Садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ: 5 узви як хонавода ҷон бохт

© Пресс-служба КЧС ТаджикистанаДТП из-за образовавшегося гололёда в Таджикистане, архивное фото
ДТП из-за образовавшегося гололёда в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз садамаи маргборе дар роҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ хабар медиҳад, ки боиси ҳалокати панҷ узви як хонавода шудаанд

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳодисаи мазкур, 7-уми январ, соати 18:50 дақиқа дар километри 80-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки мошини тамғаи Opel Astra G, ки аз ҷониби як марди 62-сола, сокини  деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич идора мешуд, ба ҷарии 400-метрӣ сарозер шуд.

"Дар ин садамаи мудҳиш 5 нафар, аз ҷумла худи ронанда ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи ҳалокшудагон сокинони деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич буда, хешу табори наздик ва ронанда ҳамсояи онҳо мебошад. Бузургсолтарини онҳо ронанда ва хурдсолтарини онҳо Сайида ном духтарчаи ҳафтсола будааст", - омадааст дар хабарнома.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшони вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ ҷасади ҳамаи қурбониёни ин садамаи маргборро берун оварданд. 

Перевернувшийся грузовик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мошини “Дулан” ба чуқурии 500-метра чаппа шуд: ронанда ба ҳалокат расид

Бино ба гузориши имдодгарон вақти роҳандозии корҳои наҷот як нафар бо вуҷуди ҷароҳатҳои зиёд зинда буд. Имдодгарон ӯро аз мошин берун оварданд, баъди раоснидани ёрии аввалияи тиббӣ ба духтуроне, ки сари вақт расида буданд, супурданд.

Бархӯрди ду худрав дар Суғд ба марги 2 нафар ва ҷароҳатдор шудани 3 тани дигар анҷомид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ронандагоне, ки дар ин рӯзҳои сарду яхӣ азми сафар доранд, даъват мекунад қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд, хеле эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

Лентаи хабарҳо
0