Скорая помощь в Душанбе

Ҳалокати пиёдагард дар назди бозори “Баракат”

647
(Таҷдидшуда 12:42 23.01.2021)
Дар рӯ ба рӯи бозори “Баракат” дар роҳи нақлиётгарди “Ғафуров-Хуҷанд” ронандаи мошини ҷип пиёдагарди 37-соларо пахш намуд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 21-уми январи соли равон, дар роҳи нақлиётгарди “Ғафуров-Хуҷанд” рух додааст.

Таъкид шудааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Хонда СРВ”, Ибрагимов Соҳиб, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Ғафуров-Хуҷанд”, дар рӯ ба рӯи бозори “Баракат” бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонист.

Дар натиҷа ба иттилои ВУД-и Тоҷикистон, пиёдагард Кӯканбек Тоҳир Азим, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Роштқалъаро, ки аз тарафи чап ба рости роҳ мегузашт, пахш намудааст. 

ВКД-и Русия гуфт, муҳоҷирони кадом кишварҳои Осиёи миёна бештар садама мекунанд

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар натиҷа пиёдагард Кӯканбек Тоҳир, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби кормандони милитсияи Тоҷикистон таҳқиқоти ин ҳодиса идома дорад.

647
Барчаспҳо:
ҳалокат, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, ҳалокати пиёдагард, пиёдагард, пахш, садама, Тоҷикистон
Река Душанбинка. Архивное фото

Ҷавондухтари 24 - сола дар Душанбе, ки қасди худкушӣ кард, наҷот ёфт

247
(Таҷдидшуда 12:35 26.02.2021)
Ҷавондухтар ҳоло дар беморхона қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сокини 24 - солаи пойтахт аз худкушӣ наҷот ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда шоми рӯзи 25 феврал, тахминан соати 21:00 худро ба дарёи Душанбе андохт.

Гуфта мешавад, ӯ пас аз як муноқишаи оилавӣ ба мақсади худкушӣ аз хона баромада, ба назди дарёи Душанбеи кӯчаи Соҳилии пойтахт омад ва худро ғарқи оби дарё намудааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"- и ВУД, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии "Истиқлол" хизмат мебурданд бо шунидани сару садо зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

"Кормандони хадамоти мазкур, ҷавондухтарро аз марг наҷот дода, ӯро зуд ба бемористон бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин духтар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст.

247
Барчаспҳо:
наҷот, духтар, худкушӣ, Душанбе
Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Сӯхтор дар Толятти: муҳоҷири тоҷик ду фарзандашро наҷот доду кӯдаки ду - солааш ҷон бохт

455
(Таҷдидшуда 14:11 25.02.2021)
Сӯхтор дар як анборе сар зад, ки муҳоҷири тоҷик ҳамроҳ бо зану се фарзанди худ ба сар мебурд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Толятти Русия дар як анбор сӯхтор сар задаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Котиботи шӯъбаи назорати вилояти Самара хабар медиҳад, ки дар сӯхтор кӯдаки 2 - сола аз Тоҷикистон ҷон бохтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар анбори мазкур як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи нохуш рӯзи 24 феврал сар задаст ва сабаби он "нодуруст истифода шудани дастгоҳи гармидиҳӣ" арзёбӣ мешавад.

Манбаъ меафзояд, муҳоҷири тоҷик ду фарзанди худро аз алангаи оташ берун овард, вале фарзанди 2 - солаи ӯ ҷон аз даст дод.

Гуфта мешавад, волидони кӯдаки марҳум ҳоло дар беморхона қарор доранд.

Зимнан, қайд мешавад, ки пас аз сӯхтор прокуратура санҷиш ташкил карда, дар ҷараёни он маълум гардид, ки анбор барои фаъолияти тиҷоратӣ бо иштироки муҳоҷирон истифода шудааст. Ҳоло қонунӣ будани кори шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш карда мешавад.

Зодагони Тоҷикистон дар Петербург мардумро аз коми оташ наҷот доданд - навор

Мақомот аллакай аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

455
Барчаспҳо:
тоҷик, муҳоҷир, сӯхтор, Толятти

Инфиҷори сахт дар Нижний Новгород - навор

0
Дар хонаи истиқоматие дар Нижний Новгород таркиши шадед сар зад: бино бар иттилои пешакӣ эҳтимол он дар қаҳвахонаи "Самурай" рух додааст

Таркиши гази маишӣ дар таҳхонаи бинои нуҳтабақаи шаҳр рух дод. Дар ин бора Раёсати минтақавии ВҲФ Русия хабар медиҳад.

Бино бар иттилои пешакӣ, таркиш дар қаҳвахонаи "Самурай"-и бинои нӯҳтабақаи кӯчаи Мешерскии ноҳияи Канавинск рух додааст.

Хабар дар бораи таркиш ба хадамоти оҷилӣ соати 9:13 бо вақти Маскав дастрас шуд. 

Гуфта мешавад, паас аз таркиш сӯхтор сар шуд ва сокинон оҷилан аз бино берун карда шуданд.

Феълан дар бораи талафони ҷонӣ маълумоте нест, аммо бино бар наворҳои фаврӣ бино пурра тахриб шудааст. 

Ба иттилои шоҳидон садои таркиш мошинҳои таваққуфгоҳи назди биноро такон додааст.

Маълумоти бештар дақиқи карда мешавад, ба ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврии ВҲФ равон шудаанд.

 

0
Барчаспҳо:
навор, Русия, инфиҷор