Задержаные полицией в Худжанде за азартные игры

Ҷазои ташкилкунандагони бозиҳои кӯчагии “алик-малик” дар шаҳри Хуҷанд

713
(Таҷдидшуда 13:25 13.01.2021)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон аз ҷазои ду нафар аз ташкилкунандаи бозиҳои кӯчагии "алик-малик" ва "қарасан-топасан", дар бозори "Панҷшанбе" - и шаҳри Хуҷанд, хабар дод

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik.  Кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд ду қиморбози ашаддӣ - Абдуаҳадов Рустам, истиқоматкунандаи чамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ва Саъдии Муҳиддин, истиқоматкунандаи маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷандро, ки дар ҳудуди бозори "Панҷшанбе" қиморбозии кӯчагиро ташкил намуданд, боздошт карданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, қиморбозии кӯчагӣ, ки дар байни мардум бо номҳои "алик-малик" ва "қарасан-топасан" маъмул аст, ҳарчанд мардумфиребии рӯирост бошад ҳам, мутассифона баъзеҳо онро манбаи даромад меҳисобанд.

Боздошти сокини 68 солаи Восеъ: манзили зисташро ба қиморхона табдил дод

Гуфта шудааст, ки бо тартиб додани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи нозирони минтақавии милитсия, суди шаҳри Хуҷанд нисбати хукуквайронкунандагон ҷазои ҳабс татбиқ намуд.

"Саъдии Муҳиддин ба муҳлати 10 шабонарӯз, Рустам Абдуаҳадов 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо гирифтанд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ, ҷарима дар асоси моддаи 465 ва ҷазои ҳабсӣ дар асоси моддаи 475 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз таъсиррасониҳои ҳуқуқие мебошанд, ки нисбати ташкилкунандагони бозиҳои кӯчагии "алик-малик" татбиқ мешавад.

713
Барчаспҳо:
милитсия, ВКД, ҷиноят, бозор, Панҷшанбебозор, Хуҷанд, бозӣ, Тоҷикистон
Девушка в наручниках, фото из архива

Зани 22-cола дар Ваҳдат хушдори 68-солаи чиниашро бо курсии чӯбин зада кушт

717
(Таҷдидшуда 12:42 16.01.2021)
Цзян Венсин аз соли 2019 инҷониб бо шаҳрванд “М”-и 22 сола, модари танҳо, шиносоӣ пайдо намуда, мунтазам ӯро бо баҳонаи маҳс кардани баданаш ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки онҷо зиндагонӣ мекард, даъват карда, бар ивази аз 50 то 100 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik.  Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти як ҷавонзани 22-сола, сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки дар куштори марди чинӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, санаи 8 январи соли 2021 да беморхонаи шаҳри Ваҳдат шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, Тсзян Венсини 68-сола, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Вахдат, деҳаи Чиртак, ки аз соли 2008 инҷониб ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул буд, ба ҳалокат расида, барои баррасии ҳолат 9 январи парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда.

 Муайян карда шуд, ки Тсзян Венсин аз соли 2019 инҷониб бо шаҳрванд “М”-и 22 сола, модари танҳо, соҳиби як фарзанд, зодаи ноҳияи Дарвоз, сокини шаҳри Вахдат, деҳаи Чиртак, шиносоӣ пайдо намудааст.

“Ӯ мунтазам “М”-ро бо баҳонаи маҳс кардани баданаш ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки онҷо зиндагонӣ мекард даъват карда, бар ивази аз 50 то 100 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст”,-мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, 8 январи соли 2021, тахминан соати 18:30 дақиқа “М” бо даъвати навбатии Тсзян Венсин барои маҳси бадан ба бошишгоҳи саҳроии номбурда рафтааст.

Тсзян Венсин бошад чун ҳарвақта ҳангоми баданашро маҳс кардани “М” бар ивази 100 сомонӣ анҷом додани алоқаи ҷинсиро пешниҳод кардааст.

““М” дар давраи ҳайзи занона гирифтор буданаш талаби номбурдаро рад кардааст. Тсзян Венсин ба суханони “М” аҳамият надода, маҷбуран бо номбурда як маротиба алоқаи ҷинсӣ анҷом дода, аз охирин талаб кардааст, ки то саҳар бо ӯ дар бошишгоҳи саҳроияш монад. “М” талаби ӯро рад намуда, ба сӯи дари бошишгоҳи саҳроӣ рафта, аз Тсзян Венсин хоҳиш кардааст, ки бинобар танҳо будани фарзанди хурдсолаш барои ба хонаашон рафтан иҷозат диҳад”,-афзудааст, манбаъ.

Аммо, Тсзян Венсин аз ин рафтори “М” ба қаҳру ғазаб омада, бо истифодаи ноқили оташков ба қисми қафои сари номбурда як маротиба зада, ба номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Баъди алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ: мард 70 ҳазор пешниҳод кард, ки аз ҷавобгарӣ халос шавад

Шаҳрванд “М” аз қаҳру ғазаб курсии чубини дар назди кати хоби Тсзян Венсин бударо гирифта, бо он якчанд маротиба ба қисми фарқ ва чаккаи сари номбурда зарбаҳо задааст, ки Тсзян Венсин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.

717
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати марди солхӯрдае зери чархи “Лексус-450”-и Исфандиёр

353
(Таҷдидшуда 12:30 16.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он марди солхӯрдае ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи гузашта, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа дар роҳи самти Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-450”, Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралии 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст.

Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард

Дар натиҷа, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки Ортиқбоева Савриниссо Мухторовнаи 70-сола, сокини ноҳияи Масчо зери чархи  "Мерседес-Спринтер"-и Юсупов Шаҳзод Мавлонович, сокини ҳамин ноҳия ҳалок шуд.

353
Врач в защитном костюме улыбается, архивное фото

Пас аз бемории коронавирус иммунитети бадан то кай пойдор мемонад?

0
Ҳамагиршинос ва ё эпидемиологи рус гуфт, ки баъди аз сар гузаронидаи коронавирус иммунитети бадан то кай боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Нафароне, ки коронавирусро аз сар гузаронидаанд, иммунитеташон ба ин беморӣ ним сол пойдор мемонад. Дар ин бора роҳбари Институти марказии эпидемиологии Русия Василий Акимкин изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи коршинос, иммунитет ба коронавирус баъди аз сар гузаронидани беморӣ то панҷ моҳ боқӣ мемонад ва пас аз он ба танозул меравад.

"Иммунитет аз се то панҷ моҳ пойдор мемонад ва сипас он то рафт кам мешавад, ҳатто аллакай пас аз моҳи сеюми беморӣ дараҷаи пастшавии иммунитет ба қайд гирифта мешавад", - гуфтаст Аминкин.

Дар ҳамин ҳол, коршинос таъкид кардааст, ки пас аз коронавирус бояд дар бадани инсон на танҳо антитела, балки иммунитети ҳуҷайрагӣ пайдо шавад.

Ёдрас мешавем, коронавирус бори нахуст дар бадани инсон охири соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд. Беморӣ бо суръати кайҳонӣ бурун аз шаҳр ва кишвар паҳн шуд ва дар натиҷаи фаро гирифтани қариб тамоми кишварҳои олам, онро 11 марти соли 2020 Созмони тандурустии ҷаҳонӣ пандемия эълон кард.

Аз 2 миллион гузашт: охирин омори фавт аз коронавирус дар ҷаҳон

Тоҷикистон бори нахуст 30 апрел аз гирифтор шудани 15 нафар ба ин бемории ҳамагир хабар дод ва то имрӯз дар кишвар бештар аз 11 ҳазор нафар ба коронавирус дучор шудаанд ва тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, ҳудуди 99, 3 дар сади беморони КОВИД -19 шифо ёфтаанд.

0