Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик

Боздошти ҷавони 22 - сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона

767
(Таҷдидшуда 12:50 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 22 - солаи Душанбе, барои ташкили фоҳишахона хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  ҷавон дар хонаи иҷорагирифтааш фоҳишахона ташкил карда, аз марду зане, ки ба хонаи ӯ барои алоқаи ҷинсӣ меомаданд 150 сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст. 

Тибқи иттилои манбаъ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Сино ба ҷавони 24 ва зани 35-соли сокинони шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан, шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қонуни нави Тоҷикистон шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.

767
Барчаспҳо:
ҷавон, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздошт, фоҳишахона, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор: Муқимҷон аз уҳдаи идораи мошин набаромаду пирамарди 80-соларо пахш кард

491
(Таҷдидшуда 10:49 09.03.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 7-уми март, тахминан соатҳои 21:40-дақиқа дар роҳи Душанбе ба самти шаҳри Ҳисордар дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Волсваген-Пасат", Назаров Муқимҷон Саидмаҳмудович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳи 80-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сомонро пахш намудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ин хустин ҳолати ҳалокати солхӯрдагон зери чархи мошин набуда, тайи моҳҳои ахир чунин ҳаводис зиёд рух медиҳад. 

Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард

Аввали моҳи ҷорӣ низ вазорат аз ҳалокати пирамарди 76 -сола зери чархи автомобил дар масири Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав хабар дода буд.

491
Барчаспҳо:
пахш, пирамард, Ҳисор, садама, Тоҷикистон
Руки  в наручниках

Боздошти ду нафар бо гумони қаллобӣ: давоми панҷ моҳ ду нафарро фиреб доданд

338
(Таҷдидшуда 00:07 09.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ахиран дар пойтахти кишвар мардони 29 ва 40-сола боздошт шуданд, ки дар кирдори қаллобӣ гумонбар дониста мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур шикоят бурдааст, ки моҳи октябри соли 2020, дар кӯчаи А.Навоӣ шахсони номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 104 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. 

Гуфта шудааст, ки кормандони милитсияи пойтахт, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардони 29 ва 40-солаи сокинони ҳамин ноҳия, ки якеашон пеш бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир намуданд.

Манбаъ ҳамзамон қайд кардааст, ки ин ду нафар санаи 21-уми феврали соли равон, дар кӯчаи А.Навоӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 140 ҳазор сомонӣ гирифтанд.

Таъкид шудаст, ки онҳо ба ҷабрдида ваъда додаанд, ки аз бинои навсохтмони кӯчаи А.Навоӣ якхонагӣ гирифта медиҳанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид доштааст, ки нафарони боздоштшуда  ваъдаашонро то ҳол иҷро накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ВКД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

338
Барчаспҳо:
мард, гумонбар, фиреб, боздошт, қаллоб, Тоҷикистон
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото

Фейсбук сафҳаҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо мудиронашон бастааст

0
Дасти кам даҳ ширкати тоҷикӣ баста шудани сафҳаҳои худ дар Фейсбукро таъйид карданд. Сабаб ин иқдомро Фейсбук шарҳ надодааст

ДУШАНБЕ, 09 мар — Sputnik. Яке аз масъулони ин ширкатҳо, ки нахост номаш фош шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тариқи почтаи электронӣ як мактуберо дарёфт кардаанд, ки дар он гуфта шудааст, шумо аз “мудирияти тиҷорӣ” – ии Фейсбук ҳазф карда шудаед.

“Дар идома омадааст: “Ин бад-он маънӣ аст, ки шумо дигар ба ҳисобҳои рекламавӣ ё сафаҳоте, ки ба унвони корманди ширкат бо онҳо кор кардаед, дастрасӣ надоред. Агар фикр мекунед набояд ҳазф мешудед, бо мудири Мудирияти тиҷорӣ тамос гиред”.

Ин паём ирсол шудааст: Facebook, inc., Таваҷҷуҳ: Пуштибонии ҷомеа, 1 Facebook way, Menlo Рark, CA 94025”, - гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба ҳамин минвол, тоҷирон ва афроди масъули ширкатҳо, ки аз Фейсбук ҳазф шудаанд, ҳам ба сафҳаи ширкат ва ҳам ҳисобҳои худ дар ин шабака дастрасӣ надоранд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ӯ метавонад муҳтавои қаблан гузошташуда аз сӯи ширкат ё худро бубинад, аммо амалан коре дар онҳо карда наметавонад, ҳатто наметавонад “лайк” гузорад.

“Аз рӯи таҳлилҳои мо, ҳамон сафҳаҳое ҳазф шудаанд, ки тариқи имейли худ ё ширкат дар Фейсбук сабти ном шудаанд. Асосан админ ё мудирони сафҳаҳоро ҳазф кардаанд. Онҳое, ки сафҳаҳояшонро тариқи рақамҳои телефонҳои худ сабти ном кардаанд, алъон аз дасти бераҳми Фейсбук дар амонанд. Мо ду рӯз пеш ба “мудирияти тиҷорӣ” – и Фейсбук навиштем, ки сабабҳои ҳазф карданро шарҳ диҳад. То ба ҳол посухе нест”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Моҳи ноябри соли равон Фейсбук як сафҳаи маъруф дар Тоҷикистон – “Ман Хуҷандро дӯст медорам” – ро ба хотири ҷой додани рекламаи маводи тиббӣ дар замони пандемияи “вируси корона” баста буд.

Фейсбук ба мудирони ин гуруҳ ваъда супурда буд, ки як моҳ пас посухи боз кардан ё дигар боз накардани сафҳаашонро хоҳад дод.

Аммо 6 моҳ мегузараду аз санг садо ҳаст, аз Фейсбук на. 3 марти соли равон Кумитаи андози Тоҷикистон хабар дода буд, ки сомонаи иҷтимоии Facebookро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кардааст.

Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард

Аммо дар навбати худ Фейсбук низ саҳафоти ширкатҳои тиҷории Тоҷикистонро андоз мебандад ё хайр, ё онҳоро ҳам мисли сафҳаи “Ман Хуҷандро дӯст медорам” моли таърих хоҳад кард, як суоли боз аст.

0
Барчаспҳо:
сафҳа, Фейсбук, Тоҷикистон