Девушка в наручниках, фото из архива

Қасос гирифт: ҳукми зане, ки бо сабзӣ бакорати ҷияни хурдсолашро вайрон кард

4320
(Таҷдидшуда 13:28 12.01.2021)
Додгоҳи ноҳияи Сино Ҳайдарова Одинаро барои қасдан вайрон намудани бакорати ҷияни хурдсол ва ӯро бероҳа эълон кардан дар ҷамъият ба 11 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳукми занеро содир намуд, ки бо амали даҳшатовари худ ба ҷияни хурдсолаш ва модари ӯ таъсири руҳиву равонӣ расонд, хабар медиҳад котиботи Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Ҳайдарова Одина, сокини шаҳри Турсунзода қасдан бо роҳи пинҳонӣ бакорати ҷияни хурдсолашро вайрон намуда, ният дошт ӯро дар ҷамъият ҳамчун бероҳа муаррифӣ кунад.

Гуфта мешавад, бо ин роҳ номбурда мехост аз модари кӯдак қасд гирад.

"Ҳайдарова рӯзи 1 августи соли гузашта аз ҳузур надоштани дигар аъзоёни оила истифода бурда, дар манзили истиқоматиашон, як адад маҳсулоти полезии сабзиро гирифта ба ҳуҷраи хоби хурдсол М. даромада, ба узви занонаи охирин сабзиро ворид карда, ба узвҳои таносул ва саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Силсилаи таҷовузи кӯдакон дар Тоҷикистон: сабаб чист, чӣ бояд кард?

Манбаъ меафзояд, аз ин амали ваҳшонияти Ҳайдарова, ба саломатии хурдсол зарари вазнин, аз қабили захми даридаи пардаи бакорат ва маҳбал, хунравии шадиди беруна, расонида шуд.

Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 8 январи соли ҷорӣ Ҳайдароваро бо моддаи 110 қисми 2 банди "в" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ба мӯҳлати 11 солу 6 моҳ равонаи зиндон намуд.

Адои ҷазояшро ӯ дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ сипарӣ мекунад.

4320
Барчаспҳо:
ҳукм, Душанбе, додгоҳ
Мужчина с автоматом в руке, архивное фото

Ҳимояи худу фарзандон: шарҳи дастгиршуда дар Турсунзода дар бораи нигоҳдории силоҳ - видео

62
(Таҷдидшуда 20:55 27.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини шаҳри Турсунзода барои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ хабар додааст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.  Бар асоси гузориши ВУД, маъмурини Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар пайи як амалиёт Маъбурҷон Таҳоров, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд.

Дар пайи кофтукоб дар боми хонаи падари дастгиршуда, дар деҳаи Шукурови шаҳри Турсунзода як автомати Калашников бо 29 дона тир ва норинҷак пайдо карда шуд. Таҳоров дар гузориш изҳор медорад, ки ин аслиҳаро солҳои 1997 ё  1998 ба ивази 300 доллар бо ҳадафи ҳимоя харид.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин силоҳро он замон барои ҳимояи худу фарзандонаш гирифта буд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан алайҳи Таҳоров парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин ниҳод зикр намуд, афроде, ки ихтиёран ба мақомоти умури дохилӣ силоҳи оташфишон месупоранд аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.

62
Барчаспҳо:
силоҳ, шаҳри Турсунзода, Тоҷикистон
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

1578
(Таҷдидшуда 14:41 26.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргборе дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" хабар медиҳад, ки дар паи он як мусофир ҷон бохта, се тани дигар бистарӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 24-уми январ, тахминан соати 16:30, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ронандаи худрави "Тайота-Кемри", Раҳмонзода Фирдавс, сокини 36 - солаи Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" бархӯрдааст.

ВУД қайд мекунад, ки худрави дуюм таҳти идораи Даминов Убайдулло, сокини 31 -солаи ҷамоати деҳоти Арали ноҳияи Восеъ будааст. 

"Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри", Бобоёрова Ҷамолбӣ, сокини 61 - солаи шаҳри Душанбе, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Чаппа шудани мошин дар роҳи Хоруғ - Душанбе: ронанда бо ду мусофир ҷон дод

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Даминов ва мусофирони ӯ Мирзоев Комилҷон, сокини 51 - солаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ва ноболиғ Раҳмонзода Саидбилол, сокини 8 - солаи  Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

1578
Барчаспҳо:
ВУД ҶТ, Данғара, садама