ДУШАНБЕ, 13 январ – Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, Ҳаитов Абдуллоҳ аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2020 ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Маскави Русия кору фаъолият намуда, аз аъзоёни номаълуми равняи "Салафия" таълимоти динӣ омӯхта, ба узвияти ин созмони ифротӣ ҳамроҳ шудааст.
Гуфта мешавад, ӯ бо пайвастан ба Салафия ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистии ин равия тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет ба ҷалби шаҳрвандон машғул шудааст.
"Прокуратураи шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳолат бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст", - таъкид намудааст манбаъ.
Додгоҳи кулли Тоҷикистон қайд кардааст, ки бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Ҳаитов Абдуллоҳ гунаҳгор дониста шуд ва ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.
Дар Хуҷанд 6 тан ба ҷурми пайравӣ ба ҷунбиши "Салафия" маҳкум шуданд
Бояд гуфт, фаъолияти гурӯҳи Салафия дар Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи олии ин кишвар дар солҳои 2009 ва 2014 мамнӯъ эълом шуда аст.
Тайи солҳои гузашта садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми гароиш ба Салафия боздошт ва маҳкум ба зиндон шудаанд.
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бар асоси гузориши ВУД, маъмурини Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар пайи як амалиёт Маъбурҷон Таҳоров, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд.
Дар пайи кофтукоб дар боми хонаи падари дастгиршуда, дар деҳаи Шукурови шаҳри Турсунзода як автомати Калашников бо 29 дона тир ва норинҷак пайдо карда шуд. Таҳоров дар гузориш изҳор медорад, ки ин аслиҳаро солҳои 1997 ё 1998 ба ивази 300 доллар бо ҳадафи ҳимоя харид.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ин силоҳро он замон барои ҳимояи худу фарзандонаш гирифта буд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан алайҳи Таҳоров парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин ниҳод зикр намуд, афроде, ки ихтиёран ба мақомоти умури дохилӣ силоҳи оташфишон месупоранд аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.
ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 24-уми январ, тахминан соати 16:30, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ронандаи худрави "Тайота-Кемри", Раҳмонзода Фирдавс, сокини 36 - солаи Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" бархӯрдааст.
ВУД қайд мекунад, ки худрави дуюм таҳти идораи Даминов Убайдулло, сокини 31 -солаи ҷамоати деҳоти Арали ноҳияи Восеъ будааст.
"Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри", Бобоёрова Ҷамолбӣ, сокини 61 - солаи шаҳри Душанбе, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Чаппа шудани мошин дар роҳи Хоруғ - Душанбе: ронанда бо ду мусофир ҷон дод
Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Даминов ва мусофирони ӯ Мирзоев Комилҷон, сокини 51 - солаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ва ноболиғ Раҳмонзода Саидбилол, сокини 8 - солаи Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.