Три золотые медали таджикских женщин на мировом конкурсе женщин-изобретателей

Се медали тиллои занҳои тоҷик дар озмуни ҷаҳонии бонувони ихтироъкор

247
(Таҷдидшуда 19:09 25.12.2020)
Дар Намоишгоҳи байналмилалии “KIWIE” дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ 3 бонуи ихтироъкори тоҷик бо медалҳои тилло сарфароз гардиданд

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Аз котиботи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтанд, маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалӣ ба 3 зани ихтироъкори ҷумҳурӣ имрӯз бо ширкати вазир Завқӣ Завқизода доир шуд.

Ба иттилои манбаъ, Зоидова Муътабар - ходими илмӣ, химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ, Мухтарова Парвина - ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишкадаи такмили ихтисос ва баъдидипломии кормандони соҳаи тиб ва Маҳмудова Таҳмина - муовини декан оид ба илм ва донишҷўёни шартномавии факултети “Нақлиёт”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, ки дар 13 – умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор “KIWIE – 2020” ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардиданд.

Гуфта мешавад, намоишгоҳ дар шаҳри Сеули ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аз 23 то 25-уми октябри соли ҷорӣ баргузор гардида аз 17 кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 441 нафар (230 ихтироъҳо) бонуи ихтироъкор иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, дар 12-умин намоишгоҳ ва форуми ҷаҳонии занони навовари соли гузашта Мавлуда Давлатмамадова,  барои ихтирои малҳами табобатӣ бар зидди бемории ҳассосияти пӯст соҳиби медали тилло гардида буд.

247
Барчаспҳо:
медали тилло, Кореяи Ҷанубӣ, ихтироъкор, бонувон, Тоҷикистон
Арест и штраф гадалки

Бо пиёзу қуфл ва шамъу испанд ҷоду мекард: фолбини 49 - сола боздошт шуд - навор

437
(Таҷдидшуда 15:10 28.01.2021)
Пулиси шаҳри Душанбе як нафар зани 49 - соларо боздошт намуданд, ки дар сеҳру ҷоду ва фиреби мардум муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Зуҳро Абдуллоева сокини кӯчаи Ҳувайдуллоеви пойтахт дар сеҳру ҷоду ва фолбинӣ кардан муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, ба фиреб машғул мешудаст.

"Ӯ бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт, гӯиё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшида бошад, шаҳрвандонро дар манзили истиқоматии худ сеҳру ҷоду мекард", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, аз манзили Абдуллоева як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, нисбати Абдуллоева Зуҳро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Нигаронии ВУД аз авҷи бозори фолбинҳо: мақомот гунаҳкоронро гуфтанд – видео

"Ҳамзамон барои минбаъда ба ин амал марбумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд", - илова мешавад дар хабари манбаъ.

437
Барчаспҳо:
навор, боздошт, фолбинӣ, Душанбе
Мотоцикл, архивное фото

Ҳалокати фоҷеабори мотосиклрони 56-сола дар Фархор

146
(Таҷдидшуда 12:39 28.01.2021)
Ронандаи мотосикл ба сабаби ноуҳдабароии як ронандаи дигар, ки аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст, ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Фархор марди 56-солае дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст. Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ҷавон ба сабаби ноуҳдабароии як ронандаи дигар, қурбони ҳодиса шудааст.

Гуфта мешавад, садама рӯзи гузашта 27 январ тақрибан соати 10:00 рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Ибодов Ҳабибулло Хоҷамқуловичи 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки Фархор аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромадааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа мошини ӯ ба мототсикли дучархаи тамғаи "Супер-Алмаз", бе рақами қайди давлатӣ, таҳти идораи Юсуфов Муҳиддин Тағоевичи 56-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Фархор, бархӯрдааст.

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

Дар натиҷа, Юсуфов М.Т ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

146
Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, Фархор
Чрезвычайный и Полномочный посол Имомуддин Сатторов на переговорах России и Таджикистана

Манъи вуруди муҳоҷирон бекор шавад: Сатторов бо Казакова мулоқот кард

0
(Таҷдидшуда 15:34 28.01.2021)
Намояндагони Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои марбут ба танзими муҳоҷирати меҳнатиро дар замони пандемия баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Рӯзи гузашта дар Маскав мулоқоти Сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва сардори Сарраёсати масоили муҳоҷиратии Вазорати умури дохилаи Русия Валентина Казакова баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти сафорат.

Мавзӯи асосии гуфтушунидҳо - танзими муҳоҷирати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия будааст.

Аз ҷумла Сатторов ва Казакова раванди бардоштани манъи вуруд ба Русия ба категоряҳои муайянро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин тарафҳо дар бораи ташкили ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистонро ба фаъолияти меҳнатӣ дар Русия баррасӣ карданд.

Теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар давраи пандемия аз вилояти Маскав маълум гардид

Намояндагони Тоҷикистон ва Русия ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар соҳаҳои танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия идома медиҳанд.

Казакова ва Сатторов ба мувофиқа расиданд, ки корҳо оид ба мувофиқа кардани лоиҳаҳои созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират байни Русия ва Тоҷикистонро идома медиҳанд.

0