ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин садамаи маргбор санаи 5 январ соати 11:30 дақиқа дар ҳудуди мавзеи "Тагоби Хушекат" - и ҷамоати деҳоти Айнӣ рух додааст.
Ҳалокати донишҷӯю табиб: ду садамаи маргбор дар Душанбею Шуғнон
Манбаъ қайд кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, Маърупов Файзуллои 54 - сола, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди мавзеи "Тагоби Хушекат”-и ҷамоати деҳоти Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 400-500 метр чаппа шудааст.
ВКД-и Тоҷикистон зикр кардааст, ки дар натиҷа, худи ронанда, Маърупов Файзулло ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Садамаи маргбор дар Шаҳринав: ронандаи "КАМАЗ" пиёдагардро пахш кард
Дар ҳоли ҳозир, аз сӯи кормандони милитсия таҳқиқоти ин ҳодиса идома дорад.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сӯхтор дар хонаи Меҳрӣ Бӯриева тахминан соати 19:30, замоне рух додааст, ки аъзои оила дар хона ҳузур доштанд, хабар додааст сомонаи “Фараж”.
Манбаъ аз қавли корманди хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Нурмаҳмад Хӯшаев афзудааст, ки оташсӯзӣ масоҳати 50 метри мураббаъро дарбар гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар боми манзили истиқоматии соҳибкор Меҳрӣ Бӯриева будааст.
Оташнишонҳо саривақт ба ҷои ҳодиса расиданд ва аз зарари бештар ҷилавгирӣ карда шуд. Хушбахтона, ягон нафар аз аъзои оила дар сӯхтор зарари ҷисмонӣ набардоштанд, таъкид намудааст подполковник Нурмаҳмад Хӯшаев.
Дар баробари ин сомонаи Фараж хабар додааст, ки дар макони ҳодиса, яке аз ҳамсояҳои хонум Бӯриева гуфт, зарардида барои гарм кардани хонааш аз ангиштсанг истифода мекардааст ва пас аз гармии зиёди дудбаро боми хона, ки аз масолеҳи бомпӯши навъи “Ондулин” иборат аст, оташ гирифтааст.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳафтаи гузашта кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе назди бозорҳо ва ҳамчунин дар кӯчаҳо рейдҳо роҳандозӣ намуданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар пойтахт.
Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис асосан қиморбозонро дастгир мекарданд.
Рейд: боздошти гургҳои қиморбози "алик-малик" дар Душанбе
Ҳамин тариқ, РВУД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавони 26 ва 27 - сола хабар медиҳад, ки яке сокини шаҳри Кӯлоб ва дигаре сокини ноҳияи Фархор мебошанд.
"Ҳомидов Хуршед ва Юнусов Самандар, ки дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ ба бозии "алик-малик" машғул буданд, дастгир шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ки ҳар ду боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт шуда буданд.
Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ мавқеи Федератсияи Русияро дар масъалаи пайвастан ба кишвари Қарабоғи Кӯҳӣ шарҳ дод.
"Дар мавриди пешниҳоди экзотикӣ дар бораи ҳамроҳ кардани Қарабоғи Кӯҳӣ ба Федератсияи Русия ... Шумо медонед, ки истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳиро касе эътироф накардааст, аз ҷумла Арманистон. Мо чунин фикрҳо надорем", - гуфт Лавров.
Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия илова намуд, ки Русия аз он бармеояд, ки ҳама масъалаҳо дар ин минтақа бояд байни кишварҳои воқеъ дар минтақа, пеш аз ҳама байни Арманистон ва Озарбойҷон ҳал карда шаванд.
Арманистон сабаби шикасташ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт
Лавров афзуд: "Мо омодаем дар пайдо кардани як ҳалли мусоидат ба сулҳ, субот ва амният дар ин минтақа кумак кунем".