Машина полиции

Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард

1720
(Таҷдидшуда 18:04 10.01.2021)
Вазорати корҳои дохилӣ аз садамаи нақлиётие хабар медиҳад, ки дар паи он пиёдагард ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаи фоҷиабор рӯзи 8-уми январ ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Спринтер", Юсупов Шаҳзод Мавлонович, сокини 33-солаи ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Сохтмончии деҳаи Зарнисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ: 5 узви як хонавода ҷон бохт

Ӯ пиёдагард Ортиқбоева Савриниссо Мухторовна, сокини 70 - солаи шаҳри Гулистонро пахш намудааст.

Мошини “Дулан” ба чуқурии 500-метра чаппа шуд: ронанда ба ҳалокат расид

"Дар натиҷа, Ортиқбоева С.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ка Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

1720
Водохранилище Таджикское море

Паҳнкунандагони хабари дурӯғ дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум боздошт шуданд

630
(Таҷдидшуда 17:33 16.01.2021)
Дар ин бора аз эфири телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълум шуд. Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон шаҳрвандонеро боздошт карданд, ки дар бораи рахнашавии сарбанди обанбори Қайроққум маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд.

Дар ин бора шабакаи телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълумот додааст.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки як сокини минтақаи Сардоба ба маълумоти беасоси шиносҳояш бовар карда, ба ҳамсараш амр додааст, ки фавран ба кӯча барояд.

Ин овозаҳо дар маҳаллаи "Дӯстлик" -и минтақаи Сардоба ваҳмро ба вуҷуд овард. Ғайр аз ин, як блогер аз минтақаи Акалтин дар Ютюб видеоеро нашр карда, мардумро ба тарки хонаҳо даъват кардву аз обхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Ғайр аз он, як сокини ноҳияи Мирзоободи ин хабарро аз шаҳрвандони ду ноҳияи дигар шунида, ба бедор кардани ҳамсояҳо шурӯъ кардаву  гуфтааст, ки ҳарчи зудтар аз хонаҳо бароянд.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад

Ёдовар мешавем шаби 14 ба 15-уми январ овозаи рахнашавии сарбанди обанбори “Қайроққум”-и Тоҷикистон аҳолиии чанд минтақаи Ӯзбекистонро дар таҳлука андохт.

"Қайроққум" то соли 2023 таҷдид мешавад

 Дар пайи ин ҳолат,  Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққумро рад кард ва мардумро ба оромӣ даъват карда гуфт, иншоот солим ва муътадил кор мекунанд.

630
Девушка в наручниках, фото из архива

Зани 22-cола дар Ваҳдат хушдори 68-солаи чиниашро бо курсии чӯбин зада кушт

1151
(Таҷдидшуда 12:42 16.01.2021)
Цзян Венсин аз соли 2019 инҷониб бо шаҳрванд “М”-и 22 сола, модари танҳо, шиносоӣ пайдо намуда, мунтазам ӯро бо баҳонаи маҳс кардани баданаш ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки онҷо зиндагонӣ мекард, даъват карда, бар ивази аз 50 то 100 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik.  Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти як ҷавонзани 22-сола, сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки дар куштори марди чинӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, санаи 8 январи соли 2021 да беморхонаи шаҳри Ваҳдат шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, Тсзян Венсини 68-сола, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Вахдат, деҳаи Чиртак, ки аз соли 2008 инҷониб ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул буд, ба ҳалокат расида, барои баррасии ҳолат 9 январи парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда.

 Муайян карда шуд, ки Тсзян Венсин аз соли 2019 инҷониб бо шаҳрванд “М”-и 22 сола, модари танҳо, соҳиби як фарзанд, зодаи ноҳияи Дарвоз, сокини шаҳри Вахдат, деҳаи Чиртак, шиносоӣ пайдо намудааст.

“Ӯ мунтазам “М”-ро бо баҳонаи маҳс кардани баданаш ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки онҷо зиндагонӣ мекард даъват карда, бар ивази аз 50 то 100 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст”,-мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, 8 январи соли 2021, тахминан соати 18:30 дақиқа “М” бо даъвати навбатии Тсзян Венсин барои маҳси бадан ба бошишгоҳи саҳроии номбурда рафтааст.

Тсзян Венсин бошад чун ҳарвақта ҳангоми баданашро маҳс кардани “М” бар ивази 100 сомонӣ анҷом додани алоқаи ҷинсиро пешниҳод кардааст.

““М” дар давраи ҳайзи занона гирифтор буданаш талаби номбурдаро рад кардааст. Тсзян Венсин ба суханони “М” аҳамият надода, маҷбуран бо номбурда як маротиба алоқаи ҷинсӣ анҷом дода, аз охирин талаб кардааст, ки то саҳар бо ӯ дар бошишгоҳи саҳроияш монад. “М” талаби ӯро рад намуда, ба сӯи дари бошишгоҳи саҳроӣ рафта, аз Тсзян Венсин хоҳиш кардааст, ки бинобар танҳо будани фарзанди хурдсолаш барои ба хонаашон рафтан иҷозат диҳад”,-афзудааст, манбаъ.

Аммо, Тсзян Венсин аз ин рафтори “М” ба қаҳру ғазаб омада, бо истифодаи ноқили оташков ба қисми қафои сари номбурда як маротиба зада, ба номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Баъди алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ: мард 70 ҳазор пешниҳод кард, ки аз ҷавобгарӣ халос шавад

Шаҳрванд “М” аз қаҳру ғазаб курсии чубини дар назди кати хоби Тсзян Венсин бударо гирифта, бо он якчанд маротиба ба қисми фарқ ва чаккаи сари номбурда зарбаҳо задааст, ки Тсзян Венсин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.

1151
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон