Наручники, архивное фото

Модару духтар пешхизмати тарабхонаро латукӯб намуда, ҷавоҳироташро канда гирифтанд

2692
(Таҷдидшуда 12:25 28.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир гардидани модар ва духтар хабар медиҳад, ки дар авбошию ғоратгарӣ муттаҳам дониста мешаванд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik.  Дар шаҳри Бохтар модару духтар як пешхизмати тарабхонаро латукӯб намуданд, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҷабрдида 32 сол дошта, дар тарабхонаи "Бандари куҳан" воқеъ дар шаҳри Бохтар ба ҳайси пешхизмат фаъолият мекард.

Боздошти ҷавони 23-сола барои ғоратгарӣ дар варзишгоҳи мактаб

Ба кормандони милитсия низ худи пешхизмат бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудааст.

Ба изҳори ӯ, рӯзи 24 январ, тахминан соати 21:10-дақиқа, зани 52-сола ва духтараш зани 32-солаи сокинони ҳамин шаҳр ба назди тарабхонаи мазкур омада, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуданд.

Гузашта аз ин, модару духтар бо роҳи маҷбурӣ гӯшвору гардабанди тиллоияшро низ канда гирифтанд.

Зиндон ислоҳ накард: зани 27-сола боз барои ғоратгарӣ дастгир шуд

Манбаъ меафзояд, дар натиҷа ба ҷабрдида ба маблағи 11 ҳазору 400-сомонӣ зарар расонидаанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

2692
Барчаспҳо:
боздошт, ғоратгарӣ, Бохтар
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

7
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 28-уми феврал, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа дар роҳи самти Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав дар ҳудуди дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашина, Нормуъминов Камолиддин Ураловичи 34-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар болояш, Мадуллоев Аслами 76- сола, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур нишаста буд, пахш намудааст.

Дар натиҷа, Мадуллоев А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки

Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак зери чархи 

“Лексус-450”-и Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралии 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳалок шуд.

7
Барчаспҳо:
мошин, ҳалокат, пирамард, садама, Тоҷикистон
Бывший президент Франции Николя Саркози

Николя Саркозӣ ба се соли ҳабс маҳкум шуд

205
(Таҷдидшуда 19:38 01.03.2021)
Додгоҳи Порис Николя Саркозиро дар фасод гунаҳкор донист ва кишвардори собиқро ба мӯҳлати се сол маҳкум ба зиндон намуд

ДУШАНБЕ, 1 март - Sputnik. Додгоҳи Порис президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро дар фасод ва тиҷорати нуфуз гунаҳгор донист ва ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард, ки ду соли он шартан аст.

Худи президенти собиқ ҳамаи иттиҳомотро комилан рад кард ва дар мурофиа ҳам ҳузур надошт. 

Додситонӣ инчунин изҳор дошт, ки Николя Саркозӣ кӯшиш кардааст, ки ба корманди суди кассатсионӣ Гилберт Азиберт ришва диҳад ва аз ӯ дар бораи тафтишоти маблағгузории ғайриқонунии маъракаи президентӣ аз ҷониби духтари бунёдгузори L'Oreal Лилиан Беттанкурт маълумот гирад.

Тахмин зада мешуд, ки тавассути вакили шахсии худ Саркозӣ ваъда додааст, ки ба кормандони суд дар гирифтани мақоми бонуфуз дар Монако кӯмак хоҳад кард.

Ҳамчун, сабтҳоии гуфтугуи телефонии боздоштшудаҳо пешниҳод гардид, ки дар он иштирокчиёни сӯҳбатҳо ҳеҷ гоҳ якдигарро бо номи воқеии худ намегирифтанд ва худи собиқ сарвари кишвар тахаллуси Пол Бисмутро истифода мебурд.

Ташхис муайян кард, ки дар сабтҳои телефонӣ худи Саркозӣ суҳбат кардааст.

Ҳимоятгар изҳор дошт, ки прокуратура барои баровардани хулоса ҳеҷ асосе надорад. Адвокат Жаклин Лаффонт тавзеҳ додааст, ки "ин танҳо як сӯҳбати дӯстона буд".

Додгоҳ Гулнора Каримоваро барои 13 солу 4 моҳ равонаи зиндон кард

Аммо Саркозӣ бар ин назар аст, ки ҳамаи парвандаҳо як навъ интиқом гирифтани додрасҳо аз ӯст, ки замони раисҷумҳур будан ваколатҳои онҳоро маҳдуд мекард.

Зимнан, прокуратураи молиявӣ хоҳиш кард, ки ба ӯ 4 соли зиндон, аз ҷумла ду сол шартӣ дода шавад.

Ба ҳамин минвол, Саркозӣ аввалин президенти собиқи Фаронса мебошад, ки ҳукми воқеии зиндонро гирифт.

Ҳанӯз соли 2011, раҳбари пешини Фаронса Жак Ширак барои ташкили ҷойҳои бардурӯғи кори дар шаҳрдории Порис ба 2 соли ҳабси шартӣ маҳкум шуд.

205
Барчаспҳо:
Николя Саркози, Фаронса