Метеорит, графическое изображение

Астероиди хатарнок ба Замин наздик мешавад

563
(Таҷдидшуда 17:50 12.01.2021)
Гулчеҳра Қоҳирова мегӯяд, рӯзҳои наздик як астероиди хатарнок ба Замин наздик мешавад. Андозаи ин астероид 1 километр мебошад

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Рӯзҳои 13-14 январ як астероиди хатарнок аз назди Замин мегузарад, хабар медиҳад Гулчеҳра Қоҳирова мудири Институти астрофизикаи АМИТ, хабар медиҳад Ховар.

Ба иттилои манбаъ, астероиди нав бо номи 2020 WU5 29 ноябри соли 2020 бо ёрии телескопи кайҳонии Неовайз кашф шудааст.

Пас аз коркарди аксҳо маълум гардид, ки астероиди нав ба гурӯҳи астероидҳои наздизаминӣ («Аполлон») дохил шуда, бо номи 2020 WU5  дар махзани маълумоти астрономии ҷаҳонӣ қайд гардидааст.

"Мадори ҳисобшудаи астероид нишон медиҳад, ки он ба Замин наздик шуда метавонад", - гуфт мудири Институти астрофизикаи АМИТ.

Андозаи ин астероид тахминан 1 км мебошад. Бо назардошти наздикшавӣ ба Замин ва ҳамин андоза ин ҷирми кайҳонӣ ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок ба Замин дохил мешавад.

Олимони тоҷик: баъди чанд рӯз астероиди нав ба замин наздик мешавад

Гулчеҳра Қоҳирова зикр кард, ки наздикшавии навбатии астероид ба Замин шаби 13 ба 14 январи соли 2021, соати 01:40-и вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ меояд.

Дар ҳамин лаҳза масофаи байни астероид ва Замин 8.1 миллион километрро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, ин масофа аз масофаи байни Замин ва Моҳтоб 20 маротиба зиёд мебошад.

Олимон чунин меҳисобанд, ки наздикшавӣ дар чунин масофа бархӯрдро бо Заминба вучуд намеорад.  Бинобар ин, таҳдиди астероид ба Замин шаби 13-14 январ хеле ночиз буда, бархӯрди ӯ бо Замин ғайриимкон мебошад.

563
Мужчина с автоматом в руке, архивное фото

Ҳимояи худу фарзандон: шарҳи дастгиршуда дар Турсунзода дар бораи нигоҳдории силоҳ - видео

100
(Таҷдидшуда 20:55 27.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини шаҳри Турсунзода барои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ хабар додааст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.  Бар асоси гузориши ВУД, маъмурини Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар пайи як амалиёт Маъбурҷон Таҳоров, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд.

Дар пайи кофтукоб дар боми хонаи падари дастгиршуда, дар деҳаи Шукурови шаҳри Турсунзода як автомати Калашников бо 29 дона тир ва норинҷак пайдо карда шуд. Таҳоров дар гузориш изҳор медорад, ки ин аслиҳаро солҳои 1997 ё  1998 ба ивази 300 доллар бо ҳадафи ҳимоя харид.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин силоҳро он замон барои ҳимояи худу фарзандонаш гирифта буд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан алайҳи Таҳоров парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин ниҳод зикр намуд, афроде, ки ихтиёран ба мақомоти умури дохилӣ силоҳи оташфишон месупоранд аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.

100
Барчаспҳо:
силоҳ, шаҳри Турсунзода, Тоҷикистон
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

1725
(Таҷдидшуда 14:41 26.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргборе дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" хабар медиҳад, ки дар паи он як мусофир ҷон бохта, се тани дигар бистарӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 24-уми январ, тахминан соати 16:30, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ронандаи худрави "Тайота-Кемри", Раҳмонзода Фирдавс, сокини 36 - солаи Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" бархӯрдааст.

ВУД қайд мекунад, ки худрави дуюм таҳти идораи Даминов Убайдулло, сокини 31 -солаи ҷамоати деҳоти Арали ноҳияи Восеъ будааст. 

"Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри", Бобоёрова Ҷамолбӣ, сокини 61 - солаи шаҳри Душанбе, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Чаппа шудани мошин дар роҳи Хоруғ - Душанбе: ронанда бо ду мусофир ҷон дод

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Даминов ва мусофирони ӯ Мирзоев Комилҷон, сокини 51 - солаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ва ноболиғ Раҳмонзода Саидбилол, сокини 8 - солаи  Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

1725
Барчаспҳо:
ВУД ҶТ, Данғара, садама
Самолет на закате, архивное фото

Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

0
Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди кишвар дар соли 2020, ки имрӯз тақрибан тамоми рӯз идома ёфт, президенти кишвар ба масоили хадамоти ҳавоӣ низ дахл кардааст

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини хадамоти ҳавоии кишвар дастур додааст, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.

“Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром, директорони генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон дастур доданд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд”,-афзудааст, котиботи президент.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта зимни ироаи паёми солона Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.
Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия, ки хатсайри маъмул ба шумор меравад, масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад. Аммо то кунун чизе дар ин самт рушан нашудааст.

0
Барчаспҳо:
дастур, парвозҳо, Эмомалӣ Раҳмон