Масъулони идораи саноат иброз намуданд, ки солона то хоҷагии халқи вилояти Суғд ба 240 милион куб метр газ эҳтиёҷ доранд.
Баъди даҳ сол дар Суғд “бӯи” газ меояд
Хатти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ бунёд шуда, бинобар сардии муносиботи дуҷониба дар он қатъ шуда буд. Баъди Президенти Узбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев муносибати дӯстонаи ду кишвар барқарор гардид ва инак бо гузашти 10 сол гази табии дубора ба вилояти Суғди Тоҷикистон расид.
Коршиносони масоили иқтисодии истифодаи гази табииро дар шароити душвори барқу гармидиҳи манбаъи алтернативии сӯзишворӣ маънидод мекунанд.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷибоев Ибодуллои 60 - сола ва Неъматуллоев Зарифҷони 45 - соларо кормандони милитсия дастгир намуданд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду боздоштшуда сокинони вилояти Хатлон буда, дар сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешаванд.
Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом
Манбаъ меафзояд, номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғул будаанд.
"Аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА "Амонатбонк" оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд
ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки даст доштани онҳо дар 7 ҳолат ошкор шудааст.
Феълан, нисбат ба номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бар асоси иттилои расида, таркиш дар бинои навбунёде дар кӯчаи Толедо рух додааст ва дар натиҷа биноро тақрибан тахриб намуд.
Сабабҳои таркиш феълан маълум нест. Дар ҷои ҳодиса айни ҳол мақомот кор карда истодаанд. Яке аз сабабҳои эҳтимолӣ хориҷ шудани газ арзёбӣ мешавад.
Бархе манобеи дигар мегӯянд, таркиш дар меҳмонхона рух додааст, бархеи дигар изҳор медоранд, ки дар хонаи пиронсолон.
Дар ин таркиш, ки баъди зуҳри имрӯз рух додааст, чанд нафар ҳалок шуда, бархеи дигар маҷруҳ гардидаанд. Аммо дақиқан теъдоди қурбониён то ҳол ироа нашудааст.ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон ахиран афзуд, ки дар пойгоҳи ЮНИСЕФ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи воксинаи корона муаррифӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Қонеӣ изҳор дошт, ки аз 9 ширкати эронии дар ҳоли тавлиди ваксинаи корона, се воксина дар марҳалаи болинӣ қарор дорад ва ҳамчунин сохти ваксинаи муштараки Куба ва Институти Пастери Эрон низ дар дастури кор аст.
Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон дар бораи далели ҳамкории Эрон бо Куба барои тавлиди воксинаи корона низ изофа кард: Низоми саломати Куба аз ҷиҳати адолат рутбаи аввали ҷаҳонро дорост ва ин кишвар дар ҳавзаи пизишкӣ яке аз кишварҳои матраҳи ҷаҳон ба шумор меравад.
Ҳамчунин Қонеӣ гуфт, ки дар гузашта низ Куба бо Эрон барои тавлиди ваксинаи "Гипатити Б" ҳамкорӣ доштааст.