Суқути ҳавопаймо бо футболбозон дар Бразилия: касе зинда намонд

4674
(Таҷдидшуда 14:47 25.01.2021)
Суқути фоҷеабори ҳавопаймо субҳи 24 январ, замоне рух дод, ки футболбозон барои бозӣ бо дастаи дигар парвоз карданд

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Дар Бразилия як ҳавопаймо бо футболбозони клуби "Палмас", ки дар дивизиони чорум бозӣ мекарданд, ба садама дучор шуд, менависад Globo.

Бар хабари манбаъ, суқути ҳавопаймо дар минтақаи шаҳри Порту-Насиунали Бразилия, замоне рух дод, ки тими футболбозони "Палмас" ба мусобиқа бо дастаи "Вила - Нова" - и Гояния парвоз карданд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо пас аз ба ҳаво бархостанд сукут кард.

Маҳалли сукути Airbus A320. Навор аз дохили чархбол гирифта шудааст

Ҳавопаймои сабукрав дарҳол пас аз парвоз дар наздикии хатти парвоз суқут кард.

Манбаъ меафзояд, дар дохили ҳавопаймо шаш сарнишин, аз ҷумла чор футболбоз ва президенти клуби футбол Лукас Мейра қарор доштанд ва нафаре аз онҳо зинда намонд. Синну соли футболбозон аз 23 то 28 солро ташкил медод. 

Тими "Палмас" соли 1997 таъсис ёфт ва футболбозони он дар дивизияи чоруми Бразилия бозӣ мекарданд.

4674
Барчаспҳо:
футболбозон, сукути ҳавопаймо, Бразилия
Мужчина совершает молитву на кладбище

Ду рӯз пеш аз зодрӯз: ҳунарманди шинохта Раҳмондӯсти Қурбониён ҳам даргузашт

468
(Таҷдидшуда 14:39 06.03.2021)
Раҳмондӯсти Қурбониён, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бештар дар филмҳои мазҳакавӣ нақш офарида буд

ДУШАНБЕ, 6 март - Sputnik. Ҳунарманди театр ва синамои тоҷик, Раҳмондӯсти Қурбониён бар асари маризе имрӯз ҷаҳони фониро абадан падруд гуфт. Марги ин ҳунарманди номиро талафоти бузург дар соҳаи синамо ва театр арзёбӣ мекунанд.

Қурбониён 77 сол дошт ва то ҷашни солрӯзаш ҳамагӣ ду рӯзи дигар боқӣ монда буд. Марҳум Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва Ходиси шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ буд ва бисёртар дар филмҳои мазҳакавӣ нақш меофарид. Ӯ бисёртар дар филмҳои мазҳавӣ нақш меофарид.

Дар робита ба даргузашти ин ҳунарманди босалиқа, аҳли Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ба наздикону пайвандони ва ҳамчунин ба мухлисони марҳум изҳори ҳамдардӣ намудаанд.

Дар таъзияномае, ки раёсати мазкур дар сафҳаи Фейбсук нашр намудааст, аз ҳунарманди марҳум ҳамчун, ҳаҷвнигори хушзавқ, инсони хубу дидадаро ёдоварӣ шудааст.

Зимнан, дар сафҳаи иҷтимоии Фейсбук даҳҳо нафар аз даргузашти Қурбониён изҳори таассуф намуда, дар ҳаққи марҳум дуо намудаанд.

Аз ҷумла Аҳрорзода Адабшоҳ Ҷума дар сафҳаи худ чанд аксе аз лаҳзаи филмбардорӣ бо иштироки ҳунарманди марҳум нашр намудааст.

Ҳамчунин, аҳли эҷоди Театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз марги Раҳмондӯсти Қурбониён изҳори таасуф намуда ба пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 март, Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

468
ДТП, архивное фото

Бархӯрди маргбори "Хафей" ва "Опел-Астра" дар шаҳри Кӯлоб

271
(Таҷдидшуда 12:03 06.03.2021)
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз бархӯрди ду худрав хабар медиҳад, ки дар паи он як ронанда ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи нохуш рӯзи 5-уми март, тахминан соати 11 ба вақти маҳҳалӣ, рух додааст.

Ин ниҳод мегӯяд, ронандаи худрави "Хафей", Саидов Азизулло Умарович, сокини 62 - солаи ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи маҳаллаи Нонбойи поёни шаҳри мазкур дар сероҳа ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", бархӯрдааст.

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

Худрави охирон таҳти идораи ронанда, Розиқов Давлатмурод Исроилович, сокини 28 -солаи шаҳри Кӯлоб, ки дар аз самти бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба самти даромадгоҳи ҳамин шаҳр ҳаракат мекард.

"Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи “Хафей” чаппа шуда, ронандаи автомашинаи мазкур Саидов А.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

271
Барчаспҳо:
маргбор, садама, ҳалокат, ронанда, ш. Кӯлоб
Кодири Косим на пресс-конференции Государственного Комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом РТ

Ванҷ обод мешавад: Қодири Қосим бо соҳибкорони ин ноҳия мулоқот кард

0
(Таҷдидшуда 15:46 06.03.2021)
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо соҳибкорони ноҳияи Ванҷ мизи гирд доир намуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади боз ҳам ободтар намудани ноҳияи Ванҷ бо иштироки соҳибкорони муваффақи ноҳияи Ванҷ мизи мудаввар доир гардид.

Дар ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим, соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷ, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо мамлакат фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ
сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳадафи гирд овардани соҳибкоронро, омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дод.

Зикр гардид, ки имрӯз бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди инфрасохтори ноҳия саҳми муносиб доранд. Ҳамзамон дар минтақаҳои дурдасти ноҳия аҳолии маҳаллӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, иншооти варзишӣ, боғчаҳо, марказҳои фароғатӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом ва бунгоҳҳои тиббӣ бо ҳуҷраҳои хатнаи писарбачагон ниёзи бештар доранд.

Дар ҷаласа ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим сухан карда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки бо дарназардошти имконият ва ҷалби бештари соҳибкорони муваффақ ва сокинони саховатпешаи ин минтақа дар татбиқи ҳадафи олии кишвар – баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ тамоми нерӯи мавҷударо сафарбар карда, саҳми муносиб гузоранд.

Раҳмонзода гуфт, ба наздикӣ тӯҳфаи Президент ба Мурғобу Ванҷ ирсол мешавад: чист он?

Барои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оид ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва бунёди 86 иншооти гуногуни таъйиноти иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад.

Дар ин давра 31 иншоот дар соли 2018, 26 иншоот дар соли 2019,  22 иншоот дар соли 2020 мавриди истифода қарордода шуданд. Дар соли равон 6 иншоот ба нақша гирифта шуда, 4-тои он аллакай ба истифода дода шуд. Дар иншооти дигари ҷашнӣ корҳо бо маром идома дошта, то муҳлати муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода мешаванд.

 

0