Роналду аз рӯи голҳои задааш аз Пеле пеш гузашт: ду гол то шикасти рекорди Йозеф Бикан

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонк Криштиану Роналду
 Криштиану Роналду  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамлагари мунтахаби Португалия ва тими "Ювентус"-и Италия Криштиану Роналду аз рӯи голҳои задааш аз бозигари афсонавии Бразилия Пеле пеш гузашт

ДУШАНБЕ, 4 январ - Sputnik. Бино ба иттилои расонаҳои варзишии ҷаҳон, Роналду бо ду голи ахиран ба дарвозаи тими "Удинизе" задааш ба ин натиҷа дастёб гардид.

Криштиану Роналду  - Sputnik Тоҷикистон
Саҳифаи Инстаграми Роналду сербинандатарин дар ҷаҳон - 250 миллион аъзо

Як рӯз пеш, Ювентус дар бозии даври 15-ум дар майдони худ "Удинезе"-ро қабул кард. Вохӯрӣ бо пирӯзии калони "Ювентус" бо ҳисоби 4: 1 хотима ёфт. Дар ин бозӣ Роналду ду гол зад ва як партофти головар анҷом дод.

Бо шарофати дубл, Роналду дар бозиҳои расмӣ аз ҳамлагари афсонавии Бразилия Пеле пеш гузашт. Ҳамакнун футболбози Португалӣ дар хазинааш 758 гол дорад, ки ин якто бештар аз беҳтарин футболбозони асри гузашта аст. Барои расидан ба чунин зина Роналду 1032 бозиро пушти сар кард, аммо Пеле 757 голашро дар 812 бозӣ зада буд.

Ба дӯстдухтари Роналду ҷома ҳадя карданд: ӯ Қазоқистонро аз Ӯзбекистон фарқ накард - акс

Рекорди мутлақи шумораи голҳо ба ҳамлагари чех Йозеф Бикан тааллуқ дорад, ки ӯ дар солҳои 1931-1955 759 гол задааст.

Лентаи хабарҳо
0