Тағйироти кадрӣ дар 8 шаҳру навоҳии Хатлон: кӣ ба куҷо рафт?

© сомонаи ҳукумати ХатлонТағйироти кадрӣ дар 8 шаҳру навоҳии Хатлон
Тағйироти кадрӣ дар 8 шаҳру навоҳии Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ва фаъолияти ба нафъи миллату давлат созгор ҳидоят намудааст

ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон, Қурбон Ҳакимзода бо кадрҳои навтаъйин имрӯз мулоқот кардааст.

Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Хатлон

Раиси вилоят қайд кард, ки дар мувофиқа бо роҳбарияти мамлакат Орифзода Маҳдӣ Маҳмуд – муовини якуми раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мӯсозода Абдухолиқ – муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ибодуллозода Асадулло Ибодулло - муовини якуми раиси ноҳияи Дӯстӣ, Шарифзода Идигул Маҳмадшариф - муовини раиси ноҳияи Хуросон таъйин шуданд.

Ҳамзамон, Мирзозода Алӣ Мирзо - муовини раиси ноҳияи Хуросон, Раҷабзода Алишер - муовини раиси ноҳияи Ёвон, Маҳмадализода Гулҷаҳон Раҳимҷон - муовини раиси ноҳияи Вахш, Вализода Қурбон Бобохон - муовини раиси шаҳри Бохтар, Қурбонзода Наргис Саидӣ - муовини раиси шаҳри Бохтар таъин гардидаанд.

Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ва фаъолияти ба нафъи миллату давлат созгор ҳидоят намудааст.

“Қайд гардид, ки дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд ҳушёру зирак бошем, манфиатҳои миллиро ҳимоя намоем, ба муроҷиатҳои шаҳрвандон саривақт чораҷӯӣ намуда, иҷрои нақша ва барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро саривақту сифатнок таъмин намоем”,- афзудааст манбаъ.

Таъкид шудааст, ки кадрҳои тозатаъин дар сатҳи маҳал бояд баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешбурди корҳои идеологӣ, равнақи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ободониву хуррамгардонӣ тамоми донишу таҷрибаашонро самаранок истифода баранд.

Лентаи хабарҳо
0