Электрик устанавливает современные электросчетчики, архивное фото

Дуздии барқ дар корхонаи давлатӣ ба маблағи беш аз 130 ҳазор сомонӣ

362
(Таҷдидшуда 16:05 28.12.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барқчии корхонаи воҳиди давлатии “Захираҳои моддӣ”-ро дар дуздии барқ муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дурбади шаҳри Ҳисор бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб дастгир карда шуд.

Манбаъ мегӯяд, дастгиршуда дар асоси фармоиши директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Захираҳои моддӣ” дар кӯчаи Абдуллобекови ноҳияи Сино аз санаи 1-уми июни соли 2020 ба ҳайси барқчӣ таъйин гардида буд.

Ба иттилои тафтишот, муттаҳам қаблан дар ҳамин корхона ҳангоми фаъолият намуданаш бо собиқ муҳандиси ҳамин корхона марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Захираҳои моддӣ” ноқили 3-фаза бо роҳи дуздӣ пайваст намудааст.

Зарари расонда аз амали барқчию муҳандис 133 ҳазору 343-сомонӣ арзёбӣ шудааст, ки аз он ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Захираҳои моддӣ” 54 ҳазору 785 сомонӣ ва ба ҶСК “ШБ шаҳри Душанбе” 78 ҳазору 558 сомонӣ рост меояд.

“Ҳамзамон, ноқили барқиро ба ҳисобкунаки барқии дар ягон ҷой дар қайд набуда, бе шартнома ва шартҳои техникӣ пайваст намуда, муддати 1-солу 6-моҳ аз ҶДММ “Ширинтф” маблағи муайян ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

362
Барчаспҳо:
дуздӣ, барқ, Тоҷикистон

Ҳалокати писарчаи тоҷик ҳангоми бозӣ

139
(Таҷдидшуда 17:19 17.01.2021)
Фоҷиа бо кӯдакон аз оилаи тоҷикистонӣ рӯзи 15 январ дар вилояти Маскав ҳангоми яхмолакбозӣ рух додааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар вилояти Маскав писарчаи 8-солаи тоҷик ҳангоми барфбозӣ ба ҳалокат расидааст, хабар додааст ТАСС бо такя ба хадамоти матбуоти додситонии вилояти Маскав.

Зикр шудааст, ки писарча ҳангоми баромадан ба баландӣ барои лағжиш як нӯги гарданбандашро дар боло баста, гирифтани нӯги дигарашро аз гардан фаромӯш кардааст.

“Вақте хоҳар ҷисми беҳаракати бародарашро дидааст, талоши кумаки аввалия кардааст, аммо бенатиҷа. Роҳгузарон низ натавонистаанд, писарчаро наҷот диҳанд”, - хабар дод манбаъ.

Нашрияи "МК" дар мавриди тафсилоти ин ҳодиса хабар додааст, ки кӯдак зодаи Тоҷикистон буда, бо оилааш се моҳи қабл ба ноҳияи Дмитрови назди Маскав омадааст.

Зикр шудааст, ки баъди кумакхоҳии хоҳар, як роҳгузар бо ҳамсараш низ талош кардаанд, кӯдакро наҷот диҳанд, аммо натиҷа надодааст.

Дар робита ба ин қазия додситонии шаҳрии Дмитров санҷишро оғоз кардааст.

139
Барчаспҳо:
кӯдак, Русия, ҳалокат, фоҷиа
Метро, акс аз бойгонӣ

Як соли пранкери тоҷик дар зиндон: суҳбаташ аз шӯхӣ, ҳабс ва тақдири норӯшан-аксу видео

583
(Таҷдидшуда 14:49 17.01.2021)
Кароматулло Ҷабборов, пранкери тоҷик, ки як сол қабл дар метрои Маскав худро гирифтори коронавирус вонамуд кард, як сол боз бидуни эълони ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳ аст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Марина Литвинович, узви Комиссияи ҷамъиятӣ аз вазъи пранкери тоҷик дар боздоштгоҳ хабар гирифта, ҳоли боздоштшуда ва пораҳое аз суҳбаташро баён дошт. 

Ҷабборов аввали моҳи феврали соли гузашта, замоне, ки нав воҳимаи коронавирус паҳн шуду иттилои кофӣ дар бораи он набуд, дар метрои Маскав сулфиду худро ба фарш партофта буд. Шарикони ин саҳнасозӣ изҳор доштанд, ки ӯ гирифтори коронавирус аст, ки ин боиси тарс ва гурези мусофирон шуд.

"Пранк"-е, ки оқибаташ вой шуд: блогери тоҷикро 7 соли зиндон таҳдид мекунад

Кароматулло Ҷабборов он замон боздошт шуд, аввал зери санади берун нарафтан аз ҷои иқомат раҳояш карданд, аммо баъдан боз ба ҳабс гирифтанд.

Литвинович мегӯяд, акнун барои ин пранк як сол боз дар Бутирка нигоҳдорӣ мешавад, дар ҳоле, ки ҳукми додгоҳ ҳанӯз содир нашудааст.

Узр хост, ки аблаҳӣ карду гуфт 2 зан дорад: тамдиди ҳабси блогери тоҷик дар Маскав-видео

Ҷабборов дар боздоштгоҳ ба Литвинович изҳор дошт, ки кори баде накардааст, касе осеб надид, танҳо хост як навори иҷтимоӣ дар бораи коронавирус ва вокуниши мардум сабт кунад.

“Мо махсусан вагони бе кӯдак ва одамони солхӯрда интихоб кардем, то ба касе осеб нарасонем. Ба касе ҳатто бо ангушт нарасидем. Дар натиҷа аллакай як сол дар боздоштгоҳаму ҳанӯз маълум нест, додгоҳ чанд соли дигар ҳукм мекунад”, - изҳор дошт пранкер.

Ба гуфтаи Литвинович, феълан Кароматулло дар як утоқ бо 22 нафар нигоҳдорӣ  мешавад ва ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.  Замоне, ки пранкер дар ҳабс буд, писараш Макар таваллуд шудаст ва ҳамагӣ як бор ӯро дар додгоҳ дидааст.

“Ман вақте ин наворро мондам, падарам аз Тоҷикистон занг зад. Гуфт наворро гир, маро шарманда накун. Ман гирифтам, аммо аллакай дер шуда буд”, - изҳор доштаст Ҷабборов.

Ӯ афзудааст, ки дар боздоштгоҳ тағйир ёфт, босабр шуд, китобхонӣ бо забони русӣ оғоз кардааст.

“Китоби зиёд хондам, оқилтар шудам, аммо бо вуҷуд барои касе чунин таҷрибаро намехоҳам”, - илова намудаст пранкер.

Ба гуфтаи Литвинович дар назар аст, ки ҳукми додгоҳ нисбати Кароматулло Ҷабборов аввали моҳи феврал эълон карда шавад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёре аз корбарон то 7 соли зиндонро барои як шӯхӣ, гарчӣ ноҷо ҳам буд, сангин хондаанд. Бархеи дигар худи Кароматулло айбдор кардаанд, ки бо шӯхии ноҷояш мусофиронро ба таҳлука андохт.

583
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Ҳафта бе COVID-19: Вазорат мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтор нест

0
(Таҷдидшуда 19:18 17.01.2021)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ як ҳафтаи охир ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст. Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд, ки се ададро ташкил дод.

Дар маҷмуъ Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз охири апрели соли гузашта то ҳол дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.  Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.

Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.

Бо вуҷуд мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват доранд, ки дар ғафлат намонанд, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, беморӣ, Тоҷикистон