Пожарные рукава, архивное фото

Сабабҳои сӯхтор дар анбори "Султони Ҳаким" дар Душанбе муайян мешавад

670
(Таҷдидшуда 17:07 14.01.2021)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, масоҳати оташсӯзӣ дар анбори ҶДММ "Султони Ҳаким" тақрибан 150 метри мураббаъро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Тибқи гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, сӯхтор дар қаламрави шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуд.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳодисаи сӯхтор рӯзи 6 январ, соати 10:38 дар анбори ҶДММ "Султони Ҳаким", воқеъ дар кӯчаи Абдуллобеков - 21, ноҳияи Сино ба амал омад.

"Барои хомӯш кардани оташ дар соати 10:40 субҳ як гурӯҳи наҷотбахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе фиристода шуд, ки якҷо бо кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД сӯхторро соати 11: 18-и вақти маҳаллӣ пурра хомӯш карданд", - омадааст дар хабарнома.

Масоҳати оташсӯзӣ дар анбори ҶДММ “Султони Ҳаким” тақрибан 150 метри мураббаъро ташкил додааст.

ВУД сабаб, зарар ва гунаҳкори сӯхтор дар Панҷакентро гуфт

Манбаъ афзуда, ки дар паи ин ҳодиса талафот ба қайд гирифта нашудааст ва сабабҳои сӯхторро мақомоти дахлдор тафтиш мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзе қабл дар ноҳияи Ашт пирамарди 76 - сола бар асари сӯхтор ҷон бохт.

670
Барчаспҳо:
талафот, анбор, Анбор, Душанбе, сӯхтор
Дым поднимается от здания, после взрыва в центре Мадрида

Таркиши мудҳиш дар маркази Мадрид-навори шоҳидон

327
(Таҷдидшуда 20:58 20.01.2021)
Таркиши мудҳише маркази шаҳри Мадридро такон дод ва як кӯчаро тақрибан хароб намуд. Сабаби таркиш мавриди таҳқиқ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бар асоси иттилои расида, таркиш дар бинои навбунёде дар кӯчаи Толедо рух додааст ва дар натиҷа биноро тақрибан тахриб намуд.

Сабабҳои таркиш феълан маълум нест. Дар ҷои ҳодиса айни ҳол мақомот кор карда истодаанд. Яке аз сабабҳои эҳтимолӣ хориҷ шудани газ арзёбӣ мешавад.

Бархе манобеи дигар мегӯянд, таркиш дар меҳмонхона рух додааст, бархеи дигар изҳор медоранд, ки дар хонаи пиронсолон.

Дар ин таркиш, ки баъди зуҳри имрӯз рух додааст, чанд нафар ҳалок шуда, бархеи дигар маҷруҳ гардидаанд. Аммо дақиқан теъдоди қурбониён то ҳол ироа нашудааст.

327
Руки в наручниках, архивное фото

Зани ҷавон бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир шуд

275
(Таҷдидшуда 14:10 20.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкоршавии як ҳолати ташкили фоҳишахона дар вилояти Суғд хабар додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дастгир карда шуд.

Манбаъ афзудааст, ки дастгиршуда барои ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона гумонбар мебошад.

"Номбурда, 12-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:00, дар хонаи истиқоматиаш ба зан ва марди 34-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД изҳор доштааст, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Иҷора гирифту ба фоҳишахона табдил дод: боздошти зани 34 - сола дар Душанбе

Қаблан мақомоти Тоҷикистон ҷазо барои ташкил фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ ё занҷаллобиро сангинтар карданд.

Барои ин ҷиноёт ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Бар асоси тағйирот, ба афроде, ки дубора даст ба чунин ҷинояткорӣ мезананд то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

275
Барчаспҳо:
дастгир, боздошт, Тоҷикистон

Вазъ дар Маскав беҳтар мешавад: Собянин як қатор маҳдудиятҳоро лағв кард

0
(Таҷдидшуда 12:30 21.01.2021)
Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мегӯяд, вазъи коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва аз ин рӯ як қатор маҳдудиятҳои ҷориро бекор мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сар аз 22 январ дар шаҳри Маскав аксар маҳдудиятҳое, ки дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, бекор мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар додааст.

Бо қарори Собянин, сар аз фардо кори муассисаҳои таълимӣ, маконҳои фароғатӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ аз сар гирифта мешавад.

Ӯ мегӯяд, вазъи коронавирус дар пойтахти Русия хушбинкунанда аст, "аз ин рӯ метавонем маҳдудиятҳои мавҷударо ба таври назаррас коҳиш диҳем".

Ҳамин тариқ, аз 22 январ кори осорхонаву китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷоннок мешавад ва ба баргузории чорабиниҳои фароғатӣ низ иҷозат дода мешавад.

Собянин: сокинони Маскав бояд аз нав ба ҳаёти муқаррарӣ одат кунанд

Аммо шаҳрдор таъкид намудааст, ки шумораи тамошобинон набояд аз 50 дарсад зиёдтар бошад.

Зимнан, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои варзишӣ ва муассисаҳои истироҳати кӯдакон низ ба кори муқаррарӣ бармегарданд, вале донишҷӯёни донишгоҳҳои Маскав ҳамоно то 6 феврал ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд.

Собянин изҳори умед намуд, ки дар ояндаи наздик вазъият боз ҳам беҳтар мешавад ва маҳдудиятҳо марҳила ба марҳила бекор мегарданд.

0
Барчаспҳо:
лағв, маҳдудият, Сергей Собянин, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон