ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда, бо зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур рафту омади дӯстона дошта, бо роҳи иъроб (шантаж) таҳдид кардааст, ки дар ҳолати ба ӯ 500-доллари амрикоӣ оварда надиҳад, оид ба алоқаҳои байни онҳо ба хешовандони наздикаш расонида, ҳамзамон ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн мекунад.
Гуфта мешавад, номбурда, дар маҳаллаи Зарафшон ҳангоми гирифтани 300 доллари амрикоӣ дастгир гардид.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
12 ҳазор биёр: боздошти ҷавонзан, ки пас аз ҳамхобагӣ бо сокини Восеъ, ӯро "шантаж" мекард
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати тамаъҷӯйӣ бо усули “шантаж” набуда, қаблан низ вазорат аз чунин ҳолату боздоштҳо хабар дода буд.
ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ Абдулманит Ҷӯраев муроҷиат карда, аз дуздии мошинаш хабар додааст.
Муроҷиаткунанда, сокини деҳаи Алачабофи ноҳияи Рӯдакӣ арз доштааст, ки шаби 16 декабр шахсони номаълум вориди манзили истиқоматияш шуда, мошини “Мерседес бенз”-ашро дуздидаанд.
Маъмурини милиса дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Алиев Ҳасан, сокини ноҳияи Исмоили Сомониро боздошт кардаанд. ВУД мегӯяд, ин ҷавони соли таваллудаш 2002 қаблан низ суд шудааст.
Муттаҳам дар гузориши ВУД изҳор медорад, ки бо ҳадафи дуздии дучарха вориди манзили истиқоматӣ шуд, ки калидҳоро даруни мошин дид ва онро ҳай карда бурдааст.
Ба гузориши ВУД, феълан алайҳи Алиев парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Таъкид шудааст, ки мошин ба соҳибаш баргардонда шуд.
Назари бевоситаи муттаҳам ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.
ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Дар ИМА як мард пас аз чанд соати гирифтани ваксина алайҳи коронавирус вафот кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Як милисаи минтақаи Плейсер дар саҳифааш дар Facebook хабар дод, ки мард моҳи пеш гирифтори коронавирус шуда буд.
"Хадамоти тандурустии Плейсер округ ва шӯъбаи коронавируси дафтари округи Шериф дар бораи марг огоҳнома дарёфт карданд. Дар авохири моҳи декабр дар бадани ин мард бемории COVID-19 дарёфт шуд... Рӯзи 21 январ ин мард алайҳи коронавирус эм карда шуд ва пас аз чанд соат даргузашт", - омадааст дар хабарнома.
Қайд карда мешавад, ки фавтида, на дар идораи тандурустии шаҳр, балки дар дигар ҷой эм карда шудааст. Тафтишот дар чанд сатҳ - маҳаллӣ ва федеролӣ гузаронида мешаванд.
Марги 55 нафар дар Амрико пас аз гирифтани ваксина
Ҳанӯз маълум нест, ки шахси фавтида кадом ваксинаро гирифтааст - Moderna ё Pfizer.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран бо ишора ба талош барои сохти ваксинаи коронаии Эрон афзуд, ки воридоти ваксинаи зидди корона ба кишвар ба зудӣ оғоз мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Намакӣ афзуд, ки бо воридоти ваксинаи зииди вируси корона, эмгузаронӣ барои гурӯҳҳои ҳассосу пурхатар оғоз мешавад.
СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст
Ҳамчунин Ҳуҷҷатуллоҳи Некии Маликӣ, раиси маркази итилоърасонии ситоди иҷроии фармони ҳазрати Имом (р) гуфт: “Пас аз баррасии саломати 21 довталабе, ки ваксинаи корони тавлидшуда дар Эрон ба онҳо тазриқ шуда аст, муҷаввизи тазриқ барои 14 довталаби дигар содир шуд”.
Марҳилаи аввали тазриқи инсонии мутолиъоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи “Кув Эрон баракат” 29 декабри 2020 рӯй довталабон оғоз шуд.