Конверт с деньгами, архивное фото

Боздошти корманди “Суғдзаминсоз” барои заминфурӯшӣ: беш аз 200 ҳазор сомонӣ гирифт

675
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон корманди “Суғдзаминсоз”-ро бо иттиҳоми заминфурӯшӣ боздошт кардааст 

ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Ҳакимов  Ҳакимхон  Ваҳобович  дар вазифаи техник заминсози Корхонаи давлатии фаръии “Суғдзаминсоз” кор карда истода даст ба чунин кор задааст.

Номбурда аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович ба боварии шаҳрванд Раупов Акрам Расулови даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин аз охирин маблағи 206 ҳазору 150 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст.

Ятимов боздошт шуд: замин ваъда доду беш аз 1 миллион сомонии 6 корафтодаро азхуд кард

Манбаъ мегӯяд, вобаста ба ин, нисбат ба Ҳакимов Ҳ.В. ва Раҳимов Ҳ.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Боздошти муовини раиси ҷамоати Ҳисор бо иттиҳоми заминфурӯшӣ: 15 000 сомонӣ талаб кард

675
Барчаспҳо:
боздошт, Оҷонсии фасод, Тоҷикистон
Водохранилище Таджикское море

Паҳнкунандагони хабари дурӯғ дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум боздошт шуданд

8
Дар ин бора аз эфири телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълум шуд. Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон шаҳрвандонеро боздошт карданд, ки дар бораи рахнашавии сарбанди обанбори Қайроққум маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд.

Дар ин бора шабакаи телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълумот додааст.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки як сокини минтақаи Сардоба ба маълумоти беасоси шиносҳояш бовар карда, ба ҳамсараш амр додааст, ки фавран ба кӯча барояд.

Ин овозаҳо дар маҳаллаи "Дӯстлик" -и минтақаи Сардоба ваҳмро ба вуҷуд овард.Ғайр аз ин, як блогер аз минтақаи Акалтин дар Ютюб видеоеро нашр карда, мардумро ба тарки хонаҳо даъват кардву аз обхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Ғайр аз он, як сокини ноҳияи Мирзоободи ин хабарро аз шаҳрвандони ду ноҳияи дигар шунида, ба бедор кардани ҳамсояҳо шурӯъ кардаву  гуфтааст, ки ҳарчи зудтар аз хонаҳо бароянд.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад

Ёдовар мешавем шаби 14 ба 15-уми январ овозаи рахнашавии сарбанди обанбори “Қайроққум”-и Тоҷикистон аъолиии чанд минтақаи Ӯзбекистонро дар таҳлука андохт.

"Қайроққум" то соли 2023 таҷдид мешавад

 Дар пайи ин ҳолат,  Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққумро рад кард ва мардумро ба оромӣ даъват карда гуфт, иншоот солим ва муътадил кор мекунанд.

8
Девушка в наручниках, фото из архива

Зани 22-cола дар Ваҳдат хушдори 68-солаи чиниашро бо курсии чӯбин зада кушт

804
(Таҷдидшуда 12:42 16.01.2021)
Цзян Венсин аз соли 2019 инҷониб бо шаҳрванд “М”-и 22 сола, модари танҳо, шиносоӣ пайдо намуда, мунтазам ӯро бо баҳонаи маҳс кардани баданаш ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки онҷо зиндагонӣ мекард, даъват карда, бар ивази аз 50 то 100 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik.  Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти як ҷавонзани 22-сола, сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки дар куштори марди чинӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, санаи 8 январи соли 2021 да беморхонаи шаҳри Ваҳдат шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, Тсзян Венсини 68-сола, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Вахдат, деҳаи Чиртак, ки аз соли 2008 инҷониб ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул буд, ба ҳалокат расида, барои баррасии ҳолат 9 январи парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда.

 Муайян карда шуд, ки Тсзян Венсин аз соли 2019 инҷониб бо шаҳрванд “М”-и 22 сола, модари танҳо, соҳиби як фарзанд, зодаи ноҳияи Дарвоз, сокини шаҳри Вахдат, деҳаи Чиртак, шиносоӣ пайдо намудааст.

“Ӯ мунтазам “М”-ро бо баҳонаи маҳс кардани баданаш ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки онҷо зиндагонӣ мекард даъват карда, бар ивази аз 50 то 100 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст”,-мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, 8 январи соли 2021, тахминан соати 18:30 дақиқа “М” бо даъвати навбатии Тсзян Венсин барои маҳси бадан ба бошишгоҳи саҳроии номбурда рафтааст.

Тсзян Венсин бошад чун ҳарвақта ҳангоми баданашро маҳс кардани “М” бар ивази 100 сомонӣ анҷом додани алоқаи ҷинсиро пешниҳод кардааст.

““М” дар давраи ҳайзи занона гирифтор буданаш талаби номбурдаро рад кардааст. Тсзян Венсин ба суханони “М” аҳамият надода, маҷбуран бо номбурда як маротиба алоқаи ҷинсӣ анҷом дода, аз охирин талаб кардааст, ки то саҳар бо ӯ дар бошишгоҳи саҳроияш монад. “М” талаби ӯро рад намуда, ба сӯи дари бошишгоҳи саҳроӣ рафта, аз Тсзян Венсин хоҳиш кардааст, ки бинобар танҳо будани фарзанди хурдсолаш барои ба хонаашон рафтан иҷозат диҳад”,-афзудааст, манбаъ.

Аммо, Тсзян Венсин аз ин рафтори “М” ба қаҳру ғазаб омада, бо истифодаи ноқили оташков ба қисми қафои сари номбурда як маротиба зада, ба номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Баъди алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ: мард 70 ҳазор пешниҳод кард, ки аз ҷавобгарӣ халос шавад

Шаҳрванд “М” аз қаҳру ғазаб курсии чубини дар назди кати хоби Тсзян Венсин бударо гирифта, бо он якчанд маротиба ба қисми фарқ ва чаккаи сари номбурда зарбаҳо задааст, ки Тсзян Венсин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.

804
Банк Эсхата, архивное фото

Мақомоти Норак гуфт дар соли гузашта муҳоҷирони меҳнатӣ чиқадар маблағ равон карданд

0
(Таҷдидшуда 16:27 16.01.2021)
Мақомоти шаҳри Норак дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ шаҳр хабар дод, ки муҳоҷирони меҳнатии ин минтақа беш аз 631 миллион рубли русӣ, 4 миллион доллар ва зиёда аз 130 ҳазор Евро равон кардааст

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Ахиран дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ шаҳр дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд.

Қайд карда шуд, ки дар ҷамъоварии маблағи андозҳо 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 54,9 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 801,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак.

Гуфта шудааст, киҳиссаҷудокунӣ ба буҷаи вилоят, яъне андоз аз фоида 59,3 фоиз ё 2,6 миллион сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 5,8 миллион сомонӣ ё 67,3 фоиз таъмин гардид .

Бақияпулиҳои андоз нисбати аввали сол 41,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Ҳамзамон тибқи иттилоъ, дар 12 моҳи соли 2020 корхонаҳои саноатии шаҳр 2,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давра 102,9 фоиз ё ин ки 67, млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи соҳибкорон 90 адад иншоотҳо ба маблағи 44,9 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ҳудуди шаҳр дар асоси асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ 132 хонаи истиқоматӣ ба миқдори 32,5 ҳазор метри мураббаъ ё ба маблағи 22,2 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Мақомот таъкид доштааст, ки барои бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳр 193 адад иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шуд, аз ин шумора 152 адад иншоотҳо мавриди истифода қарор гирифта шудааст, ки 78,7 фоизро дар бар мегирад .

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки аз хориҷи кишвар 631,2 миллион рубли русӣ, 4,1 млн доллар, 130,9 ҳазор Евро ворид гардидааст.

Инчунин мақомот иттилоъ додааст, ки дар ин давра ба 261 нафар шаҳрвандон ба маблағи 235,2 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо расонда шудааст. 752 нафар ҷавонону шаҳрвандони бекор ба омӯзиши касбҳо ҷалб карда шуданд.

Дар 12 моҳи соли 2020 Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард 1007 километр роҳро таъмири ҷорӣ ва нигоҳдорӣ намуда , аз ҳисоби маблағҳои муассиса ба масоҳат 1024 метр роҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шудааст

Тибқи иттилои манбаъ,  дар шаҳр 214 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, дар 12 моҳи соли 2020 ба маблағи 77,9 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 11,2 млн сомонӣ афзун гардидааст .

Маҷмӯи маҳсулотҳои кишоварзӣ 116,8 фоиз таъмин карда шуда, ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сектори ҷамъиятӣ 17,3 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 82,7 фоизро ташкил медиҳад.

Қайд карда шудааст, ки раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ҷаласаро натиҷагирӣ намуда , роҳбарони корхонаю муассисаҳоро вазифадор намуд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани чашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ, оқилона истифодабарии замин, зимистонгузаронӣ, сари вақт ва хушсифат ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, иҷрои андозҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.

 

0
Барчаспҳо:
евро, рубл, доллар, муҳоҷирон, маблағ, иқтисод, Норак, Тоҷикистон