ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати курҳои дохилаи Тоҷикистон ахиран зимни пешбурди корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ноҳияи Ҷайҳун ду нафар аз сокинони ноҳияи мазкурро, ки гумонбарони ҷиноятҳо будаву аз моҳи августи соли 2020 дар ҷустӯҷу қарор доштанд, дастгир намуданд.
Гуфта шудааст, ки дастгиршуда Ёрмаҳмадов Оймуҳаммад дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – (авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр алоқаманд мебошад), гумонбар дониста мешавад.
Ҳамзамон кормандони милитсия Саидамиров Зоиршоро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон –(қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ) гумонбар дониста мешавад.
Манбаъ қайд кардааст, ки нисбати дастгиршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун, павандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рух додани садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар километри 277 - уми роҳи мошингарди Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 22 январ рух додааст.
"Ронандаи 46 - солаи автомашинаи "Landcruser", аз шаҳри Хоруғ бо панҷ мусофир самти пойтахт ҳаракат мекард, ки дар нимароҳ ба садама дучор шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, аз сабаби барфрезӣ ва шамоли сахт ронанда аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба ҷарии 40 метр сарозер шуд.
Дар натиҷа худи ронанда бо ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Тӯйхона мотамхона шуд: мошини домод замони барои арӯс рафтан дучори садама шуд
Гуфта мешавад, мусофирони дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон интиқол доданд. Маълумоти бештар дар мавриди фавтидагону ҷароҳатбардоштагон рӯйи даст нест.
Кумитаи ҳолатҳои фақулода ҳамчунин гуфт, рӯзи гузашта аз сабаби боришоти зиёди барф роҳи Шуғнон - Ишкошими ВМКБ муваққатан масдуд буд.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ахиран гурӯҳи террористии ДОИШ ба таври расмӣ масъулияти ду инфиҷори интиҳорӣ дар Бағдодро бар ӯҳда гирифт, хабар медиҳад сомонаи "Аъмоқ", ки вобаста ба ин гурӯҳ аст.
Манбаъ меафзояд, рӯзи панҷшанбе дар Бағдод яке аз аносири ин гурӯҳ ба номи Абуюсуф ал-Ансорӣ камарбанди инфиҷории худро дар майдони Ал-Тайрони Бағдод мунфаҷир кард ва камарбанди дуввумро низ Муҳаммадориф ал-Муҳоҷир, узви дигари ин гурӯҳи террористӣ ба ҳамин равиш мунфаҷир кардааст.
Ба гуфтаи масъулони ироқӣ ин ду инфиҷор, ки дар бозори пуриздиҳоми майдони Ал-Тайрони Бағдод ба вуқуъ пайваст, 32 куштаву 110 захмӣ барҷой гузоштааст.
Пайёми Оиша аз Бағдод: падару модарамро гум кардам
Ба дунболи ин ду инфиҷори террористӣ, Мустафо Ал-Козимӣ, нахуствазири Ироқ дастури оғози таҳқиқоти фавриро барои равшан шудани иллати он ва пайгарди мағзҳои террористӣ, ки убури террористҳо ва фаъолияти онҳоро осон карданд, содир кард.
Ин ду инфиҷор бо маҳкумияти шадиди кишварҳову созмонҳои мухталиф, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон рӯ ба рӯ шуд.
ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Набарди ҷавобӣ байни Конор Макгрегор ва Дастин Пуаре барои аксарият ғайричашмдошт хотима ёфт - Поре ғолиб омад.
Рақобат дар даври дуюм хотима ёфт.
Нахуст варзишкори амрикои забаҳо хӯрд ва ҳама бовар доштанд, ки Конор пирӯз мешавад.
Аммо дар даври дуввум Поре бо задани зарбаҳои ҳадафрас Конорро нокаут кард ва ӯ рӯйи майдон уфтод.
Ёдовар мешавем, ки Макгрегор ва Дастин Поре 27-уми сентябри соли 2014 аввалин рақобати худро доир карданд, ки дар натиҷа варзишкори ирландӣ дар даври аввал бо нокаут пирӯз шуд.
Ҳардуи онҳоро қаҳрамони вазни сабук Хабиб Нурмагомедов шикаст додааст.
Ҳабиб ҷараёни рақобатро аз аввал пайгирӣ мекард. Новобаста аз он ки ӯ метавонад ба ягон рақиб таваҷҷӯҳ зоҳир кунад ва ё карераашро ба анҷом расонад, мо инро ба зудӣ хоҳем донист.