Наҷоти ду ноболиғ дар пойтахти Тоҷикистон

© КЧССотрудники КЧС спасли двух подростков
Сотрудники КЧС спасли двух подростков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шащри Душанбе ду кӯдаки ноболиғе, ки дар дохили хона банд монданд, наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ба нақл аз КҲФ-и Тоҷикистон як сокини хиёбони Рӯдакии пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш баста ва ду кӯдаки ноболиғаш дар дохили хона мондааст.

Нурекское водохранилище - Sputnik Тоҷикистон
Қадрдонии прапоршик Сафаров барои наҷоти духтари ноболиғ

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дастаи махсуси зудамали наҷоти КҲФ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар, ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд.

“Лозим омад бо истифода аз нардбон ва дигар таҷҳизот аз тиреза вориди хона шаванд ва дарро аз дарун боз кунанд. Маълум шуд, ки ду кӯдак, ки яке духтарчаи 7-сола ва дигар писарчаи 8-сола дар дохили хона монда буданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

КҲФ-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки кӯдакон солим ба модарашон супурда шуданд ва ба ҳеч ёрии тиббиву равонӣ ниёз надоштанд.

Дар ҳамин ҳол КҲФ зикр кардааст, ки дар зарфи як ҳафтаи охир танҳо дар шаҳри Душанбе ин чорумин ҳолатест, ки модарон саросема аз манзил берун мешаванд ва тифлон дар дохил танҳо мемонанд. 

Лентаи хабарҳо
0